ДӮСТОНИ ШАЙТОН

118

index1

Шайтон дар гӯиши арабӣ, он мавҷудест, ки саркашӣ мекунад ва аз рафторҳои табиӣ хориҷ мегардад, чӣ он аз ҷинси инс бошад ва ё ҷин; махлуқи махсусе нест. (Муфрадоти алфози Қуръон, Роғиб, с.454, вожаи шатана).

Шояд бар ҳамин асос Қуръони Карим онҷо, ки аз вожаи шайтон истифода кардааст, гоҳ онро ба инсонҳо ва гоҳ ба ҷинҳо, нисбат медиҳад.

Аммо дар як нигоҳ, он чӣ гӯяндагон аз вожаи шайтон қасд мекунанд, дар марҳилаи аввал ҳамон махлуқест, ки Иблис номида мешавад ва дар ривоятҳо Азозил ҳам гуфта шудааст; дар рӯзи амри ба саҷда аз тарафи Худои Мутаъол, ӯ саркашӣ намуд ва аввалин мустакбири даргоҳи илоҳӣ ва раҷим аз даргоҳи муқаррабонаш шуд.

Дар оятҳои 41 то 45 сураи Марям онҷо, ки Иброҳими Халил(а) бо Озар дар бораи бутпарастӣ муҷодила дорад, дар канори ёдоварии масъулияташ ва бетаъсир будани бутҳо дар зиндагии инсонҳо ва ин ки барояш илме бартар овардааст, аз ӯ мехоҳад шайтонро ибодат накунад, чун Шайтон худ нисбати Худо саркашӣ кард; пайравӣ аз Шайтон ӯро ҳам ба душмании Худо мерасонад ва ба ҷои Худо дӯсти Шайтон шавад.

Бо ин сӯхан, гарчӣ шайтон як исми муштарак байни махлуқот, аз ҷину инс ва ҳатто ҳайвоноти дигар аст, аммо вақте касеро ба шайтон нисбат медиҳанд мақсуд ҳамон Иблиси раҷим аст, ки аз оташ, қабл аз хилқати Одам(а) халқ шуда буд, вале дар ҷашни хилқати Одам(а) ва имтиҳоне, ки Аллоҳ Таъоло аз малоика дар баробари Одам(а) гирифт ва онҳо натавонистанд бар Одам(а) бартарӣ ёбанд, амр шуд ҳамагӣ ӯро саҷда кунанд; ҳама саҷда карданд, магар Иблис, ки аз саркашон буд ва мустакбир шуд. Аз он замон, Иблис аз Худованд изн хост, то зинда бошад ва Худо ӯро то рӯзи мавъуд фурсат дод; ӯ қасам ёд кард, то он рӯзе, ки ҳаст насли одамиро гумроҳ кунад, магар касонеро, ки мухлас ва худоӣ шудаанд.

Худоӣ шудани баъзе ва шайтони шудани баъзе дигар

Бар асоси муҳлате, ки Иблис аз Холиқи ҳастӣ гирифтааст, ӯ ҳамеша аз пасу пеш, болову поин ва росту чап инсонҳоро васваса мекунад, то аз ҳаққу ҳақиқат гӯмроҳашон гардонад. Ҳарчанд, гоҳ худи инсонҳо ҳам навъе аз он мешаванд ва меҳмони нохондаи суфрааш мегарданд. Аз ин гурӯҳ ғайбатгарон, золимон, ҳақхурон, мутаассибони бе илм ва ҳасудони бе имон ҳастанд, ки кори шайтонро осон кардаанд ва худ шайтоне инсӣ шудаанд, онҳо сифати шайтониро бар сифати худоӣ тарҷиҳ дода, худро ба ҷои илоҳӣ шудан шайтонӣ намудаанд. Фикру зикрашон молу милк, мақому мансаб шудааст; барояшон инсоният дар ҳадди худ ва агар бар зараршон набош, хешу таборашон маъно пайдо мекунад ва бештар аз онро, чун худ соҳиби ҷоҳу мақоме шудаанд, банда ва навкарӣ худ мепиндоранд, бояд дигарон кор кунанд ва онҳоро таъмин намоянд; имрӯза ин сифат дар ҳадди аълояш дар ҳукуматҳои худкома ва худбин, мустакбирони дохилӣ ва ҷаҳонӣ намоён шудааст. Ҳар чанд дар Қуръони Карим мисолҳои зиёде аз ин гурӯҳҳо, ҳамчун Фиръавну Намруд, Абраҳа ва Абулаҳабу Абуҷаҳл омадааст, аммо имрӯза шояд дигар ниёз ба ин набошад, ки зиёд талош кунем, то мустакбирони ҳазорон сол пешро бишиносем, то маънои онро бифаҳмем, балки, ё аз тарафи худамон ва ё аз тарафи атрофиён, ё ҳукуматамон ва ё ҳукуматҳои атрофамон намоди комиле аз мустакбирӣ ба намоиш гузошта шудааст. Бояд донист, ки бутпарастӣ, ки Худованд онро дар сураи Марям дӯстӣ бо шайтон ва ибодати он маъно кардааст, имрӯза дар шаклҳои дигараш падидор шуданаш мумкин аст; пайравӣ аз ҳокимони золим, ҳамроҳӣ ва ҳамнишинӣ бо золимон, ғосибон, пулпарастону дунёталабон, худ навъе бутпарастӣ ва дустӣ бо шайтон ва инсонҳои шайтонӣ аст. Ҳамнишиние, ки мумкин аст инсонро аз хилқати илоҳияш ба сирати шайтонӣ бикашонад. Худои Мутаол дар сураи Аср ин масъаларо ингӯна баён мекунад, ки инсонҳо дар хусрон ва гумроҳӣ қарор мегиранд, магар онҳое, ки муъмин шаванд ва ҳамдигарро ба ҳақиқат тавсия ва роҳнамоӣ намоянд, вале ҳамеша будаанд касоне, ки монеи ин шуда, ба тахрибу вайронии масҷиду минбарҳои динӣ талош кардаанд, онҳо золимтарин ва шақитарини махлуқот ҳастанд. Ин гурӯҳ дар пасттарин дараҷаи инсоният қарор доранд; инҳоянд, ки гӯшҳои худро бастаанд ва дигаронро бо равишҳои гуногун аз шунидани ҳақоиқ манъ мекунанд; тарвиҷу тасҳили истифода аз тарабхонаҳо, рақсу бозӣ, туҳмату дурӯғ, тавҳину ифтиро ва даҳҳо гуноҳи хурду бузурги дигар дар баробари манъи масҷиду минбарҳои ҳақгӯ, аз роҳҳои кару гунг ва кур кардани инсонҳост, то ҳақро набинанд ва нашунаванд, то онро напазиранд. Аҳли куфру исён хуб медонанд, ки агар ҷавонони пок, ҷавонони илмомӯз битавонанд ва имконияти онро пайдо кунанд, то дар канори дарсҳои донишгоҳияшон сӯхани мулло ва масҷидро бишнаванд, бе шак ба он гароиш меёбанд ва аз зиндагии дунёӣ ва сиёстабозии ботили имрӯзи даст мекашанд, онгоҳ ҷое барои шайтонсифатону фиръавнсиратон нахоҳанд монд, агар ҷавони донишҷӯ ва аҳли илму зиёӣ ба ҳаққе, ки шояд то кунун ба гӯшаш нарасидааст ва ё иҷозаи шунидан ва ё амалашро надоштааст, даст ёбад, виждони инсониаш ва фитрати покаш ба он рӯ мекунад ва ҳақиқатро бар ботил, худоӣ шуданро бар шайтонӣ зистан ва худопарастиро бар бутпарастӣ тарҷиҳ медиҳад. Дар Қуръони Карим оятҳои 2.1 ва 2.2 аз сураи Аъроф, аз ингӯна инсонҳо, ки ҳар сифате аз сифатҳои шайтониро бар худ гирифтаанд ва дар ҳақиқат монеи пешравӣ ва кашфи ҳақиқат шудаанд, ба номи «ихвони шайтон» ёд мешавад.

Ҳар инсон барои дурӣ аз шайтонишудан, бояд аввали сафатҳои Иблисро бишносад, онгоҳ зиндагии худро дур аз онҳо бисозад. Сифатҳое ҳамчун «ғурур, такаббур, истикборӣ, нажодпарастӣ, саркашӣ, гуноҳ», сифатҳои хосси Иблис номида шудаанд, сифатҳои дигаре, ки байни Иблис ва шайтонҳои дигар муштарак аст, дар маҷмуъ, ҳар навъ «зиштӣ, палидӣ, ноҳанҷорӣ, қонуншиканӣ, рибо, ришва, ҳақхӯрӣ, ноадолатӣ, таассуби беҷо, нодонӣ ва ғайра аз сифатҳои шайтонист. Ба ҳамин сабаб дар Қуръон, ҳар навъ исроф, майнушӣ, қимор, фаҳшу зино ҳамчун сифати шайтонӣ муаррифӣ мешаванд.

Иблис бандагони Худоро бо ёрии шаётини дигар, аз инс ва ҷин, бо равишҳои гуногун гумроҳ мекунад. Ҳеҷгоҳ назди олими динӣ бо гуноҳи зино ва ё назди фақир бо гуноҳи золимӣ ва ё назди ҳоким бо гуноҳи тарки намоз намеояд, балки ҳар гурӯҳро бо гуноҳи муносиби худаш фиреб медиҳад. Муллоро бо риёкорӣ, фақирро бо гуноҳи ношукрӣ ва ҳасад, ҳокимро бо зулму ҳақхӯрӣ гумроҳ мекуанд. Ҳарчанд он мулло ва он фақир ва он ҳоким, баъд аз як гуноҳ, гуноҳи дигарро ҳам анҷом медиҳанд, ҳамчун улоғе, ки дар сиёҳчол пойи пешаш гирифтор шудааст ва ҳоло мехоҳад ба пеш ҳаракат кунад!.

Васила ва абзори Шайтон

Шайтон, чун аз Худованд муҳлат хост, ба азамати илоҳӣ қасам ёд кард, ки то вақте ҳаст, бандагонашро гумроҳ кунад. Ҳарчанд дасти ӯ боз гузошта шуд, аммо аз он тараф, Худованд ҳазорон паёмбарро барои огоҳии бандагонаш фиристод, то дар баробари шайтонҳо, онҳоро басирату огоҳӣ диҳанд ва ба фармудаи Аллоҳ Таъоло, ҳаққу ботил аз ҳамдигар ҷудо ва ошкор шудааст, пас, ҳар кас бихоҳад имон биёварад ва ҳар кас бихоҳад куфр варзад.

Аз ҷумлаи роҳҳо ва василаҳои шайтон барои гумроҳии мардум дар баъзе аз оятҳо омадаст: Васваса дар айни ноаён будан(с. Аъроф 27), зебонамоии зиштиҳо дар назари мардум(с. Анфол 48), ҳузур дар осмон ва касби хабарҳо(с. Шуаро 221 ва 223), эҷоди халалҳои рӯҳӣ ва равонӣ(девонагӣ) барои инсон(с. Бақара257), эҷоди фаромушӣ барои инсон(с. Юсуф 42, Каҳф 63), эҷоди тафриқа ва душманӣ байни зану шавҳар(с. Бақара 102) ва муҳимтараш, зиёдии лашкари шайтон нисбати муъминон аст, чун ҳам аз ҷиниён ва ҳам аз инсонҳо дар лашкараш ҳузур доранд.

Чун Иблис ба сабаби саркашӣ аз саҷда ба Одам, аз даргоҳи илоҳӣ хориҷ шуд(с. Оли Имрон 36, Ҳиҷр 17), мехоҳад инсонҳоро ҳам бо худаш бадном кунад ва барои расидан ба ин ҳадаф, аз фиребкорӣ(с. Фотир 5 ва 6), аз шарорат(с. Ҳаҷ 3), аз пинҳонкорӣ(с. Нос 4 ва 5) истифода бурда, ҳам ҷиниёнро бо худ ҳамроҳ мекунад ва ҳам инсонҳоро гумроҳ ва шайтонӣ мегардонад(с. Нисо 117 ва 118, Марям 44).

Сифоти дӯстон ва лашкариёни Шайтон

Ончӣ дар бораи шайтон гуфта шуд, бе шак агар дар ҳар инсоне, ҳар миқдоре ёфт шавад, ӯ худ лашкри шайтонӣ аст. Дурӯғгӯӣ, ҳақхӯрӣ, бе адолатӣ, рибо, ришва, зино, талоқи беҷо, поймолкардани ҳаққи дигарон, тарки намозу рӯза ва ё монеа эҷод намудан барои онҳо, яъне шайтон шудан дар либоси инсоният.

Албатта Аллоҳ Таъоло мефармояд: авлия ва дӯстони Шайтон ҳам дар зиён ва гирифторӣ қарор доранд (с. Нисо 119); онҳо дар гумроҳӣ ва залолат ҳастанд ва аз он раҳоӣ намеёбанд (с. Аъроф 30); азоби дӯзахи абадиро харидаанд (с. Нисо 119-121, Ҳаҷ 3-4). Дар сураи Нисо ояи 76, тоғутҳо ва касонеро, ки роҳи онҳоро боз мегузоранд, авлиё ва дӯстони шайтон дониста, дар ояи 121 Анъом, онҳоеро ҳам, ки дар оятҳои илоҳӣ муҷодила мекунанд ёрони шаётон мешуморад ва дар сураи Аҳзоб оятҳои 59-61, гурӯҳи шойиасозонро ҳам, ки дар миёни мардум ихтилофандозӣ мекунанд, аз азоби илоҳӣ метарсонад.

Натиҷаи дӯстӣ ва ҳамроҳӣ бо лашкраи шайтонӣ

Дустии Шайтон оромишу осоишро аз инсон мегирад, чун он касе, ки дуруғгӯӣ, ҳақхурӣ, зулм, рибо ва ришва ва зулму тааддӣ сифаташ бошад, ҳамеша аз дӯсту душманаш метарсад. Ин ҳолати дӯстони Шайтон дар ояи 175 сураи Оли Имрон ба унвони изтиробу тарс ёдоварӣ шудааст. Ҳамчунин зиёд шудани ихтилофот байни мардум (с. Бақара208), бе обурӯӣ ва ошкоршудани палидиҳои мардум (с. Аъроф27), дурӣ аз тақво ва маҳрум шудан аз неъматҳои илоҳӣ (с. Бақара168), хорӣ ва зиллати мардум (с. Фурқон29), гирифторӣ дар хашми илоҳӣ (с. Муҳаммад 25 ва 28), зиёд шудани фисқу фаҳшо (с. Анъом121, Нур21), монеъ шудан барои расидан ба мақоми болои инсонӣ (с. Аъроф175-176).

Ончӣ имрӯза барои ҳар мусулмон фарзи айн аст, ҳаракат барои эҷоди монеа дар баробари лашкари шайтонӣ ва ҷаҳду кушиш барои таблиғу табйини роҳу равиши худоӣ шудан аст. Бинобар ин, дар ин роҳ, набояд аз шайтонсифатон, шайтонҳои инсию ҷиннӣ тарафдорӣ ва ё пайравӣ шавад, бояд онҳо ва аҳволу осори моддӣ ва маънавии онҳо, шинохта шавад ва бо огоҳибахшӣ ва ҳидояти ҳамдигар ва тавсия ба ҳаққу ҳақгароӣ, худ ва дигаронро аз гирифторӣ дар макру ҳилаҳои ошкору пинҳони лашкари шайтонӣ маҳфуз бидорем.

Поянда ва сарфароз бошед

Сайид Акбарзода

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.