Thursday 21st September 2017
  • #
  • #
  • #
  • #

Ахлоқи ҳамида, асоси равобити иҷтимоии Расули Худо(c)

10013219123701801939722317946152203492947

Ҷомеаи солими инсонӣ, ҳамеша ба дунболи он будааст, ки дар робита бо дигарон ва дигарон дар робита бо ӯ, навъе аз рафтору гуфтореро ба кор гиранд, ки маънои эҳтиром ва иззати нафсро ба ҳамроҳ дошта бошад. Ба ин маъно, ки касе намехоҳад дигарон нисбати ӯ бе ҳурматӣ ва тавҳинеро раво доранд ва агар худаш ҳам дорои иззату шарафи инсонӣ бошад, он чиро дар ҳаққи худ намехоҳад, барои дигарон ҳам намеписандад.

Расули Аъзам(с): қасам ба он худое, ки ҷонам дар дасти Ӯст, имони банда комил намешавад, магар ин ки дӯст бидорад барои ҳамсояи худ ончиро, ки барои худ дӯст медорад

Ин ҳамон масъалаи асосие аст, ки Худои мутаол аз халқи Одам ва додани лақаби халифаи Худ ба ӯ, то ба замонb нузули Қуръон ба Расули хотам(с) ва комил гаштани дини илоҳӣ, бандагонашро бо ҳазорон ояту калом ба он таваҷҷуҳ додааст. Ин амру дастуроти илоҳӣ дар дини мубини Ислом, ба номи “ахлоқ” матраҳ гаштааст.

АХЛОҚ ЯКЕ АЗ МАОРИФ ВА ПОЯҲОИ СЕГОНАИ ИСЛОМ:

Дини Ислом ташкилёфта аз се баҳси “ақида, аҳқом, ахлоқ” мебошад.

АҚИДА; дар бораи боварҳои инсон бо меҳварияти баҳси тавҳид, сухан меравад. Ақидаи инсонҳо дар асари куниш ва вокунишҳои ақлонии инсон ва дарёфти ваҳйи илоҳӣ, ба воситаи анбиёи Худо эҷод мегардад. Аммо, агар инсон ба расули дарунии худ, яъне ақл руҷӯъ накунад, сухану гуфтори ваҳйро наметавонад дарк намояд; ва бо ҳаво ва ҳаваси нафсонӣ ва дунёхоҳӣ, наметавонад ваҳйро қабул кунад, дар натиҷа ба гумроҳӣ меравад.

Кам набуданд касоне ки дар баробари ваҳй, бо ҳаво ва ҳаваси нафсонии худ қиём карданд ва Худо дар бораи онҳо фармуд: «Шикаста бод ду дасти Абилаҳаб» с. Масад/1; ва ҳамчунин фармуд: Ва [эй Паёмбар!] Худо туро аз нос[-е ки қасди зарба задан ба туро доранд] ҳифз хоҳад кард. с. Моида/67.

Инсон дар ин марҳила, бо иқрори забонӣ ва қалбӣ, ба ин ки “нест худое магар аллоҳ, Муҳаммад паёмбари Ӯст” имон ва ақидаи худро исломӣ мегардонад.

Расули Худо мефармуд: «Бигӯед: нест илоҳе магар Аллоҳ, наҷот ёбед.

АҲКОМ; дар ин марҳила, Паёмбари Аъзам(с) баъд аз даъвати мардум ба тавҳид ва ягона донистани Аллоҳ, роҳҳои ибодат ва шукргeзории Холиқи якторо меомӯзонад.

Ибодат ба ҳукми ақл [зарурати шукри Мунъим] ва ҳукми шаръ [итоати Раб] як амри лозим дар зиндагии башарият мебошад. Ҳар инсоне ки дар ин ҳастӣ зиндагӣ мекунад ва ба вуҷуди холиқаш огоҳ мегардад, барои нишон додани имон ва ақидаи худ ба холиқаш, бояд ба амалҳое ки аз тарафи Ӯ омадаанд, пойбанд бошад.

Бар ҳамин асос, аҳкоми шаръӣ аз асосҳои дину диндорӣ ва мусалмонӣ аст, ки ҳаркас бояд бар асоси тавонаш онҳоро талаб ва амал намояд.

АХЛОҚ; инсонҳо дар иртибот ва рафту омадҳои иҷтимоӣ, ба он навъ аз робитае, ки эҳтироми ду тарафро асл бидонад ва ҷанбаи маънавӣ дошта бошад, баҳои беҳтар медиҳанд. Инсонҳое, ки дар ҷомеа нисбати дигарон бо чашми ҳамнавъ нигоҳ мекунанд ва бидуни дар назаргирифтани кору касб, рангу пуст ва ҷоҳу мақоми онҳо, фақат ҳамчун инсон ҳаққу ҳуқуқи онҳоро эҳтиром мегузоранд, ҳамеша мавриди эҳтироми дигарон хоҳанд буд.

Расули Худо(с) мефармоянд: «Ман мабъус гаштам, то макорими ахлоқиро [дар миёни инсонҳо] комил гардонад.

Аллоҳ Таоло дар таъйид ва муаррифии Паёмбараш ба унвони дорандаи беҳтарин ахлоқ, мефармояд: «Ҳақиқатан, барои шумо дар [вуҷуди] Паёмбар(с) “усваи ҳасана” [беҳтарин ахлоқ] ва рафтор вуҷуд дорад; барои онҳое ки ба раҳмати Худо ва рузӣ қиёмат умед доранд ва Худоро зиёд ёд мекунанд. с. Аҳзоб/21

Дар ҳақиқат Паёмбари Ислом(с) ҳамонтавре ки комил кунандаи дин дар ду бахши аввалӣ буд ва ақида ва имонро бо аҳқом ва шариати комил барои бандагони Худо таълим дод, дар баҳси рафторҳои иҷтимоӣ ва робитаҳои байни якдигар, чорчубаеро ба номи “ахлоқи ҳамида” матраҳ ва таълим намудаанд; чорчубаи зиндагие ки баъд аз он ҳазрат, саҳобагони гиромии ӯ, бо гуфтор ва амали худ, барои ояндагон ба армағон гузоштаанд.

АХЛОҚИ ҲАМИДА, АСОСИ ҲУКУМАТИ НАБАВӢ:

Расули Худо(с), ки аз тарафи Холиқи ҳастӣ барои ҳидоят ва идораи ҷомеа мабъус гашт, бо нозил гаштани ваҳй, имону ақидаро барои фалоҳ ва наҷоти инсонҳо, ба онҳо омӯхт ва дар буъди иҷтимоӣ ва зиндагии моддӣ, онҳоро бо аҳкому шариат огоҳ намуд ва дар робита бо танзими ин иҷтимоъ, ахлоқро пояи асосӣ қарор дод.

Он ҳазрат дар замони ҳузураш дар миёни инсонҳо, идораи ҷомеаро ба дасти худ гирифт ва онро ҳамчун вазифаи илоҳӣ ба беҳтарин навъ иҷроӣ намуд.

Расули Худо(с) бо истифода аз оятҳои илоҳӣ ва дарки башарӣ, навъе аз таомул ва рафторро байни мардум ривоҷ медоданд, ки сабаби кам шудани истикок ва даргириҳои иҷтимоӣ мешуд ва ҳатто ба сабаби риояти фармонҳои илоҳӣ, гоҳ дар қазоватҳои ҳуқуқӣ навбат ба иҷрои аҳкоми шариат ҳам намерасид. Ин масъаларо дар китобҳои динӣ, бо унвонҳое ҳамчун “ахлоқӣ ҳамида дар иҷтимоъ, равобити ҳасана, ҳусни зан, исор, гузашт ва ғайра” метавон дид.

Дар инҷо чанд маврид аз муаллифаҳоеро, ки дар давлати набавӣ, ба онҳо баҳои хоссе дода мешуд ва заминаи такомул ва пешрафти иҷтимоӣ ва инсониро ба беҳтарин равиш омода мекард, баён хоҳем намуд. Бошад, ки бо пайравӣ аз Расули Раҳмат(с) ва равиши зиндагии он ҳазрат ва асҳобу ёронаш, битавонем барои хонавода ва ҷомеаи худ, зиндагии солим ва амну пешрафтаеро эҷод намоем.

НЕКУКОРӢ ВА ХАЙРАНДЕШӢ;

Қуръони Карим рафтори маъкул ва машруъро “амали солиҳ” номгузорӣ намудааст ва мефармояд: «Ва башорат деҳ муъминонеро ки кори некӯ [амали солиҳ] анҷом медиҳанд, ба ин ки барои онҳо аҷри бузурге [назди Худо] аст. С. Исро/9

Ва дар ҷои дигар мефармояд: «Пас, ҳар касе ки ба дидори Аллоҳ умед дорад, бояд кори шоиста [солиҳ] анҷом диҳад. с. Каҳф/110

Ва боз дар ҷои дигар расидан ва касби мақоми ҳақиқии некӯкориро ба ин шарт медонад, ки он кори нек аз миёни он чизҳое бошад, ки беҳтарин ва дӯстдоштатарини молҳост; мефармояд: «Ҳаргиз ба [ҷойгоҳ ва ҳақиқати] некукорӣ намерасед, магар ин ки аз он чи дӯст медоред инфоқ [хайр] кунед. с. Оли Имрон/92.

Аммо дар баробари ин гуна аз рафтор ва кирдорҳои иҷтимоӣ, рафтору кирдори баъд ва нописанд ва фосид қарор дорад, ки Худо бандагонро аз он манъ мекунад ва касонеро ки ба ғайри корҳои солиҳ машғул мегарданд, бо номи “исрофкунанда, зиёнкор, муфсид, дурӯғгӯ, мутакаббир ва ситамгар” муаррифӣ мекунад.

Ин инсонҳо, ки дар он замон соҳибони сарвату макиннат ва давлат буданд, аз назари шариати муҳаммадӣ(с) ҳам дунё ва ҳам охирати худро бохта ва саодатро аз худ рондаанд. Онҳо аз хосирин [=зиён дидагон] ҳастанд; лаънати Худо дар дунё ва оихрат бар онҳо.

ХОНАВОДА;

Яке дигар аз муаллифаҳое, ки дар давлати набавӣ ба он таваҷҷуҳи хосса дода шудааст, конуни хонавода ба унвони иҷтимоъ ва ҷамъияти хурд мебошад. Агар як инсон дар даруну беруни худ, оромиши руҳӣ ва ҷисмӣ дошта бошад, онро ба хонаводаи худ ҳам интиқол медиҳад ва агар битавонад хонаводаи орому амн ва ахлоқиеро идора намояд, дар ҳамсоя, ҳамшаҳрӣ, ҳамватан ва ҳатто дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсиргузор хоҳад буд. Аммо агар шахсе ин сифатҳоро надошта бошад, мумкин аст хонавода, ҳамсоя, ҳамкор ва ҳатто ҷомеаи атрофашро фосид гардонад.

Паёбари Ислом дар замоне мабъус мегарданд, ки ҷомеа аз назари ахлоқӣ дар торикӣ ва аз назари равобити хонаводагӣ ва иҷтимоӣ дар пойинтарин сатҳи инсонӣ қарор дорад. Куштани духтарон, зино, шаробхурӣ, робитаҳои ғайри ахлоқӣ, сарватталабӣ, душманӣ ва ҳар навъи дигар аз бадиҳои инсонӣ, дар он пайдо шудааст ва бештари хонаҳоро пур кардааст. Занон барои эълони фоҳишагарии худ байрақ мезаданд ва мардон барои шинохтани фарзандашон ба чеҳрашиносон руҷӯъ мекарданд. Молу номуси дигаронро эҳтиром намекарданд, чунон ки баъзе аз онҳо маҷбур буданд ба назди Муҳммади Амин бираванд, то молу амволашонро, то бозгашт аз сафар дар амонаш дошта бошад.

Дар ин чунин ҷомеае, Расули Худо(с) бо оёти ваҳй ва амали худ, дар замони кутоҳ давлаташро поягузори намуд; яке аз натиҷаҳояш ёрону саҳобагони гиромие буданд, ки ҳар кадом барои ҳидояти як қавму қабила ва як шаҳру кишваре кифоят мекард. Дар замони кутоҳ аз сарзаминҳои Шом гирифта, то ба марзи Чин дар ихтиёри онҳо қарор гирифт ва ҳарзамону маконе, ки ин асосҳо риоят мешуд, равобити иҷтимоӣ ва идораи он, дар беҳтарин ҳолат, бо саломату амният идома дошт ва ҳарҷо фаромуш шуд, ҷомеа ба торикӣ ва фасоди иҷтимоӣ фурӯ мерафт.

Яке аз нишонаҳои ғайри ахлоқӣ ва ғайри инсонии ҷомеаи ҷоҳилият ин буд, ки гурӯҳи занон ва духтаронро байни ҳамдигар мефурухтанд ва аз онҳо ба унвони мол ва сарват истифода мебурданд. Албатта дар як давра аз зиндагии ҷоҳилӣ, гурӯҳе ба ҳамин сабаб, ки духтар мояи нанг аст, фарзандони духтарро зинда ба гур мекарданд.

Худованд мефармояд: «Ва замоне ки аз духтарони зинда багур шуда пурсида мешавад, ба чӣ гуноҳ кушта шуданд! Таквир/8-9

Расули Раҳмат(с) ин амали онҳоро накӯҳиш мекарданд ва фарзанди духтарро аз неъматҳои илоҳӣ медонистанд.

Худи он ҳазрат аз ҳамсари аввалашон фақат духтар дошт ва ба сабаби он ки писар надорад, аз тарафи кофирон таҳқир мешуд.

Худо дар ҷавоби онҳо фармуд: «[Эй Муҳаммад огоҳ бош!] Мо ба ту Кавсарро ато намудем, пас барои Худо намоз бигзор ва қурбонӣ кун, ҳақиқат ин аст, ки душманони ту абтар [думбурида – бе наслу насаб] ҳастанд. [Кавсар/1-3

Чунон ки дидем, ҳаминтавр шуд ва насли душманонаш нобуд ва ношинос гаштанд ва наслу дини расули Худо пурсамар ва побарҷо, ривоҷ ёфт.

Худои мутаол мефармояд: «Ва ӯ миёни дилҳои шумо улфат ва дустӣ иҷод намуд ва ба баракати неъмати ӯ бародар шудед. с. Оли Имрон.103

Ва дар ҷои дигар бо ишора ба аҳамияти хонавода ва лозим будани риояти ахлоқу рафтори ҳамида дар пешгоҳи падару модар ва дигар аъзои хонавода мефармояд: «Пас, ба онҳо [падару модар] уф нагӯ [камтарин беҳурматиро раво надор] с. Исро/23

Ҳамчунин мефармояд: «Ончи инфоқ ва хайр мекунед, пас, он хайр барои падару модар ва хешовандон бошад. с.Бақара.215

Ҳамин дин, ки ҷойгоҳи занро ба болотарин мақомаш расонд ва ҳаққу ҳуқуқи занро бисёр бо аҳамият медонад, занро конуни асосӣ ва маншаи иҷтимоъ муаррифӣ мекунад ва ӯро ба унвони нимаи дуюми имон ва ҳастии мард матраҳ менамояд.

Худои Мутаол мефармояд: «… онҳо барои шумо [мардон] либос ҳастанд ва шумо барои онҳо либос ҳастед. с.Бақара.187

Дар ояти дигар мефармояд: «Он гурӯҳ аз занонеро ки [аз амал ба шариат] саркашӣ мекунанд, панд ва насиҳат кунед ва агар таъсир надошт, бо онҳо хоб накунед ва агар нашуд, онҳоро танбиҳ кунед ва агар пайравӣ карданд [дигар] дунболи танбиҳ набошед; с.Нисо/34-35

Бар ин асос, низоми хонаводае ки давлату шариати набавӣ меписандад ва онро барои сохтани иҷтимои солим лозим медонад, асосаш бар рафтору кирдор ва гуфтори ахлоқӣ поягузори шудааст. Хонаводае ки саҳобагон аз Паёмбари Аъзам(с) омухта ва ба мо интиқол додаанд, ҷойгоҳи “худопарастӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, хайру саховат ва некукорӣ” аст.

Ҷомеае, ки аз ин хонаводаҳо ташкил ёфтааст ҳамин нишонаҳоро хоҳад дошт ва дар роҳи сайр ба сӯи саодат, ҳамдигарро ҳамчун ёру ёвар ва бародару ҳамсафар нигоҳ мекунанд, на бар асоси рангу пуст, ҷоҳу мақом ва ё ҳатто зану мард.

Худои Мутаол мефармояд: «Эй инсонҳо! Мо шуморо аз марду зан халқ кардем ва дар гурӯҳ ва қабилаҳои мухталиф қарор додем, барои ин ки ҳамдигарро бишносед, ба дурустӣ гиромитарини шумо назди Худо, бо тақвотарини шумост. с.Ҳуҷурот/13

Шайх Муслиҳиддин Саъдӣ Шерозӣ мефармояд:

Бани одам аъзои як пайкаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ту, к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.

Поянда ва сарфароз бошед

Сайидбурҳон Акбар

Share



Назари худро бинависед