Таъсироти сираи Расули Аъзам(с) дар зиндагии башарият

108

Расули Аллоҳ(с) усваи ҳасан ва бартарин махлуқи холиқи ҳастӣ ва ҳадафи хилқати кавну макон аст.

Ӯ буд, ки аз Одам(а), то Иброҳими Халил ва Мусои Калим ва Исои Масиҳ(а), башораташро доданд ва аз мақому манзилат ва ҷойгоҳи пайравони сиддиқаш барои пайравони худ сухан мекарданд.

Орзӯе, ки ҳатто гуруҳе аз хешовандон, ҳамзамонон ва ҳамроҳонаш на танҳо даркаш накарданд, балки қадри доштани онро надонистанд ва бар Ӯ шуриданду ҷангиданд, ки дар раъси онҳо таҷассуми зулму фасод, кинаварзию инод, Абулаҳабу Абуҷаҳл падидор шуд.

Яке намоди худбинию худхоҳӣ, ҷамуди ақлию фикрӣ, таассуби фардию қавмӣ ва мансабӣ ва яке ҳам сарватпарастию рифоҳу ҳокимиятгароӣ ва дигараш… .

То таърих давом дораду имону Ислом вуҷуд дорад, куфру иноду тазвиру такзибҳо ҳам хоҳад буд. То рӯзе, ки ба амри илоҳӣ, ҳама дар маҳзари нурониаш аз файзи неъмати бекаронаш баҳраманд гардем ва мисдоқи ва нуриду аннамунна алаллазинастузъифу фил арзи ва наҷъалаҳум аимматан ва наҷъалаҳум ворисин(с.Қасас, ояи 5) муҳаққақ гардад.

Ба муносибати шуруъи моҳи Расули Раҳмат(с), моҳи Шаъбон нигоҳе хоҳем дошт ба баъзе аз таъсироти вуҷуди мубораки Расули Аъзам(с) ва Исломи нобу илоҳии он ҳазрат дар ҳастии ҷомеа ва бақои башарият.

Гоҳ, шояд ин масъала матраҳ шавад, ки Муҳаммад(с), агар коре карда бошад, барои пайравонаш будааст ва ба нафъи ҷомеаи башарӣ набудааст. Яъне агар мусалмонеро бо намозу рӯза ошно намудааст, ин фоидааш ҳадди аксар барои он ва дигар мусалмонон аст, ҳеҷ таъсире дар дигар инсонҳо ва пайравони дигар адёну равияҳо надорад.

Ҳарчанд ин сухан, худ посухи муносиб дорад, аммо дар инҷо баъзе аз хадамоти инсонмеҳваронаи Исломро, ки бо Беъсати Расули Раҳмат Муҳаммад Мустафо(с) оҷроӣ шудаанд ва ҷанбаи на танҳо мусламонӣ, балки иҷтимоӣ доштааст, баён хоҳем намуд.

Ҳафт маврид аз хадамоти муҳими Расули Аъзам(с) ба ҷомеаи башарият.

  1. Бардоштани бардадорӣ ва ғуломдорӣ:

Чунон, ки дар таърихи сарзаминҳои Руму Эрон ва Араб ва дигар қудратҳои бузургу хурд омадааст, бардадорӣ ва истизъофу истисмори мардумон як масъалаи оддӣ шуда буд ва бо камтарин қудрату имкониятҳои молӣ ё ҳукуматӣ, гуруҳе аз мардумро дар ихтиёри худ мегирифтанд ва бо зур аз онҳо кор мекашиданд.

Мазраъадорӣ, домдорӣ, тиҷорат ва даҳҳо кори дигарро ғуломони беихтиёр ва албатта пуртавон аз назари ҷисмӣ, анҷом медоданд ва ҳокимону сарватмандон дар айшу нуши худ саргарм мешуданд.

Ин ҳолатҳо дар кишварҳое, ки қудрати ҷангӣ доштанд ва дигар кишварҳоро бо ҷангу зур тасарруф мекарданд, зиёдтар буд.

Онҳо, бо ҳамла ба сарзаминҳое, ки неруи кории қавӣ доштанд, мардумро ба асирӣ гирифта насл дар насл хариду фуруш мекарданд. Дар ин миён мардумони сиёҳпуст бештарин ғуломгариро таҳаммул мекарданд.

Дар сарзамини Ҳиҷоз, Макка ҳамин ҳолат вуҷуд дошт ва сарватмандон аз роҳи пулу тиҷорат, ғуломонеро байни худ хариду фуруш мекарданд. Агар онҳо соҳиби фарзанд мешуданд онро ҳам ҳамчун коло ва милки шахсӣ мефурухтанд.

Фуруши духтарон, ба унвони каниз ҳам яке аз мавридҳое буд, ки дар таърихи ин сарзаминҳо зиёд будааст.

Ислом, вақте вориди зиндагии башар, дар сарзамини Ҳиҷоз шуд, бо хурофа, ақидаҳои ботил, рафтору гуфторҳои зидди инсонӣ ва исломӣ муқобила кард ва дар ҳадди имкон онҳоро аз зиндагии мардум ҳазф намуд.

Албатта чун ҷомеае, ки солҳои зиёдеро бо як равиш зиндагӣ карда бошад, барои тағйири он бояд корҳои зиёде анҷом шавад, Раслуи Аллоҳ бо ахлоқу рафтори неку, истидлоли ақлию мантиқӣ ва бо ояту фармонҳои илоҳӣ дар садади ислоҳи он буд ва дар ин роҳ, ҳам захмҳои ҷисмӣ ва ҳам захмҳои руҳию равонии зиёдеро таҳаммул кард.

Ӯ дар посухи тавҳину беҳурматиҳо дар ҳадди имкон, бо имону ахлоқ ва сухани неку бархурд мекард ва онҳоро ба хато ва ботил будани боварашон мерасонд.

Ин равиш, ки имрӯза онро дар донишгоҳҳои бузург, ҳамчун равиши таблиғу равобити умумӣ ва ё мудирияти нарми ҷомеа тадрису таълим мекунан, бо руҳи илоҳии Ӯ ҳамроҳ буд ва таъсири он дар кутоҳмуддат чунон зиёд буд, ки аз миёни инсонҳои бе имону сарсахт ва гоҳ касоне, ки дар сафи куфр бар зидди Ӯ ҷангида буданд, як инсони мусалмон сохт ва ба ҷабҳаи ҳақ ворид намуд.

Дар зиндагонии Умар ибни Хаттоб(р) мехонем, ки пеш аз он ки ҷалби Расули Аллоҳ(с) шавад ва ба дини Ислом ворид гардад, қасди қатли Муҳаммад мекунад ва бо ҳамин ҳадаф ба тарафи Ӯ ҳаракат мекунад.

Аммо вуҷуди мубораки он ҳазрат ва каломи нофизаш ва сухани ҳаққаш ҳақталабонро, агар бар гуш панба ҳам зада бошанд ба худ мекашад ва ҳидоят мешаванд.

Расули Аллоҳ(с) бо як барномарезии дақиқ ва санҷида ва иҷтимоӣ, ҳазфи бардадорӣ ва ғуломпарвариро аз саҳнаи зиндагии ҷомеа шуруъ намуд.

Агар аз рӯзи аввал, бо он падидаи ҳамагир мубориза мебурд гуруҳи зиёде аз ғуломон, ки инсонҳои қавиҳайкал ва қудратӣ буданд ва ҳам ҳеҷгуна дороӣ надоштанд, дар ҷомеа бе сарпараст озод мешуданд ва ин худ барои ҷомеае, ки мехоҳад амнияту оромиш дошта бошад, хатари бузург маҳсуб мегардад. Ин масъала мисли ин аст, ки баъд аз як инқилоб, ҳарчи зиндонӣ дар зиндон ҳаст озод гарданд! дар ин ҳолат, ҳам бекорӣ афзоиш меёбад ва ҳам амнияти ҷомеа дар хатар хоҳад афтод.

Касоне, ки то он замон дар зери як сақфу хонае ҷойгир буданд ва эҳёнан бо зану фарзанд дар хидмати як инсони дигар будаанд, ҳоло бояд дар роҳу бероҳ зиндагии худро идома диҳанд. Барои таъмини зиндагии хонавода, бояд коре дошта бошанд ва ҳуқуқи онҳо ҳам бояд мудавван ва мушаххас гардад.

Аммо аз он тараф, идомаи ин кор, ки гуруҳе дигаронро истисмор намуда бо зуру таҳқир ба кор маҷбур кунанд ва суди онро ҳам фақат соҳибашон бигирад! на аз рӯи Ислом ва на аз рӯи инсонияту ақлу хиради ҷамъӣ саҳеҳ набуд. Пас Ислом ва Муҳаммад(с) бо равиши миёна ин падидаи зидди инсонӣ ва исломиро мудирият ва мудово карданд.

Ин нақшаи Расули Аллоҳ(с) ро вақте диққат мекунем, таъсири зиёдеро доштааст ва баъд аз бист сол бисёре аз бардагон бо равишҳои ихтиёрӣ, ҷаримаҳои шаръӣ (каффораи баъзе аз тахаллуфот, мисли қазои рӯза) ва ғайра озод шудаанд ва он мушкилоте, ки дар озодии ҳамаи онҳо дар як замон мумкин буд эҷод гардад, то ҳудуде рафъ шуда буд. Бисёре аз он канизону ғуломон ҳам мусалмон шуда буданд ва ҳамчун неруи қавии ҷангӣ, таълимӣ, фарҳангӣ ва мубаллиғи динӣ ба ҷомеа тақдим шуданд.

Ин аз тарафи бардаҳо! аммо агар ба тарафи дигари масъала, яъне соҳибони онҳо нигоҳ кунем, онҳое, ки ба Ислом ворид шуда буданд, молу милкашон муҳтарам буд ва ҳокими Ислом, бояд аз онҳо дифоъ мекард.

Агар бардаҳои онҳо дар як рӯз ва бо як фармон озод мегаштанд, тамомии дороиҳои онҳо, ки боғу кишоварзӣ, корҳои тиҷорию сохтумонсозӣ бошад, бе коргар мемонд ва шояд саркашию дуздиҳои ғуломон, гуруҳи зиёде аз мардуми дорои имконотро ба варшикастагӣ ва муфлисӣ мекашонд.

Дақиқан ин масъала ҳамчун корхонаест, ки агар дар якрӯз ҳамаи коргаронашро ихроҷ кунанд, рӯзи дуюм варшикаста хоҳад шуд, аммо агар бо иттилоъ ва барномарезӣ ва дар замони дарозтар анҷом гирад, соҳиби корхона, ҳам коргари ҷойгузин ва ҳам барномаи мудиронаеро иҷро мекунад, то ҳам ҳаққи коргарон адо шавад ва ҳам кору корхонаи ӯ вайрона нагардад, ки ин худ зарбаест бар иқтисоди ҷомеа.

  1. Эҳёи ҷойгоҳи духтар ва зан

Чунон, ки ғуломдорӣ ва канизпарварӣ дар он ҷомеа вуҷуд дошт, дурӣ аз насли духтар ва духтарзоӣ дар миёни арабҳои ҷоҳил як бовари ҷаъӣ шуда буд. Духтарро навъе ор ва айб медонистанд ва таваллуди онро иттифоқи шум ва номуборак. Зинда гур кардани духтарони навзоро дар таърихи он қавми ҷоҳил овардаанд, ки ояти илоҳӣ ҳам дар тақбиҳ ва радди он омадааст, ки фармуд: ба кадомин гуноҳ духтараконро куштанд?!

Ин амали зишт ва дур аз инсоният, ки бо ҳеҷ кадом аз боварҳои инсонӣ ва динӣ ҳамхонӣ надошт ва ҳатто оқилони он қавм ҳам онро қабул надоштанд, раддаш барои Ислом ва Расули Аллоҳ(с) на чандон сахттар аз мавриди аввал буд. Аммо вақте ба мақом ва манзилати духтар ва зан мерасем, бисёр сахтиҳо ва мушкилиҳое вуҷуд дорад, ки Расули Аллоҳ(с) барои ислоҳи дидгоҳҳо доштани духтарро аз неъматҳои илоҳӣ мехонад. Накуштани духтар, ба осонӣ қабул карда шуд, аммо ҷойгоҳу нақши зану духтар дар зиндагии иҷтимоиро ҳамчун мавриди аввал (ҳазфи ғуломдорӣ) бояд ба тадриҷ анҷом медод.

Дар ҳамин роҳ, эҳтироми зиёди Расули Аллоҳ(с) нисбати занонаш ва ҳурмату иззати духтараш Фотимаи Заҳро(а) аз намунаҳои сираи амалии он ҳазрат аст, ки гоҳ бо ривояту гоҳ бо таърих аз он ҳақоиқ огоҳ мешавем.

Дар таърих омадаст, ки вақте Фотима(с) хурд буд, модараш аз дунё рафт ва Расули Худо(с) бо духтараш танҳо монд. Духтарашро бо равишҳои хос эҳтиром мекард ва ба дигарон нишон медод, ки дустдоштани духтар чи амри бо аҳамиятест, ки ҳатто Расули Аллоҳ(с) ҳам онро амал мекунад.

Ин ва дигар рафторҳои он ҳазрат нисбати занонаш нишон диҳандаи он масъала буд, ки мард ва зан ҳарду бандаи аллоҳ ҳастанд ва ончи онҳоро фарқ мегузорад, на ҷинсияташон балки тақво ва покии руҳу ҷисмашон аст.

  1. Ҳаллу фасли ҷангҳои чандаҳсолаи қавму қабилаҳо

Яке аз хислатҳои пасти арабҳо, ҷангҳои қабилаӣ буд, ки бо ихтилофи як тоҷир ва ё як ғулом ва ё як зану мард шуруъ мешуд ва кушторҳои зиёд, наслҳои пуштисари ҳамро дар бар мегирифт. Ҳамла ба корвонҳои тиҷорӣ, асир кардани зану фарзандони ҳамдигар ва даҳҳо мушкилиҳои дигар, ки дар зиндагии онҳо вуҷуд дошт.

Расули Аллоҳ(с), мунодии имону амният, сулҳу раҳмат буд ва бо барномарезии худ мавридҳои зиёдеро ҳаллу фасл намуд.

Аз ҷумлаи он ҷангҳо, ки ба як ду аср баъд аз саршавиаш расида буд, ҷанги ду қабилаи Авс ва Хазраҷ будааст.

Ин ду, ки дар сарзаминҳо Мадина воқеъ будаанд, як ҷанги тулоние доштанд ва баъд аз вуруди Ислом ба он сарзаминҳо ва таъсиси ҳукумати Расули Аллоҳ(с) дар Мадина, тартиб пайдо кард ва сарбозони пуртавон ва ҷангдидаи он ду гуруҳ, ки акнун ба Ислом ворид шуда буданд, бародари ҳамдигар шуданд ва дар баробари душмани Аллоҳ ба ҷангу ҷиҳод ворид шуданд. Ҷанге, ки инбор куштаҳояш подоши илоҳӣ доранд ва қасдашон интиқомҷуӣ ва ҳақхурӣ нест.

  1. Ҳазфи суннатҳои ботил ва ҳидояти ҳунар ба сӯи ҳақ

Шеърхонӣ, достонсароӣ, айшу нуш ва корҳои лаҳву беҳуда дар миёни мардуми мураффаҳ ва гоҳ фақири араб зиёд буд. Ислом, ки як дини пуё, пешрав, илмгаро, кору талош ва зиндагии пок аст, инсонҳоро аз ингуна рафторҳои нописанду вақтгузарону беҳуда парҳез медорад.

Гуруҳе буданд, ки фақат факкоҳӣ ва мазара ва достонсароӣ мекарданд ва аз достонҳои ғулу аждаҳо ва қаҳрамону дуздҳои бостонӣ нақл мекарданд.

Ин масъала, имрӯз бо равишҳои дигар дунбол мешавад, филму кино, шеъру консерт, бозию мусобиқот ва даҳҳо кори дигар дар ҳамин масир танзим мешаванд ва гоҳ ҳокимону сарватмандон аз он баҳраи молӣ ҳам мебаранд.

Гоҳ барои он ки зеҳнҳоро дар тасхири худ дошта бошанд, онро тарвиҷ мекунанд, то дар нодонӣ ва бехабарии мардум ҳукумату сарватандузии худро идомад диҳанд.

Вақте ояи илоҳӣ бар мардум тиловат мешуд, онҳо дар баробараш ба достонсароӣ мепардохтанд, то ҳамчунон гушҳо ва қалбҳои мардумро ба тарафи худ мутаваҷҷеҳ кунанд, то аз ин роҳ зиндагии худро ҳам таъмин намоянд.

Ҳифзи шеърҳои ҷоҳилӣ, бо омадани ояҳои осмонӣ аз байн рафт ва сухани ҳаққи Аллоҳ ва каломи нофизи Расулуллоҳ(с) ҷои онҳоро гирифт ва ҳофизону қориёни Қуръон бар курсии достонсароёну факкоҳони дуруғин нишастанд.

Дар замони кутоҳе, олимони қуръонӣ ва мубаллиғони динӣ ҷойгоҳи хоссеро касб намуданд ва бе музду ҳаққе ба сарзаминҳои гуногун барои иблоғи дин мерафтанд. Мардум ҳам бо дидану шунидани ҳақоиқ ба дини Ислом ворид мешуданд.

  Инбор, дигар касе, ки ҳунаре дошт, онро фақат барои факкоҳӣ ва вақтгузаронӣ сарф намекард, онро бо ҳифзу дарки каломи илоҳӣ бо равишҳои мухталиф ба мардум арза мекард ва ҳам савоби дунё ва ҳам охираташро касб менамуд.

  1. Ҳазфи марзбандиҳои миллиятӣ ва ҷуғрофиёӣ

Тақсимоте, ки имрӯза боз ҳам ҷои худро ба дидгоҳи инсонӣ ва исломӣ додааст, он замон бисёр зиёд буд ва гоҳ як об ва як дарра дар сарнавишти ду қавм таъсир дошт ва қатлҳои зиёде бар сари онҳо эҷод мешуд.

Расули Аллоҳ(с) неъматҳои илоҳиро бо адлу адолат ва дидгоҳи исломӣ ва инсонӣ тақсим мекард ва дар риояти ҳуқуқи мардум, аз мусалмон ва масеҳӣ ва яҳуди кутоҳӣ намекард.

Дар атрофи Расули Аллоҳ(с) танҳо чизе, ки дараҷаи инсонҳоро таъйин мекард, сатҳи имону тақвои онҳо буд ва ин масъла буд, ки Салмони Форсӣ, Билоли Ҳабашӣ, Абузари Ғаффорӣ дар канори Абубакр ибни Қуҳофа, Алӣ ибни Абитолиб, Умар ибни Хаттоб ва дигар асҳоб қарор мегирифтанд.

Ин дидгоҳи ҳақ ва исломӣ, ки имрӯза ба номҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқи башар ва даҳҳо ному .нишон сари забонҳост, дар он замон бо як калом (инна акрамакум индаллоҳи атқокум) ҳал шуд

  1. Поягузории мабонии ахлоқӣ ва инсонӣ дар зиндагии ҷомеаи башарӣ

Дар ҳаёти инсонӣ, ба эътирофи дусту душман, муъмину кофир ҳеҷ шахсияту ҳеҷ дин ва оине набудааст, ки дар ҳадди Ислом рӯи масоили ахлоқӣ таъкид карда бошад. Маоиле, ки ҳамаҷонибанигарӣ ҳам аз хусусиятҳои он аст. Агар ахлоқу аз худгузарӣ ва бахшишу раъфат дорад, дар канораш иззати нафсу худбоварӣ ва талошу куру касбро ҳам дорад.

Рафтори ҳасана ва гуфтори некуи Паёмбар(с) ҳам бар худи куффор ва ҳам бар наслу зану фарзандони онҳо таъсир дошт, ки гоҳ фарзандони як кофир муъмин мешуданд ва ин ба сабаби ҳақталабӣ, ахлоқиёт ва иззату каромати нафсонии Ӯ буд.

Ин ҳолати Паёмбар(с), чи қабл аз таъсиси ҳукумат ва чи баъд аз он ва баъдҳо дар сираи ёрони бовафояш, дар саҳнаи давлатдорӣ ва сиёсат ҳам як равияи наверо бунён ниҳод, ки ахлоқро асоси равобити раису маръус, ҳокиму маҳкум медонист. Дақиқан ҳамон масъалае, ки ҳарҷо фаромуш шуд, табоҳӣ бар сари давлатҳо соя афканд ва ҳарҷо эҳё гашт, саодати дунё ва охиратро тазмин намуд.

  1. Улгусозӣ ва муаррифии чорчубаи зиндагӣ дар қолиби инсон

Гоҳ гуфтану навиштан ва ба истилоҳ назарияпардозӣ наметавонад корсоз бошад. Расули Аллоҳ(с) дар канори он ки худаш ба фармони илоҳӣ амру наҳйи қуръонӣ ва шариатро табйин мекарданд, барои исботи иҷроӣ будани суханонаш, духтарону писарон ва мардону занони зиёдеро таҳти тарбияти худ қарор дода онҳоро ба зидагӣ бо равиши динӣ ошно намуданд.

Асҳобу ёрони бовафо ва поксирату покниятеро тарбият карданд, ки дар майдони ҷанг шерони Аллоҳ ва дар масҷиду ибодат хозиъони даргоҳи Раб буданд.

Оят дар ин боб омадаст, ки фармуд: Муҳаммад расули Аллоҳ аст ва касоне, ки бо Ӯ ҳастанд бар зидди душманон шадид(бо қудрат ва пойдор) ва байни худашон инсонҳои руҳонӣ(ва хушрафтор) ҳастанд. Онҳоро дар рукуъ ва саҷда мебинед… .

Худоё! моро аз пайравони ҳақиқии он расулат ва орифу олим ва омил ба сираи гуфторӣ ва рафтории эшон қарор деҳ.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.