Мароҳили зиндагӣ аз нигоҳи Қуръони карим

123

 

Қуръони карим мароҳили зиндагии инсонро аз назари тавонмандӣ ба се давра тақсим кардааст:

Худо ҳамон зоте аст, ки шуморо офарид, дар ҳоле ки нотавон будед. Онгоҳ пас аз нотавонӣ қувват бахшид ва сипас баъд аз тавонмандӣ нотавонӣ (ва пирӣ) қарор дод. Ӯ ҳар чӣ бихоҳад, меофаринад ва ҳам ўст донои тавоно.[1]

Давронҳои сегонаи зиндагӣ дар ояти дигар чунин омадааст:

Сипас шуморо ба сурати навзоде (аз шиками модар) берун мефиристад, то ба камоли нерўмандии худ бирасед, сипас то пир шавед.[2]

Даврони ҷавонӣ ҳамон даврони қувват ва камоли нерӯмандӣ аст ва то ҳар замон ки тавонмандии инсон тавдовум дошта бошад, ҷавон хоҳад буд.

Нуктаи зарифе, ки дар ин ҷо қобили тааммул аст, ин ки Ислом дар раҳнамудҳои ҳакимонаи худ рамзи тадовуми ҷавонии ҷону хирадро дар ҷаҳордаҳ қарн пеш ба ҷомеаи башар арза кардааст.

[1] Сураи Рум, ояти 54.

[2] Сураи Ғофир, ояти 67.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.