Ризояти ҷинсӣ

162

Зану шавҳар метавонанд аз як иртиботи солим, ҷаззоб ва хуби ҷинсӣ дар тули зиндагии муштараки худ баҳра бибаранд. Ризояти ҷинсӣ амре аст, ки дар тули замон бо ҳушёрии бисёр зиёдӣ қобили даст ёфтан мебошад. Ин амр ниёзманди тааҳҳуд, сарсупурдагӣ, талош ва ҳамкории ҳар ду тараф мебошад.

Зану шавҳар бояд аввалин аввалияти худро дар бароварда кардани хостҳои дигари қарор диҳанд. Рушди робитаи ҷинсӣ дар зиндагии заношуӣ чизе ҷуз ошкор кардани худи воқеии афрод намебошад.

Камбуди самимият ва муҳаббат зер банои мушкилоти ҷинсӣ аст. Зану шавҳар бояд тавоноии баёни эҳсосот ва хостаҳои худро нисбат ба як дигар дошта бошанд. Бояд ба ҳам бигуянд, ки аз анҷоми чи коре лаззат мебаранд ва чи чиз сабаби ранҷиши онҳо аст. Зану шавҳарҳое, ки аз баёни эҳсосоти худ оҷиз ҳастанд наметавонанд дар робитаи ишқи худ пешрафт кунанд ва иртиботи онҳо дар марзҳои шаҳвонӣ, боқи мемонад ва фаротар аз он нахоҳад рафт. Онҳо мумкин аст, ки барои солиёни дароз дар ҳамон ҳудуди аввалия боқӣ монда ва иртиботи ҷинсии худро ҳамеша бо тарси напазируфта шудан, идома диҳанд.

Дар гуфтугуҳои боз ва ошиқона ҳар як аз афрод метавонад ба роҳатӣ хостаҳо ва ниёзҳои худро дар роҳи расидан ба ирзои ҷинсӣ бе парда баён кунад. Ин кор ба робитаи шумо, энержӣ ва неруи тоза мебахшаду руҳияи дар шумо эҷод мекунад, ки ҳар рӯз пеш аз гузашта тарафи худро бихоҳед. Бино барин талош кунед роҳҳои мутафовити рози кардани ҳамсари худро дар ин навъ иртиботот пайдо кунед.

Зану шавҳарҳое, ки дар ин замина муваффақ ҳастанд, агар чандин фарзанд ҳам дошта бошанд боз ҳам метавонанд ба роҳатӣ вақти хоссеро барои ин амр ихтисос диҳанд, ҳатто агар фарзандони онҳо бисёр хурду кучак буда ва ниёз ба ҳимояту муроқибати бештари дошта бошанд.

Зану шавҳарҳое, ки аз доштани робитаи ҷинсӣ(секс) бо як дигар лаззат мебаранд то ҳаштод, навад солагӣ низ аз ҳам хаста намешаванд. Онҳо тағйироте, ки дар андомҳои ҷинсиашон ба сабаби боло рафтани сину сол эҷод мешавадро ба роҳатӣ мепазиранд. Мардҳое, ки синнашон боло меравад шояд дар расидан ба наъуз ва нигоҳ доштани онҳо бо мушкил мувоҷеҳ шавад ва хонумҳо низ дучори хушкии муҳбал мешаванд. Зану шавҳарҳои болиғу оқил, ки аз назари эҳсосӣ ба ҳам наздик буда ва ҳамдил мебошанд ба роҳатӣ метавонанд тағйир дар ниёзҳои як дигарро дарк кунанд. Онҳо ҳамдигарро дар оғуш мегиранду авотифашонро бо як дигар дар миён мегузоранд ва барои ҳам ба манзилаи қуввати қалб ҳастанд. Ниёзҳо ва хостҳои ин даста аз афрод барои тарафи муқобил комилан равшан аст.

Ин роҳҳо, равишҳои исбот шудае барои боз гардондани алоқа ва эҳсос ба зиндагии муштараки шумо мебошад:

Авлавият бандӣ: бар қарории иртиботи ҷинсиро аввалин авлавияти худ қарор даҳид ва ҳеч гоҳ онро ба “баъдан” мавкул накунед. Иҷоза надиҳед ҳузури баччаҳо ва ё масалаҳои корӣ монеи анҷом додани ин амр шавад.

Замон: барои муошиқа замон бигзоред ё ба иборати дигар барои ин кор, замон ба вуҷуд оваред. Бар рӯи алоиқи худ тамаркуз кунед ва вақти муносиберо сарфи боз созии эътимод ва алоқаи тарафи муқобил нисбат ба худатон кунед.

Ишқ: эҷоди фазои румонтик, бус ва ишвагарӣ аз мавориде ҳастанд, ки кайфияти робитаи ҷинсиро боло мебаранд.

Бозӣ: ҳаяҷон дошта бошед, боҳам шухи кунед ва роҳҳои ҷадидро дар робитаи ҷинсӣ(секс) кашф кунед.

Суҳбат: эҳсосот ва хостҳои худро бо якдигар дар миён бигзоред, дар муқобили гуфтаҳои ӯ аз худ вокуниш нишон дода ва ду бора аз нав худро неруманд созед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.