Номгузории соли 2015 дар Тоҷикистон ба соли хонавода

62

8a5ceda40a2226ae306364c6c843c69c_L

Соли 2015 дар Тоҷикистон соли хонавода номгузорӣ шуд.

Ба гузориши Радиои тоҷикӣ б нақл аз Асия-Плюс, Эмомалӣ Раҳмон-раиси чумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар парлумон пешниҳод кард соли 2015 дар кишвар соли хонавода эълом кард шавад.

Ба гуфтаи Раҳомн соли 2014 аз 95 500 ақди никоҳи ба қайд гирифташуда 9 ҳазори он ба талоқ анҷомид, ки нисбат ба соли пеш аз он  9,5 дарсад бештар шудааст.

Ба таваҷҷуҳ ба мушкилоти издивоҷҳои байни хешовандони наздик ва таваллуди кудакони маъюб дар ин лоиҳа раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба сохторҳои давлатӣ дастур дод, ки масъалаи озмоиши қабл аз издивоҷро ҷиддӣ бигиранд ва аз издивоҷ бо хешовандони наздк пешгирӣ кунанд ва бо фарҳангсозӣ ин амрро ба мардум омузиш диҳанд.

Ба гуфтаи вай имрӯз дар кишвар наздик ба 13 ҳазор нафар кудак ва навҷавони маъюби зери 18 сол зери назари давлат нигаҳдорӣ мешаванд, ки бештари ин кудакони маъюб модарзодӣ ҳастанд, ки ба далели издивоҷи хешовандӣ аст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба вазорати маориф ва улуми кишвар пишниҳод кард, ки дар соли охири мактаб коргоҳҳои омӯзишии махсуси таълими маърифат ва ташкили хонавода барпо шавад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.