Сабабҳои зебоӣ ё бенурии кӯдак?

203

 

Бо таваҷҷӯҳ ба ривоятҳои исломӣ ва назариёти табибон ва пешрафти улуму техникаҳои имрӯза собит шуда, ки ғизо дар бенурӣ ва ҳам ба зебоии кӯдак нақши муҳим дорад. Дар ин маврид ба чанд ҳадис аз имомон назар менамоем:

Имом Саҷҷод (а) дар раҳ тифли зебоеро дид ва фармуд: Шоиста аст, ки падари ин кўдак дар шаби ҳамбистарӣ меваи «биҳӣ» хўрда бошад.

Дар ривояти дигар Имом Содиқ (а) фармуданд:

Меваи «биҳӣ»-ро ба занони бордор бихўронед, атфоли шумо зебо мешаванд.

Бо ин дастуруламал маълум мегардад, ки зебоиҳо ва бенуриҳои кӯдак, метавоанд ба дасти падару модар бошад.

Зебоиҳо ва бенуриҳои кӯдак аз кист?

Ибни Сино ҳакими бузургвор, зебоиҳо ва бенуриҳо ва ҳар гуна нуқсони хилқати кӯдаконро ба волидайн нисбат медиҳад ва дар китоби «Қонун» чунин мегӯяд:

1.Яке аз сабабҳои таквин, қувваест, ки аз ҳамон оғоз дар (манӣ) мавҷуд аст, ки шакл додан ва такомули ҷанин ба ӯҳдаи он аст. Ин қувва дар кори худ кӯтоҳ омадааст.

2.Мумкин аст, нуқсону бадшаклӣ ба сабаби ҷудо шудан аз раҳим пайдо шуда бошад.

3.Шояд қундоқ кардан (латтапеч намудани тифл) ва ба даст гирифтани тифл, иллати бадшаклӣ бошад.

4.Гоҳе бадшаклӣ, сабаби бенурӣ аст, монанди афтодан ва зарба хӯрдан.

5.Мумкин аст, тифл пеш аз сахт шудан ва қудрат ёфтани андомаш ҳаракатҳое кардааст, ки сабаби каҷу килебии бадан шудааст.

6.Бемориҳое монанди ҷузом, сил, ташаннуҷ, сустандомӣ ва кашишу ҷобаҷоии аъзо.

  1. Фарбеҳии аз ҳадгузашта ва ё лоғарии беш аз андоза.

8.Мумкин аст иллати бадшаклӣ, варамҳо ва шояд ҳам ҳангоми вазъи ҳамл бошад.

9.Бадшаклӣ гоҳе бар асари захмҳоест, ки мумкин аст асари бад ба ҷо гузошта бошад.[3]

Ҳар гуна сабабҳои бенурӣ ва зебоӣ бо волидайн, махсусан бо модар аст.

Бинобар ин, ҳар як аз ин омилҳо сабаби таркиби бад ва бадшаклӣ мешавад, аммо муҳимтарин сабаби бенурии чеҳра ва бадшаклӣ, бар асари тағзияи бад аст. Хӯрданиҳо ва нӯшиданиҳои кӯҳнашудаву номуносиб дар нутфаи падару модар ва дар ҷанин осори бенурӣ ва ноҳанҷориро ба ёдгор хоҳад гузошт.

Бинобар ин, бенурӣ ва зебоиҳо ва кӯтоҳӣ ё баландии қад ва мавзуниву номавзунии қомати фарзанд, ғолибан аз тариқи виросат, сипас тағзияи волидайн ба вуҷуд меояд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.