Ин меваи зимистониро бо пуст нахуред

57

8aad1826fae81a0509d1d92cfab6f297_L

Хурдани ин мева бо пуст муҷиби гирифтагии хуруҷии меъда мешавад.

Ба гузориши Фарҳангниюс доктор Ҳунарвар-мутахассиси соҳаи ғизо дар гуфтугу бо хабарнигори беҳдошт ва дармони бошгоҳи хабарнигорон изҳор дошт: Киви дар гуруҳи меваҳо қарор дошта ва аз манобеъи фавқулода ғании витамини С аст. Ҳамчунин дигар витаминҳои маҳлул дар обро низ ба таври қобили таваҷҷуҳе доро аст.

Вай идома дод: Ин меваи замистонӣ метавонад мизони фибри(нахи биологӣ) мавриди ниёзи баданро низ таъмин кунад. Ба сурати суннатӣ аз киви барои шикасти бофти пайвандии гушт истифода мешавад, ки дар ҳоли ҳозир таҳқиқот ин равишро муносиб намедонад, чаро ки ҳазму ҷазби протеинҳоро дучори мушкил мекунад.

Ин доктори соҳаи ғизо  кивиро барои афроди диабетӣ тавсия накарда ва афзуд: Мутолиот нишон додааст, ки хурдани киви дар ба миқдори зиёд эҳтимоли ибтило ба қанди хунро афзоиш медиҳад.

Доктор Ҳунарвар дар поён хотир нишон кард: Хурдани  хурмо  ва киви бо пуст муҷиби банд шудани хуруҷии меъда мешавад ба хусус дар солмандон, ки хуруҷии меъдаи онҳоро дучори гирифтагӣ мекунад.

Манбаъ: Сомонаи Хуросон

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.