Ҳуқуқи башар ва озодӣ аз дидгоҳи ислом ва ғайри он

53

2013_1_6_11_53_1

Инсон, Ҳақ, Ҳуқуқи башар, Зидди ҳуқуқи башар, Қонун, Озодӣ, Демокросӣ ва даҳҳо ановин ва вожаҳои наву куҳна ҳастанд, ки имрӯз гурӯҳҳои хурду бузург ва ширкатҳои сармоядорони ҷаҳониро ҳам ба худ кашондааст ва бо истифода аз ин принсипҳо шиками худро сер мекунанд ва заминаи тиҷоратҳои калонро барои ширкатҳои худ муҳйё кардаанд.

Шояд битавон инро ҳам қайд намуд, ки дигар сарзамин ва кишваре намондааст, ки гуруҳҳои сармоядорӣ ва саҳюнии бузург дар онҷо қадам нагузошта бошанд ва дасти худро дар корҳое, ки ба он унвонҳо пушонда шудаанд дароз накарда бошанд. Дар як кишвар, ҳамчун Тоҷикистони ҷангзада дар даҳаи 90 бо номҳои кумакрасонӣ, ва дар ҷое дигар бо номи бозсозӣ ва дар кишвари дигар ба номи сулҳбонӣ ва гоҳ ба номи таълиму тарбияту омузиши кадрҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳатто мубаллиғони динӣ(месюнерҳо) ворид шуданд ва мешаванд, то афкору идаҳои худ ва соҳибони худро ироа ва илқо намоянд. Албатта ин ҳаракатҳои ба зоҳир башардӯстона ва ё ёрирасонро касе наметавонад рад кунад ва онро манъ ва ё аз асос зарарнок бидонад, ки ҳамин миллати тоҷик дар рӯзҳои ҷанги дохилӣ бе шак ба он кумакҳои байналмилалӣ ниёзманд буд ва бояд анҷом мешуд, аммо ончӣ дар пушти он ёриҳои таъҷилию ғайри таъҷилӣ ниҳон буд ва ҳаст, бояд дида шавад ва аҳли илму дониш ва мудирро фаъол кунад.

Намунеро, ки дар соли 2011м дар Амрикои лотин ифшо шуд ва раисҷумҳури кишвари гуноҳкор маҷбур шуд аз кишвари ситамдида узри расмӣ пурсад ба ёд оварем. Он воқеъаро гоҳ дар филмҳои ҳамон кишварҳо дида будем, аммо касе онро воқеӣ намепиндошт.

Ҳодиса аз ин қарор аст, ки беш аз 100 сол қабл, вақте яке аз кишварҳои Амрикои лотин гирифтори ҷангу қаҳтӣ мешавад, ҳамсоякишвараш барои ёрӣ ба ҷангзадагон вориди амал шуда ба ҳамсояи худ кумакҳои фаврӣ ирсол ва гуруҳе аз ҷангзадагонро дар кампҳо ва хаймагоҳҳои муваққатӣ ҷойгир мекунад. Дар ҳамин замон ширкатҳои дорӯсозӣ ва тиҷории он кишвар вориди кор шуда, бо ҳамкории давлат дорӯҳои маргбореро бо ҳадафи озмоиш, дар либосҳо ва хобгоҳҳои эҳдоӣ рехта ба мардум медиҳанд ва онҳо дар хобу зиндагии чандрӯзаи худ истифода мебаранд.

Дар ҳамон замон ҳазорон нафар ба бемории сахт ва ношинохта гирифтор шуда ва фавт мекунанд, аммо на он кишвар қудрати пайгирӣ дошта аст ва на касе аз ҳақиқат огоҳ мешавад.

Баъд аз даҳҳо сол, ин ҷиноят ифшо шуд, аммо онҳо, ки акнун соҳиби қудрати расонаӣ ва ғайра ҳастанд, нагузоштанд зиёд рӯи равобиташон таъсир бигузорад, то ин ки дар солҳои охир бори дигар садояш баромад ва дар як нутқи начандон расмӣ аз кишвари зулмдида узр пурсида шуд ва тамом!.

Ин ҳодисаи воқеӣ, ки намунаҳои зиёд дорад ва шояд рӯзе маълум гардад, ки дар кишварҳои дигар ва ҳатто кишвари мо, ки беморӣ ва маризиҳои ғайри оддӣ дар рӯзҳои сахти даҳаи 90 мардумро гирифтор карда буд, аз чи маншаъ ва сабабҳое будааст ва шояд додрасе доди мазлумонро аз золимон бигирад.

Аммо ончӣ моро ба ин баҳс кашонд, баёни мисол ва намунае буд аз беадолатиҳо ва зулму зидди ҳуқуқи инсон амал карданҳои ҳамонҳое, ки бо қаламу забонашон даҳҳо соласт ҳуқуқ, инсон, озодӣ, демокоросӣ ва даҳҳо вожаи зебои дигарро садо мезананд, аммо дареғ аз як замону маконе, ки ончӣ мегӯянд ҳақиқатан иҷро карда бошанд ва ё бихоҳанд иҷро шавад.

Пас ва шояд дигар лозим набошад, ки ин вожаҳоро аз забону амали онҳо тафсир кунем ва ё дар амаламон таҷрибаи хатои онҳоро таҷриба кунем, ки озмударо озмудан хатост гӯянд!.

ҲУҚУҚИ БАШАР

Дар инҷо баҳсе хоҳем дошт дар боби ҳуқуқи башар ва ё озодиҳои фардӣ ва иҷтимоӣ бар мабнои ояҳои қуръонӣ ва андешаҳои ноби исломӣ.

Дар ин баҳс хонандагони азиз метавонанд ба иловаи ончӣ баён мешавад, ба тафсир, маъно ва бардоштҳое, ки аз оятҳои зер шудааст муроҷеа намоянд ва баҳсро беҳтар дарёфт намоянд.

(Муроҷеа ба оятҳои сураҳои – Тавба 31 – Зумар 18 – Оли Имрон 91 – Саба 46 – ва Рум 8.)

Баҳси аввал: таъйини ҳаққи ҳокимиятӣ;

Барои таъйини ҳақ ва ҳукумат ва қонунгузорӣ барои фард ва ё давлат ва ё гурӯҳе аз ҷомеа, ду ҳолат вуҷуд дорад.

  1. Дар фазои боз ва солим:

Ин маврид замонест, ки ҳар фард аз ҷомеа метавонад раъй ва овоз ва ё амали худро бо истифода аз ақлу хирад, виждон ва ё имони худаш эъмол намояд. Ӯ битавонад шахси мавриди қабули худро барои риёсат, қонунгузорӣ ва ё ҳар кори дигар интихоб ва маъмур намояд. Ин ҳамон равишест, ки дар Ислом ҳам мақбул аст ва рад нашудааст. Албатта инҷо шояд ин масъала эҷод шавад, ки агар он ҷомеа ва ё он фарде, ки ҳоким мешавад ғайри динмадор бошад чӣ мешавад? Посух боз равшан шуд аст, ки ҳар ҷомеа худ сарнавишти худро рақам мезанад ва агар он ҷомеа ҳақиқатан ҳамон ҳокимро ва ҳамон низомро хостааст, пас наметавон онҳоро маҳкум донист, балки метавон бо иблоғи паёми илоҳӣ онҳоро ба беҳтар аз ончи доранд ошно кард, то дар интихобҳои худ ба сӯи саодат наздиктар шаванд. Амре, ки оятҳои илоҳӣ доранд, боз ҳаминро таъкид мекунад, ки эй инсонҳо! Тафаккур ва тааққул кунед шояд растагор шавед. Ва ё дар ҷои дигар мефармояд: дар интихоби дин озодед, хайру шар ошкор шудааст ва ҳаркадомро ихтиёр кардед натиҷаашро хоҳед дид. Агар Худоро ҳокими худ донистед хайр насибатон мегардад ва агар золимон ва тоғутҳоро қабул кардед, боз натиҷаи он нисибатон мегардад, ки ҳамоно зулму сахтӣ ва бадбахтиҳои дунявист ва дар охират ҳам бояд ҷавобгӯи соҳиби ҳастӣ бошед.

Худои мутаол дар оятҳои гуногӯн инсонҳоро ба фикру андеша фаро мехонад, то баъд аз зинда шудани виждон ва фитраташон Ӯро бипазиранд ва бандаи Ӯ бошанд, на аз рӯи тақлид ва иҷбор. Дар оятҳое ҳамчун сураи Оли Имрон ояти 91, мардумро ба тафаккур дар ҳастӣ даъват мекунад ва дар ояти 46 Саба ҳамин хостаро аз онҳо такрор ва дар ояти 8 сураи Рум қиссаҳои Қуръонро барои зинда кардани андешаҳо баён мекунад ва дар даҳҳо ояти дигар, ки ҳама баёнгар озодии фикру андеша ва интихобу ихтиёри озодонаи дин аст.

Дини Ислом, ки дар таърихи башар, аз Одам то ба Расули Хотам(с) танҳо дини илоҳӣ будааст ва ҳар набӣ ва васие онро комилтар аз гузаштааш меовард, ҳазрати Муҳаммад(с) онро такмил кард ва Худои мутаол дар онрӯз фармуд: имрӯз, динро барои шумо комил гардондам ва неъматро бароятон тамом(комил) кардам ва розӣ шудам, ки Ислом дини шумо бошад.

Ин дин, ки баъд аз он дини илоҳии дигаре нахоҳад буд, инсонҳоро каромату ҳақ, эҳтирому фитрат ато кард ва онҳоро барои ихтиёри роҳ озод гузошт, аммо натиҷаи ҳар кадом аз роҳҳоро нишон дод, то ҳуҷҷат тамом бошад. Ин ҳамон чизест, ки баъд аз асрҳо, акнун гурӯҳе мехоҳанд онро бо номи демокросӣ, озодӣ ва даҳҳо лиҳофу пушиши дигар ба худ мансуб кунанд ва худро мубтакири он қарор диҳанд, аммо ҳеҷкадом дар амал онро иҷро накардаан ва намекунанд.

  1. Дар фазои носолим ва пурфиреб:

Ончи имрӯз дар бисёре аз ниҳодҳо, кишварҳо, сарзаминҳо ва ҳатто созмонҳои байналхалқӣ ва байналмилалӣ вуҷуд дорад, ҳамин қисм аз интихоб ва озодиҳо аст.

Дар ин қисм, ки қатъан Ислом онро қабул надорад ва онро ҳам зулму ҳам гуноҳи кабира медонад ва муртакибони онро золим, тоғут, козиб ва ғосиб медонад.

Ҳамонтавр, ки бисёре аз мо таҷриба кардаем ва дидаем, гуруҳе аз сармоядорони саҳюнӣ, мустакбирони ҷаҳонӣ, ҳокимони ширкатҳои байналмилалӣ, дорандагони ситоду созмонҳои синамоӣ ва таблиғотчӣ, дар ҷаҳон ҳоким шудаанд ва ҳар бор яке аз нафароти худро дар ин ҳалқаи қудрат ворид мекунанд, то дар бадтарин ҳолат ҳам дасташон аз қудратҳо канда набошад ва битавонанд назари худро ҷойгир кунанд. Ин гуруҳ, ки ҳам радио ва ҳам телевизионҳо ва ҳатто системҳои интернетӣ ва газетии ҷаҳонӣ дар дасташон ва ё дар зери назарашон қарор доранд, чунон зеҳнҳоро бо табилиғотҳо пур мекунанд, ки ё асосан дунболи сиёсату ҳукумат набошед ва ҳамон масҷиду хонақоҳ бароятон бас аст ва ё агар ворид шудед, пас бояд аз дину имон чашмпушӣ кунед, ки онҳо зидди ҳуқуқу озодиҳо ва зидди ибрози ақидаи озодона ва инсонмеҳваронаанд. Азтарафе илқо мешавад, ки касе вориди сиёсат мешавад фосид аст, пас мулло ва олими динӣ набояд ворид шавад, ин боварест, ки ба зеҳни инсонҳои поку бо имонамон ворид кардаанд ва аз он тараф ҳам оммаи мардумро фаҳмондаанд, ки муллоҳо аз ниёзҳои моддии башар бехабаранд, пас набояд дар ин масъалаҳо бо онҳо машварат шавад, онҳо барои дуъохонӣ, фатвои намозу рӯза ва ҳайзу нифос ҳастанд, ки албатта имрӯза ҳар кас бо хондани китоб метавонад посухашро дарёбад, пас ниёз ба руҷуъ ба онҳо нест!.

Шабакаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳатто мубаллиғони диниро дар ихтиёри худ гирифтаанд ва бо сармояҳои калоне, ки доранд ҳамеша як ё чанд кишвар ва давлатро бо мардумашон ва ё кишварҳои ҳамсояашон дар ҷангу ҷадал қарор медиҳанд, рӯзе як Курраро дуто мекунанд, то ним қарн бо ҳам биҷанганд ва рӯзе ду кишварро яке мекунанд, то мардумонаш ва қудратмандонаш дар ҷанги дохилӣ бошанд. Рӯзе ҳам гурӯҳҳои динӣ ташкил медиҳанд. Чи беҳтар, ки ду гуруҳи динӣ ва мусалмон бо ҳам биҷанганд, то қудратҳои таслиҳотӣ ва ҳатто фарҳангӣ ва сиёсӣ пушти саҳна онҳоро идора кунанд ва силоҳҳои худро ҳам ба фуруш бирасонанд. Ва албатта агар рӯзе қарор шуд интихоботе бошад ва ҳаққе бар раъйи мардум дода шавад, боз дар остини худ шайтонпарастони шайтонсифат, аммо зоҳир муборизро ошкор кунанд то битавонад ҳукуматро ба даст гирад ва рӯзи мабодо дар шабу рӯз қарору мадорҳои худро бо ӯ имзо кунанд, боз ҳам мардумро соҳиб раъй нишон диҳанд ва ҳам ҳоким аз худашон бошад. Агар мардум гуфтанд, ин ҳоким бад аст, худашон тақсиркоранд, ки ӯро интихоб кардаанд ва… .

Аллоҳ таъоло, ки олим бар ҳар ниҳону ошкорест, ин навъ аз раъйпурсӣ, ҳукумат ва мардумпарвариро айни бардагӣ ва ғуломӣ медонад, ки рӯзе бо зури сарнайза буд ва имрӯз бо зури таблиғоту фарҳангҳои воридотӣ анҷом мегирад. Онҳо гургоне дар либоси гусфанд ҳастанд ва ҳаққан, ки Рубоҳ ва Шайтон ҳастанд, он ҳам аз навъи бузургаш.

Худованд дар Қуръон хитоб ба раҳбарони масеҳӣ мефармояд: эй пайравони китоб(таврот ва инҷил-масеҳиён ва яҳудиён)! биёед бар мабнои усули муштараке, ки дорем ва ҳама онро қабул кардаем амал кунем, он ин ки ибодат накунем ғайри Аллоҳро ва ҳеҷ чизро шарики Ӯ қарор надиҳем ва ҳеҷкадомамон бар мардум рубубият ва худоӣ накунем ва худро сарвари дигарон надонем (Оли Имрон 64).

Аммо оятҳои баъд нишон медиҳад, ки онҳо сухани илоҳиро қабул накардаанд ва ё гуруҳе бар хилофи амри илоҳӣ амал карданд ва ҳатто ончи дар китобҳои худашон будро поймол мекарданд, мефармояд: олимонашон ва руҳониёни диниашонро арбоб ва ҳокими худ қарор доданд – дар ҳоле, ки онҳо зидди амри Худо кор мекарданд- (Тавба 31). Ин ҳам мисдоқи ривоятест, ки мефармояд: дини худоро бо ҳадафи давлатдорӣ ва мардумро барои ҳифзи он гирифтаанд.

Аллоҳ таъоло ин гуна демокросӣ ва мардуммеҳварии козиб ва дуруғинро, ки ҳам онҳоро соҳиби раъй нишон медиҳанд ва ҳам ҳокимиятро дар як ҳалқаи даврӣ нигоҳ медоранд мазмум ва мағзуб медонад ва онҳоро ҷобирон ва тоғутиёне медонад, ки намунаҳояш дар таърих омадааст ва бартаринҳои онҳоро метавон Намруду Фиръавнҳо донист, ки бо иродаи илоҳӣ ба сазои худ дар ҳамин дунё ва ба дасти ҳамин мардум расидаанд ва хоҳанд расид.

Роҳҳои салби озодӣ:

Аммо роҳҳои салби озодӣ ва ихтиёрро, ки имрӯз дар ҷомеаҳои зиёде дида мешавад, ба ду роҳ метавон тасаввур кард:

  1. аз роҳи ҷабру зур ва таҳмили ирода ба дигарон: дар ин равиш, ки имрӯза дар илмҳои ҳуқуқ ва сиёсат ба номи режимҳои дектаторӣ шинохта мешаванд, як ё чанд нафар ва ё ҳатто гуруҳе бар дигарон ҳукумат мекунанд ва касе мухолифат кунанд сарзаниш, зиндонӣ ва ё эъдом мешавад. Ин ҳокимон, ки намунаи он дар Қуръон ба фиръавнҳо шинохта мешаванд, дар таърихи башар зиёд будааст. Аммо ончӣ муҳим ва ҷолиби таваҷҷуҳ бояд бошад, ин аст ки ҳеҷкадом аз анбиё ва авлиёи ҳаққаи илоҳӣ ингуна ҳукуматҳо ва ҳокимонро таъйид накардаанд ва балки бар зидди онҳо қиём ва ҷиҳод доштаанд.

Иброҳими Халил(а), Мусои Калим(а), Исои Масеҳ(а) ва бартарини онҳо Муҳаммади Амин(с) бар асли Аллоҳ воҳид аст ва ҳокими мутлақ Ӯст, ҳаракат кардаанд ва инро иброз медоштанд, ки он касе ки мехоҳад ҳукумат кунад, бояд аз тарафи Аллоҳ иҷозаи хос ва ё ом дошта бошад ва баъд аз он мардум ҳам ӯро бо байъат, таъйид, раъй ва ё ҳар равиши дигар қабул кунанд, дар ғайри ин сурат ҳукуматаш мисдоқи тоғутӣ ва фиръавнӣ хоҳад буд.

Ин навъ ҳукуматҳо, акнун дар миёни ҳамаи мардум мазмум ва ғайри мақбул аст ва шояд битавон гуфт, тақрибан дар ҳоли поён аст.

  1. аз роҳи ҳидояти зеҳнҳо ва афкори ноогоҳ: ин равиш, ки имрӯза ва баъд аз шикасти низомоти дектаторӣ ҷойгузин шудааст, дар ҳоли ҳозир бештарин кишварҳоро дар бар мегирад. Шояд дигар натавон касеро розӣ кард, ки ҳукумати дектаториро қабул кунад, аммо ингуна ҳукуматҳо, ки бо шиори озодӣ, демакратӣ ва даҳҳо номи дигар ҳукумат мекунанд аз имкониятҳои таблиғӣ, татмиъӣ ва ҳатто терори шахсиятӣ ва ё ҷонии мухолифон истифода мекунанд, то мардумро бо худ дошта бошанд ва ҳукумати худро бар пояи тафаккури мавҳум ва ботили демокросӣ ва мардумпарварӣ ҳифз кунанд. Ин ҳокимон, чун поя ва асосашон бар дурӯғ ва шайтанат аст, дар идомаи кор ҳеҷ назари мухолифро наметавонад қабул кунанд ва аз ифшо шудани ҳақиқат метарсанд, пас маҷбуранд дуруғи аввалро бо дуруғи дигар ва онро бо дуруғе дигар ва ҳаминтавар асоси худро бар дуруғ ниҳода пинҳон мекунанд. Албатта гоҳ ҳақиқат равшан мешавад ва баъзе аз онҳо расво мегарданд, аммо чун дар пушти онҳо боз гуруҳҳои сармоядорӣ қарор доранд ва маҳви низомоти инчунинӣ нобудии онҳо хоҳад буд, зуд рангашонро дигар мекунанд ва кӣ дид, кӣ надидро пеша мекунанд ва қазияро каан лам якун пиндошта ҳоким ва номзади ҷадидро аз остин берун мезананд, то боз он бошад, ки онҳо мехоҳанд.

Шояд тасаввури баъзеҳо ин бошад, ки бигзор ҳоким ҳукумат кунад, ҳамин ки мо озодона намозу рӯза ва дигар боварҳои худамонро дорем ҳазорон бор шукри Аллоҳ! Аммо ин гуруҳ ҳеҷгоҳ ба ин ҳақиқат нарасидаанд, ки намешавад дар як замон ду ҳоким дар баробари ҳам бошанд ва мо иддао кунем зери ҳарду ҳукумат зиндагии солим хоҳем дошт! Оё касе қабул мекунад, ки ҳам Аллоҳ ҳокими ӯст ва ҳам фалон шахс? Қатъан инро касе тасдиқ намекунад, ё ин ва ё он.

Бале, агар он шахси ҳоким муҷрӣ ва мутиъи амри илоҳӣ бошад ва бо хосту иродаи мардумаш ҳукумат кунад фабиҳал мурод, аммо оё метавон ҳокимеро тасаввур кард, ки аз Худо итоат дошта бошад, вале ҳаққи мардумашро поймол кунад?

Албатта акси он, ки ҳаққи мардумро риоят кунад, вале аз Худо итоат накунад тасаввураш осон аст!. Вале ҳарду ҳолаташ дар Ислом мардуд ва маҳкум ба бутлон хоҳад буд.

Ҳазрати Алӣ(а), халифаи чаҳорум Расули Раҳмон(с) мефармояд: оё ҷоиз аст, ки ман бо ситам бар мардумам бар душманонам пируз шавам?!

Исломи ноб, на он равиши ҳукумат бо зур ва зулмро ва на ин равиши навини ҳукуматдории демокросиро, ки бар мабнои таблиғи дуруғ, тазвиру татмиъ ва гоҳ терору зулми пинҳон ниҳода шудааст қабул надорад ва ҳатто он тасаввурро, ки агар наметавони мисли онҳо бошӣ, пас дар озодии маҷиду хонақоҳат бимон ва шукри Аллоҳ кун, рад мекунад ва айни руҳбонияти масеҳӣ, ки мардуд аст медонад. Ҳатто барои касоне, ки ҳар кадом аз ин равишҳоро қабул кунанд, бо ҳар ҳадафе бошад азобҳои дунявӣ ва ухравӣ таъйин мекунад.

Идома дорад

САЙИД АКБАРЗОДА

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.