Зарарҳое ки нушидани оби зиёд ба ҳамроҳ дорад

51

45

Оби чашмаҳои куҳистон ва обе, ки мутобиқ ба дараҷаи ҳавои хона  шуда аст, беҳтарин ва муносибтарин нушиданӣ аст

Нушидани оби зиёд чӣ паёмадҳое дорад?

Нушидани оби зиёд як бовари  ғалат аст ва барои тамоми мизоҷҳо, ба хусус касоне, ки мизоҷи сард ва‌ тар доранд мушкилоти зиёде эҷод мекунад .

Имом Ризо (алайҳи салом) дар ҳадисе мефармоянд: Бадани инсон монанди замине аст, ки камобӣ боиси хушк шудан ва  тавлид накардани маҳсулот  мешавад,аммо оби  фаровон  заминро корношоям  ва маҳсулотро мепусонад  ва алафҳои ҳарз рушд мекунанд. Дар ояҳое аз Қурони Карим ба исроф накардан дар хурдан ва ошомидан тавсия шуда аст.  Бар асоси таҳқиқоте, ки донишмандони илми нав анҷом  додаанд ба ин натиҷа  расидаанд ки нушидани ҳашт стакан об дар рӯз ва  нушидани фаровон иштибоҳ аст ва ин ёфтаҳо дар мақолаҳои муътабари дунё ба чоп расида аст.

Об хурданро  дар фасли тирамоҳ  ва зимистон бештар риоят кунем ва то ҳангоме,дучори  ташнагии воқеӣ нашавем  аз хурдани он парҳез кунем.

Ду навъ  ташнагии ҳақиқӣ ва ва ғайривоқеъӣ  дорем.Агар баъд аз фаъолияти бадании зиёд, ҳавои гарм , баъд аз хурдани  ғизои шур ва чарбӣ ташна шудем, ташнагии ҳақиқӣ аст ва бо нушидани миқдори муносиби об бартараф мешавад, вале замоне, ки шахс пайваста  ташна мешавад ва ба об хурдан одат карда аст ва ҳатто бо нушидани об дучори ҳолати дилбеҳазурӣ мешавад, ин ташнагии ғайривоқеӣ ва дуруғин  аст.

Хурдани оби фаровон боиси коҳиши суръат ва ҷараёни кори  мағзи сар, балғами  таги ҳалқ, варам, суст шудани мушакҳо, афзоиши вазн ва заъфи ҳазмкунандагӣ мешавад ва  дар ҳолати афзоиши  сустӣ ва шулии бофти  рагҳои қалб  тапиши қалбро ба армуғон меоварад.

Манбаъ: Хуросон

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.