Планшет барои рушди фикрии кудакон зараровар аст

110

261dcefe1c6b5aa6bed93b99f4a347b0_L2

Муҳақиқони амрикоӣ дар охирин таҳқиқоти худ дарёфтанд, ки телефонҳои ҳушманд ва таблет(планшет)ҳо таъсири манфӣ бар руйи рушди фикрии кудакон мегузорад.

 Ба гузориши Фарҳангниюс муҳақиқони маркази илмии донишгоҳи Бостон дарёфтанд, ки телефонҳои ҳушманд ва таблетҳо таъсироти манфии зиёде бар руйи  рушди фикрии кудакон мегузоранд.

Рӯзномаи Гардиан бо чопи ин хабар дар идома менависад, ки телефонҳои ҳушманд имкони контрол ва худдориро аз кудак мегиранд.

Муҳақиқони ин донишгоҳ дар ин робита мегуянд: Агар дастгоҳҳои нави рақамӣ ҳамчун таблетҳо ва телефонҳои ҳушманд танҳо роҳи ором кардани кудак шаванд, ӯ ба мурури замон тавоноии контроли худро аз даст хоҳад  дод.

Бар асоси натиҷаҳои ин таҳқиқот истифода аз таблет ва телефонҳои ҳушманд барои кудакони зери 3 сол ба ҳеҷ унвон тавсия намешавад ва истифода аз онҳо метавонад таъсири харобиовари бар рушди саломати фикрии онҳо бигузорад.

Манбаъ: Сомонаи Хуросон

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.