Оиладорӣ аз нигоҳи Қуръон ва ҳадис

69

20150219_140854

Оиладорӣ

Аз нигоҳи Қуръон ва ҳадис

Муҳаммадии Райшаҳрӣ

 

Абдулҳаким Камолӣ

Ниҳоди оила, аслитарин рукни ҷомеа ва бистари фарҳангҳои гуногун ва заминасози хушбахтӣ ва ё бадбахтии инсонҳо ва умматҳо аст ва аз ин рў, Ислом, ки барномаи саодат ва такомули башар аст, инояти вижае ба саломат ва рушду пўёии ин ниҳоди сарнавиштсоз дорад

Мавзўи оила ба таври куллӣ дар се меҳвар қобили баҳсу баррасӣ аст: ташкили оила, омили устуворию боландагии оила ва низ осебҳо ва авомили[1] фурўпошии он. Ислом дар ҳар се замина, раҳнамудҳои бисёр муҳимму созандае дорад, ки инак барои нахустин бор, матни нисбатан комили ин раҳнамудҳо ба сурати мунсаҷим ва бо шеваи наве, ҳамроҳ бо чанд таҳлили мавриди ниёз, дар ихтиёри хонандагон қарор мегирад. Гуфтанист, ки ҳамаи ин раҳнамудҳо ба гунае дар ҷиҳати истеҳкоми бунёди оила, ки муҳимтарин ниёзи ҷомеаи имрўзи башар аст, қарор дорад ва аз ин рў, ин маҷмўа, «Оиладорӣ аз нигоҳи Қуръон ва ҳадис» номгузорӣ шуд.

Ин китоб, ниёзи пажўҳишгарони масоили оиларо ба манобеи исломӣ таъмин менамояд ва ҳамаи хонаводаҳо, махсусан ҷавонон, барои расидан ба зиндагии ҳамроҳ бо осоишу оромиш, метавонанд аз он баҳраманд шаванд.

Бетардид, мутолиаи ин китоб ва барномарезию фарҳангсозӣ бар пояи маорифи нуронии он, мўҷиби афзоиши омори издивоҷ, мустаҳкам шудани ниҳоди оила ва коҳиши мизони талоқ хоҳад буд.

[1] Авомил: ҷамъи омил ба маънои сабаб.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.