«Амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар» фаризаи фаромуш шуда

64

46047_orig

Дар қисми аввал, масъалаи «Амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар» ва ҷойгоҳу аҳамияти онро ёдовар шудем, дар идома чанд масъалаи дигар дар ин мавзуъ баён мегардад.

Ҳамонтавре, ки ба ҳамагон маълум аст, Расули Худо(с) онгоҳ, ки маъмур ба иблоғи дин ва даъвати мардум ба Ислом гаштанд, то се солаи аввал, ҳеҷгӯна фаолияти ошкор, балки ҳеҷгӯна таблиғи динӣ надоштанд, балки бо чанд нафар аз хонаводааш, аниқтараш бо ҳазрати Хадиҷа(рз), ки ҳамсараш буд ва бо Али(рз), ки дар хонааш зиндагӣ мекард ва бо Зайд, ки ғуломи Хадиҷа(рз) буд ба анҷоми амалҳои диниашон машғул мешуданд. Албатта дар ин миён, касоне, ки дар зоташон покӣ ва гароиш ба ҳақ вуҷуд дошт ва ё ба ҳазрати Муҳаммад наздигӣ доштанд ҳам ба ҳадафи Паёмбар огоҳ гашта Ӯро ҳамроҳӣ карданд, ки ҳазрати Абубак(рз) аз пешқадамон дар ин замон буд. Ва албатта дар давоми 23соли ҳидояти мардум, чӣ аз арабу чӣ аз аҷам, он ҳазрат марҳила ба марҳила ва бо риояти замону маконҳо аҳкому фароиз ва ақоидро ба мардум иблоғ мекарданд ва дар иҷрои он зарофату мудирияти замонро бисёр бо аҳамият медонистанд. Метавонем намунаҳои қуръонии зиёдеро ҳам барои ин масъала ёдовар шавем, ки манъи шурби хамр дар марҳилаи аввал, фақат дар вақти намозҳо ва манъи ҳамешагии шурби хамр дар марҳилаи баъд, аз ин қисм аст.

Аммо, он чизе, ки аз ин равиши қуръонӣ ва суннати набавӣ ба даст меояд, ин аст, ки масъалаи таблиғ, тарвиҷ, ташвиқ ва дар ниҳоят амру наҳй, роҳкор ва зарофатҳои зиёде дорад, ки бояд риоят шавад, то ҳам дин иблоғ гардад ва ҳам диндорон амал кунанд. Дар инҷо ишорае, хоҳем намуд ба чанд масъала ҷиҳати анҷоми беҳтари фаризаи «Амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар» дар ҷомеа.

  1. Шароити «Амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар».

Бешак, барои ҳар коре, шароит, замина ва имкониятҳое лозим аст, то он кор анҷом гардад. Ҳар миқдор ин шароит беҳтар ва омодатар бошад, кор хубтар ва муассиртар хоҳад буд ва ҳарҷо камбуд бошад, корро сахт ва номаъқул мегардонд. Дини Ислом ҳам дар масъали «Амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар» инро дар назар гирифта аст ва барои он шарту шароитеро мушаххас намудааст.

Аввал: шинохти «маъруф ва мункар»; он касе, ки мехоҳад фаризаи муҳими «Амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар»-ро иҷро кунад, бояд ба ҳақиқати он, ба маъно ва мафҳум ва аниқтараш ба мисдоқҳо ва мавридҳои «маъруфу мункарот» ошноӣ дошта бошад. Албатта, мақсад ин нест, ки ба ҳама ончӣ маъруф аст ва ё мункар огоҳ бошад, балки он мавридеро, ки мехоҳад амр ва ё наҳй кунад, бишносад ва ҳукми онро бидонад. Ин ба мисоли шахсе аст, ки медонад мусофире роҳро хато рафтааст ва ӯро роҳнамоӣ накунад ва ё шахсе, ки роҳро намедонад, вале мусофирро роҳнамоӣ мекунад; ин ду, аз ин назар, ки дар аввалӣ ҳақро нагуфтааст хатокор ва дар дуввумӣ ноҳақро гуфтааст хатокор пиндошта мешаванд, айни ҳамон чизе, ки дар кодекси ҷиноятии ҶТ омадааст «ҳаракат ва ё бе ҳаракатӣ»-е, ки сабаби эҷоди ҷурме шавад, худ ҷурм аст(модаи 17).

Дуввум: эҳтимоли таъсиргузорӣ; қонунгӯзорон ҳеҷгоҳ қавонинро бе ҳадаф ва фақат барои огоҳӣ ва ё ҳатто барои иҷроӣ шудан, наменависанд, балки онро тавре танзим мекунанд, то дар канори имкони иҷроӣ шуданаш, ҳадафро ҳам бароварда намояд. Агар мисоле аз зиндагии имрӯзии ҷомеаро дар назар дошта бошем, вақте як маъмури назми худравҳо мехоҳад фармони ист ва ё ҳаракат бидиҳад, бар асоси огоҳӣ, таҷриба ва ё масъулияте, ки дорад, якеро манъ ва дигариро ба ҳаракат водор мекунад, ҳол, агар ин амру наҳйҳои ӯ аз фақат ба дилхоҳ бошад, ҳадафу мақсадаш назму тартиб набошад, қатъан акси ончӣ мехоҳад пеш меояд ва онҷо, ки набояд тасодуфе пеш ояд, бо фармони ғалат ва ё нобаҷои маъмур, тасодуф хоҳад шуд. Пас, ин маъмур бодя ҷанбаҳои гуногӯн ва замону маконро хуб бишносад ва онгоҳ фармони ист ва ё ҳаракатро содир намояд, то ҳам фармонаш қобили иҷро бошад ва ҳам натиҷаи он назму тартиби ҳаракати мошинаҳо бошад. Инро дар боби «Амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар» ҳамчун асл, дини Ислом матраҳ намудааст ва суннати Расули Худо(с) ва асҳобу бузургони дин, то ба имрӯз ҳамин будааст, ки баъд аз огоҳӣ, эҳтимоли таъсиргузор будани «Амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар» дар мухотабон, барои фарзи айн шудани он, зарур аст. Би дигар иборат, агар гуноҳе пеш омад ва муъмине онро дид, бар ӯ фарзи айнист, ки «Амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар» кунад, аммо агар медонад, ки гуфтааш ба сабабҳое бе таъсир хоҳад буд, фарзияти ин масъала дигар собит нест.

Севвум: такрор ва ё исрор бар гуноҳ; Имрӯза равоншиносон, ба ин масъала расидаанд, ки агар гуноҳкор ва муҷрим, эҳтимол дода шавад, ки аз рӯи хато ва нофаҳмӣ гирифтори он гуноҳ шудааст, набояд зиёд сарзаниш шавад, балки дар ҳадди ниёзаш огоҳӣ дода шавад, то худашро ислоҳ намояд, аммо агар баъд аз ҷурмаш, ба он таъкид кунад ва ё такрор намояд, ҳукми қонун иҷро гардад. Дини Ислом, аз асрҳо пеш ин масъаларо баён намудааст, ки намунаи он тадриҷ дар таблиғ, ошкор накардани айбу гуноҳи дигарон(сатторул уюуб будан), ҳаром будани туҳмату ғайбат, қабули тавба ва бахшиш аст. Бар ин асос, агар гуноҳе дида шуд ва ё гуноҳкоре баъд аз гуноҳаш мушоҳида шуд, бояд барои «Амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар» аввал маълум гардад, ки ӯ аз кораш пушаймон аст ва ё аз рӯи огоҳӣ ва ё хато онро анҷом додааст? Бар асоси таълимоти динӣ, вақте ин фариза айнӣ мегардад, ки муҷрим ва гуноҳкор, бар кори худаш исрор варзад ва ё қасди такрори онро дошта бошад, вале агар худаш ба хатояш огоҳ шавад ва барои ҷуброн талош намояд, дигар ёдоварӣ ва ё ошкор намудани он назди дигарон, изои муъмин ва ҳаром хоҳад буд.

  1. Фарзи айнӣ ҳамагонӣ будан.

Аз назари шариати муҳаммадӣ(с) баъзе фаризаҳо ҳамагонӣ аст ва бояд ҳар мусалмоне онро амал кунад, ҳамчун «намоз, рӯза, ҳиҷоб, ҷиҳод ва закот», «Амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар» ҳам аз ин қабил фаризаҳо ба шумор меравад. Аз Расули Аллоҳ(с) ривоят аст, ки фармуданд: «Куллукум роъин ва куллукум масъулун ан раиятиҳ» ҳамаи шумо подабон ҳастед ва ҳамаи шумо дар баробари подаатон масъул ҳастед». Чунон, ки аз ин сухани набавӣ ба даст меояд, ва ҳамчунин аз оятҳои қуръонӣ фаҳмида мешавад, амри ба маъруф кардан ва ё наҳйи аз мункар намудан, барои ҳар кадом аз шаҳрвандони мусалмон фарзи айнӣ хоҳад буд. Ин тавр нест, ки як кас маъмури ин кор бошад ва дигарон назорагар ва ё бе аҳамият, балки тавсия ва роҳнамоӣ ба ҳаққу ҳақиқат, асосан яке аз шохисаҳо ва нишонаҳои муъминон аст, ки бо истифода аз оятҳои ду ва севвуми сураи Аср, ба он ишора шуда буд. Ин маврид, ҳатто дар дини Ислом байни мардум ва ҳокимон ҳам содиқ аст, яъне агар халифае дар ҷомеаи исломӣ хатое кунад, бар мардум аст, ки ӯро гоҳ кунанд ва агар такрор намуд, ӯро азл ва ҷойгузин намоянд. Албатта, воқеият ин аст, ки имрӯза дигар он навъ ҳокимону ҳукуматҳо мутасаввир нест, вале бар асоси ҳамин қавонини мавҷуд дар кишварҳо, ҳар шаҳрванд ҳақ дорад ҳокимон ва маъмурони ҳукуматиро, агар хатое кунанд, дар чорчуби қонун амру наҳй намоянд, балки агар ҷурму ҷиноятеро, аз ҳар шахсу мақоме, мушоҳида намоянд ва аз он пешгирӣ накунанд, худ ба ҳукми қонун (модаи 17 қонуни ҷиноӣ) ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, пас, бояд ба ҳукми шаръ ва қонун, ҳар шаҳрванд ба вазифаи худ амал кунад ва асли шаръӣ ва қонунии «Амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар»-ро дар кору зиндагии шахсӣ ва иҷтимоияш амалӣ намояд.

  1. Истифода аз дасгоҳ ва имкониятҳои шахсӣ ва умумӣ.

Барои беҳтар ва муассиртар будани натиҷаи амал ба ин фаризаи шаръӣ ва қонунӣ, бояд имкониятҳои моддӣ ва маънавӣ дар чорчубаи қонунҳои шаръӣ ва маданӣ ба кор гирифта шавад. Қатъан, агар як дасгоҳ ва ё як гурӯҳ ва ҳатто як нафар нахоҳад бо қонун ҳамроҳӣ намояд ва ё монеае бар сари роҳи ҷироӣ шуданаш эҷод намояд, муҷриён ва амалкунандагон ба он қонун камтар метавонанд вазифаи худро анҷом диҳанд ва албатта таъсироташ ҳам камтар хоҳад буд. Дар инҷо ишорае хоҳем намуд ба чанд ниҳод, дасгоҳ ва имконияти мавҷуд дар кишварҳо, ки метавонанд дар роҳи иҷроӣ шудани қонуни «Амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар» ва қонуни асосӣ, маданӣ ва ҷиноии кишварҳо фаолият намоянд.

  1. Олимон: аз назари дин, ҳар олиме дар ҳадди илму тавонаш маъмури таблиғу тарвиҷӣ Ислом ва маорифи динӣ аст. Олими мусалмон фаризаи «Амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар»-ро як вазифаи асосӣ барои худ медонад. Аз назари қонун ҳам, онҳое, ки аҳли илм ҳастанд ва метавонанд мардумро аз ҳанҷорҳо ва ноҳанҷорҳо огоҳ намоянд, бояд вазифаи машварат, таҳия ва танзими қонун ва роҳкорҳоро бар уҳда гиранд, чунон, ки битавонанд қавонини воқеӣ, қобили иҷро ва фоиданокро ироа намоянд.
  2. Дорул илм: марказҳои илмӣ ва пажӯҳишӣ, ҳамчун мадраса ва донишгоҳҳо аз назари дин ва шариат вазифаи тарбияти насли ҷавон ва ҳифзи мақому манзилат ва ёди бузургон ва гузаштагонро бар ӯҳда доранд. Ин ниҳод, бояд даромаду баромадаш ва тамоми барномаҳояш ҳамчун сармояҳои шаръӣ ва миллӣ дониста шавад, пас, набояд ҳеҷгуна моли ҳаром ва гуфтору рафтори ғайри динӣ ва зидди инсонӣ дар онҳо ҳоким бошад. Вуҷуди амали гуноҳе ҳамчун ришва ва ё дигар гуноҳон дар миёни устод ва шогир ва фазои мадраса ва донишгоҳ, сабаби вайронии пояҳои илмию инсонии муҳассилон мегардад ва ҷомеаи оянда ҳам бо ҳамон тафаккур пешбарӣ мешавад. Устодони мадрасаи динӣ ва донишгоҳҳои миллӣ, бояд худсохта, исоргар, озодандеш ва олим бошанд ва шогирдон ҳам дар пайравӣ аз онҳо, ба дараҷоти болотаре аз онҳо фикр кунанд, то ҷомеаи оянда ба ончӣ сазовор аст ноил гардад.
  3. Қувваи қазоӣсуди олӣ: бояд додгарони шариат ва миллат, шахсони одил, олим ва дорои қонуни ҷомеъ бошанд. Агар қувваи қазоӣ ва суди динӣ ва миллӣ адолати фардию иҷтимоиро надонад ва ё амалӣ накунад, аз назари шариат ва қонун ҳукмаш ботил ва пуштибонӣ шаръӣ ва қонунӣ ва ақлӣ надорад. Агар дида шавад, ки қозие ҳукм бар хилофи шаръу қонун кардааст, бояд ӯ огоҳ шавад, агар исрор бар он намуд манъ шавад ва агар нашуд, бояд аз тарафи мардум амалӣ нагардад. Пас, бояд ниҳоди судӣ ва додрасӣ дар болотарин дараҷаи ахлоқу имон ва бовар ва қонунмадорӣ қарор гирад, то ҷомеаи мақбул ташкил гардад.
  4. Ҳокимият: аз дидгоҳи шариат ҳеҷгоҳ шахси поинтар бар болотар ҳукумат надорад, балки муъминон, бояд бартарин инсонҳо, тавонотарин ва муъминтаринҳоро ба ҳокимият баргузинанд, то бар асоси шариат ва қонун ҳукмҳоро иҷроӣ намояд. Пас, агар ниҳоди ҳокимиятӣ худ дорои сифатҳои шаръӣ ва инсонӣ набошанд, наметавон интизори пешбарӣ, ҳидоят ва ё амру наҳйи маъруфу мункаротро аз онҳо дошт, балки худ ниёз ба ин доранд, ки дигарон онҳоро ҳидоят намоянд.
  5. Масҷид: ниҳодҳое, ки маъмури корҳои фарҳангӣ ва миллӣ ҳастанд, ҳамонанди вазифаи масҷид дар шариатро доранд. Аз назари шариат, масҷид як ҷойгоҳи иҷтимоӣ, сиёсӣ, илмӣ, ақидавӣ ва ибодат аст, ки вуруду хуруҷ дар он барои ҳар инсоне озод аст. Балки ташвиқоту тарғиботи зиёд барои ҳузури ҳамагонӣ дар масҷди шудааст. Чунон, ки имрӯза дар бисёре аз давлатҳо ва миллатҳо сармояи зиёд гузошта мешавад то мардум барои ҳузур дар як макони фарҳангӣ, ҳамчун теотр ва синамо ташвиқ шаванд, вале Ислом ин масъаларо аз рӯи бовар ва ақида барои ҳар муъмин тавсия намудааст ва бо хостаи қалбӣ, ҳаррӯз панҷ вақт ба масҷид муроҷиа мекунанд. Истифода аз ин имконият, ҳам барои олимони динӣ ва шариат ва ҳам масъулони ҳукуматӣ зарурист. Боз гуфтанист, ки дар бисёре аз кишварҳо, аз масҷид ҳамчун ниҳоде иҷтимоӣ баҳраҳои зиёде бурда мешавад, аз ҷумла шароити варзиш, теотр, мунозираҳои гурӯҳӣ, ҷаласаҳои қуръонӣ, маорифи динӣ ва миллӣ ва ғайра. Дастгоҳҳои фарҳангии ҳар кишвар метавонанд бо истифода аз имомхатибони масҷидҳо ва масъулини теотр ва синамоҳо ва дигар ниҳодҳои фарҳангӣ, вазифари ҷамъоварӣ ва иршоду ҳидояти ҷавонон ба сӯи шариату қонунмадориро омузиш диҳанд.

Сайид Акбарзода

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.