Сабаби нопойдории издивоҷ

143

 

Аз ҷумла сабабҳое, ки саломатии хонаводаро таҳдид мекунанд иборатанд аз:

 Набуди шинохти дуруст ва ноогоҳӣ ба усули зандагии муштарак:

“Тавоноӣ” дар “доноӣ” аст. Барои издивоҷ ва зиндагии муштараки муваффақ, касби доноиҳо лозим аст ва монанди ҳар амри дигаре бояд маҳоратҳои марбут ба онро касб кард ва дар фароянди зиндагии муштарак ба кор бурд. Дар бархе аз хонаводаҳо ба сабаби набуди шинохти дурусти зану шавҳар нисбат ба як дигар , надоштани огоҳӣ нисбат ба ҳадафҳо ва ангезаҳои издивоҷ, бе инсофиҳо, пеш довариҳо, фиребкориҳо, набуди эҳсоси масъулият ва бе таваҷҷуҳӣ ба усули ахлоқӣ, бунёди хонавода мутазалзил мешавад. Муҳимтарин омиле, ки сабаби осеб пазирии хонавода мешавад, набуди шинохт ва инҳироф аз ҳадафҳои издивоҷ аст. Зану шавҳаре, ки ҳадафҳои издивоҷ ва ташкили хонаводаро нашнохтаанд ва ё фаромуш кардаанд, дар кадом масиру роҳ ҳаракат мекунанд? Кадом равиш ва василаро барои найл ба кадом ҳадаф интихоб мекунанд? Ҳангоме, ки дар бораи хонавода суҳбат мешавад, маъмулал занҳо ва шавҳарҳо ба гунае бар хурд мекунанд, ки гуё ҳама чизро дар бораи хонавода медонанд. Ҳар кас ба худ иҷозат медиҳад, ки дар бораи хонавода изҳори назар кунад ва чун ҳар кас дар хонаводае рушд карда, тасаввур мекунад дониш ва огоҳии лозимро дорад. Дар ҳоле, ки ин тавр нест ва барои анҷоми ҳар корӣ ва анҷом додани ҳар нақше ба омӯзиш, коромӯзӣ ва маҳоратомӯзӣ ниёз аст. Барои анҷом додани нақши як ҳамсари муваффақ ва тавоно бояд маҳоратҳо ва огоҳиҳои лозимро касб кард. Аз ин рӯ тавсия мешавад бо ширкат дар ҷаласаҳои омӯзишӣ ва мутолиаи китобҳои марбут ба таълиму тарбият, равон шиносӣ ва ҷомеа шиносии хонавода, оини ҳамсардорӣ ва монанди он, ба дониш ва маҳорати худ биафзоид ва аз ин тариқ таодул ва саломати хонаводаро ҳифз кунед.

  1. Суст шудани боварҳои динӣ:

Шояд муҳимтарин сабабе, ки бунёди хонаводаро таҳдид мекунад, суст шудани боварҳои динӣ ва усули ахлоқӣ ва фиқдони маънавият бошад. Ҳар гоҳ зану шавҳар дар робитаҳои худ, Худоро фаромуш кунанду дар ҳузур ва ғиёби як дигар ба гунае бар хурд кунанд, ки Худо ғоиб аст бо дасти худ хонаводаро ба сӯи тазалзулу нобуди ҷиҳат додааст. Яке аз расмҳои писандида ҳангоми дидани домод аз арус ҳангоми ақд ё дар зери чодар, гузоштани Қуръони карим дар дастони арус аст. Ба назар мерасад ин расм ба маънеи он аст, ки зану шавҳар ба Қуръон иътиқод доранд ва ончеро, ки Қуръони карим гуфта амал мекунанду Қуръонро дар зиндагӣ ва пайванди муштараки худ ҳокиму довар қарор медиҳанд ва Худовандро ҳозиру нозир ба аъмол, рафтору гуфторашон медонанд. Ҳол чунон чи ин вазъият тағйир кунад ва ин иътиқоду боварҳо суст шавад ва ин аз байн биравад, саломату таодули хонавода ба хатар меафтад. Замоне, ки арзишҳо, нигаришҳо ва боварҳо ҳоким бар робитаҳои зану шавҳар бар асоси лаззатталабӣ, маслиҳат гароӣ, моддагароӣ ва судталабӣ устувор бошад, бе шак робитаҳои инсонӣ аз маънавият кам мешаванд. Ин навъ робитаҳо бисёр сусту шикананда хоҳад буд ва ба маҳзи бурузи мавқеияти хос монанди бе пулӣ, тангдастӣ, беморӣ, куҳулат ва афзоиши син ва монанди он аз дарун муталоши мегардад ва бо ҳар баҳонае аз ҳам фосила мегиранд.

  1. Надоштани садоқату росгуӣ ва фиребкорӣ:

Асли робитаҳои солим миёни зану шавҳар садоқату ростгуӣ аст. Садоқату ростгуӣ иътимодро бунёд мениҳад. Зан ё шавҳаре, ки бо ҳамсари худ содиқ нест ва бо додани ваъдаҳо зиндагӣ кунад, бо рафтори худ конуни хонаводаи гарму самимии хонаводаро дучори тазалзул мекунад. Зану шавҳаре, ки аз воқеиятҳо дур ҳастанд ва дар олами ваҳмҳо ва тахайюлот зиндагӣ мекунанд, оё метавон гуфт, ки зиндагии заношуии муваффақе хоҳанд дошт? Гоҳе вақтҳо пинҳон кардани ҳақоиқ(махфи корӣ) ва фиреб додан(фирем корӣ) сабаб мешавад аркони хонавода мутазалзил шаваду робитаҳои зану шавҳар осеб бубинанд.

Барои мисол шавҳар ё зан, омаду шуд, муошират, даромаду ҳазинаи худ ва монанди онро аз як дигар пинҳон мекунанд. Ғофил аз он, ки рӯзе ин ҳақоиқ ошкор ва сабаби бадбинии равобити онон хоҳад шуд. Ин гуна рафторҳо ба сурати авомили наҳуфта дар зиндагии муштарак боқӣ мемонанд. Чунон чи зану шавҳар ба он таваҷҷуҳ накунанд, заминаҳои аз ҳам ҷудо шудани бунёди хонаводаро фароҳам мекунанд.

  1. Таваҷҷуҳ накардан ба ниёзҳои ҳамсар:

Завҷҳои муваффақ касоне ҳастанд, ки дар садади ирзои ниёзҳои ҳамсари худ мебошанд. Бино барин ҳар зан ё шавҳараш вазифа дорад ниёзҳои ҷисмӣ ва рӯҳии ҳамсарашро бишносад ва дар садади ирзои онҳо барояд. Ирзои ниёзҳо ба тариқи дурусту матлуб ба рушди ҳама ҷониба ва эҷоди амнияти равонии завҷайн поён меёбад ва дар натиҷа саломати хонаваода таъмин мегардад. Барои мисол ҳар инсоне ниёз ба “амният”, “таваҷҷуҳ ва эҳтиром” дорад. Бино барин ҳар гоҳ ин гуна ниёзҳо аз тарафи ҳамсар таъмин нашавад, фард эҳсоси но амнии равонӣ мекунад ва беҳдошти равонии хонаваода мухтал мешавад.

Бадеҳи аст таваҷҷуҳ ба ниёзҳои ҳамсар, фақат ба ниёзҳои заношуӣ тамом намешавад. Эҳтиром ва пазириш, нигоҳи меҳрабон ба якдигар, дар канори ҳам ҳузур доштан, дар фаолиятҳои муштарак ширкат кардан ва монанди он нишонаи таваҷҷуҳ ба ниёзҳои ҳамсар аст.

  1. Ибҳом ва ифрот дар интизорҳо:

Ба таври маъмул мушаххас кардани интизорҳо дар робитаҳо, сабаби маълум шудани вазифаҳо ва ҳудуди робитаҳои афрод мешавад. Дар хонаводаҳое, ки интизорҳои мутақобили зану шавҳар мушаххас нашудааст, робитаҳои осеб пазир аст ва зану шавҳар дақиқан намедонанд нисбат ба як дигар чи вазоифе ба уҳда доранд. Барои мисол вақте, ки дохили хона мешавед интизор доред ба шумо эҳтиром бигзоранд? Дар сурате, ки посухи шумо мусбат аст, оё шумо ҳам вазифаи худатон медонед, ки ба ҳамсаратон эҳтиром бигзоред? Ба ҳамин тартиб оё интизор доред ҳамсаратон шуморо дӯст дошта бошад? Дар сурате, ки посухи шумо мусбат аст, оё шумоҳам ҳамсаратонро ба қадри худатон дӯст доред?

Дар ҳар сурат тафовут ва таоруз дар интизорот сабаб мешавад фазои номусоид ва кинатузона ба вуҷуд ояд. Гоҳе вақтҳо доштани таваққуоти беш аз ҳад аз ҳамсар, мисли ин ки интизор дошта бошем ӯ ҳамчун фаришта бошад, ё маълумоти бисёре дошта бошад, ё дар назму тартиб саромаду улгуи дигарон ба ҳисоб ояд, саломати хонаводаро дар маърази таҳдид қарор медиҳад.

Умед аст, ки бо риояти ин чанд нукта битавонем зиндагии беҳтареро барои худ ва хонаводаи худ эҷод кунем.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.