Гиёҳи қотили саратон

85

b728495f0720add2ecaf0dbba33c1b8e_L

Донишмандон кашф кардаанд, ки як гиёҳи бисёр шинохташуда, аммо бо номи воқеъан аҷибу ғариб қотили саратон мебошад.

Ба гузориши Фарҳангниюс донишмандон бо анҷоми озмоишҳо ва мутолиоте бар руйи мушҳо дарёфтанд шеваи дармонии навин бо гиёҳон метавонад дар зарфи камтар аз 40 рӯз саратонро дар мушҳо аз байн бибарад.

Донишмандони масъули ин озмоиш дар ҳоли ҳозир  ба умеди ба даст овардани пул барои анҷоми таҳқиқот дар мардум ҳастанд.

Гиёҳе ба исми Токи Худои раъду барқ ё Лигунг танг, ки дар тибби чинӣ корбурдҳои зиёде дорад илова бар дармони артрити ревматоид метавонад саратонро низ нобуд кунад.

Бар асоси охирин таҳқиқот аз донишгоҳи маркази саратони вобаста ба Масонҳои Миннесота бо истифода аз ин гиёҳ пас аз 40 рӯз дар бадан ҳеҷ нишонае аз саратон вуҷуд надорад. Таҳқиқ ва пажуҳиш дар маҷалаи тарҷумаи улуми пизишкӣ низ ба чоп расидааст.

Донишмандон муътақиданд, ки ин гиёҳ бисёр муъассир аст, зеро ҳовии меқдори зиёде triptolide , ки дар мутолиоти қаблӣ ба унвони як унсури ҷангандаи бузург дар баробари саратоншиносоӣ шинохта шудааст.

Донишмандон мегуянд, ки дармони саратон комилан дар гиёҳон мавҷуд аст ва занҷабил низ аз дигар гиёҳоне аст, ки метавоанд ба таври комил саратонро аз байн бибарад.

Манбаъ: Хуросон

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.