Вазифаи модар дар даврони бордорӣ

206

 

Зани бордор ва модари оянда, занест, ки амонати бузургеро ҳамл менамояд ва бино дорад, ки амонати илоҳӣ, яъне фарзандашро ҳифзу ҳиросат намуда ва бо саломати рӯҳӣ, ҷисмӣ ва равонӣ ба дунё оварад.

Аз вазифаҳои падар аст, ки муҳити амну солимро барои ҳамсар ва фарзандаш фароҳам созад ва шароити муносибу хуб, ҷиҳати ҳамсари бордори худ ба вуҷуд оварад ва бо ҳифзу ҳиросату посдорӣ аз ҳамаи абъоди ахлоқӣ, тарбиятӣ ва беҳдошти кӯдаки ояндаи худ бикӯшад ва аз овардани ғизоҳои ҳарому муштабаҳ ва фосиду олуда парҳез намояд. Вазифаи шавҳар аст, ки муҳити хонаро аз мусиқӣ, садо ва тасвири ҳарому муштабаҳ пок созад ва аз гуноҳи дурӯғу ғайбат, фаҳҳошиву суханчинӣ ва ҳар ҳароми дигар поксозӣ намояд, то ҳамсари бордори ӯ амонати худро ба саломат ҳифз намуда, фуруд оварад.

Тағзияи ҳалол ва покиза

Тағзияи ҳалол: ғизои поку солиму гувороест, ки шахси мӯъмину ботааҳҳуд, барои тағзияи худ ва аҳлу аёлу авлоди худ фароҳам месозад ва ин худ масъулияти бузургест, ки падар, шавҳар ва ё раиси як хонавода онро ба ӯҳда гирифтааст.

Аз Имом Боқир (а) мепурсанд, аз қавли Худои Таоло, ки фармуд:

فَلْيَنظُرِ الْإِنسَانُ إِلَى طَعَامِهِ

Пас бояд инсон ба ғизои худ бингарад.[1]

Яъне чист?

Ҳазрати Боқир (а) дар ҷавоб фармуданд:

عَلِّمْهُ الَّذِى يَأخُذُ عَمَّنْ يَأخُذُه

Яъне бидонад, ки аз чӣ роҳе ва аз чӣ касе ғизояшро гирифтааст.

Масъалаи тағзия дар Ислом фавқулодда аҳамият дорад. Махсусан тарбияти наслҳо вобаста ба тағзия ва тарбияти саҳеҳи кӯдакон мебошад.

Нақши таъсиргузории ҳалол ва ҳаром дар кӯдак

Модар дар даврони ҳамл вазифадор аст, ба ҳалолу ҳаром ва саломату фасоди ғизои худ диққатиназар дошта бошад ва шиками худро аз ғизоҳои ҳарому фосиду номуносиб пур накунад, то дар натиҷа, худ ва махсусан ҷанину фарзанди ӯ дар шикам аз осори бад ва аксуламали зишти он ғизоҳо дар амон бошад. Дар фалсафа ва далели ҳалолу ҳаром будани хӯрданиҳо ва нӯшиданиҳо ва ин ки чаро баъзе чизҳо ҳалолу пок аст ва баъзе ҳарому нопок аст, ҳазрати Имом Ризо (а) мефармоянд:

إنَّ اللهَ تَبَارَكَ وَ تعَالَى لَمْ يُبِحْ اَكْلاً وَ لاَ شُرْبًا إلاَّ لِمَا فِيهِ الْمَنْفَعَةُ وَالصَّلاَحُ وَلَمْ يُحَرِّمْ إلاِّ مَا فِيهِ الضَّرَرُ وَالتَّلَفُ وَالفَسَاد

Худованд ҳар хўрданӣ ва ошомиданиро танҳо ба хотири он ки нафъ ва салоҳе барои башар доштааст, ҳалол карда ва ҳар чизро танҳо ба хотири зиёну зарару фасодаш ҳаром кардааст.

Падар, модар, дар сурате, ки ба саодату хушбахтии мани фарзандат меандешӣ, аз тамоми хӯрданиҳо ва ошомиданиҳои ҳарому муштабаҳ парҳез кун ва бо ин васила ба саломати ҷисму рӯҳу равони худ ва кӯдаконат раҳм кун ва ба мо хидмат намо!

[1] Сураи Абас / 24.

You might also like
1 Comment
  1. Хеле ба ман маькул аст.

Leave A Reply

Your email address will not be published.