Аҳамияти тарбият

62

images

    Тарбият

Ба фарзандони худ эҳтиром гузоред ва бо одоб ва равиши писандида бо онҳо рафтор кунед.

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)

 Аҳамияти тарбият

Фарзанд аз оғози зода шудан то он гоҳ ки аз муҳити хонавода ҷудо мешаванд ва зиндагии муштаракеро бо дигарон оғоз мекунад, ду давраи тарбиятиро бояд бигзаронд:

  1. 1. Даврони кудакӣ, ки аз як то ҳафт солагиро шомил мешавад ва ин замоне аст, ки кӯдак омодагии чандоне барои тарбияти мустақим надорад, чаро ки ӯ дунёи худро намешиносад.
  2. 2. Аз ҳафт то чаҳордаҳсолагӣ, ки дар ин даврон ақл ба тадриҷ рушд мекунад ва барои фаъолиятҳои фикрӣ омода мешавад ва метавонад биёмӯзад ва таълим бубинад.

Дар даврони нахуст, тарбият бояд ғайри мустақим бошад ва ҳеҷ гоҳ амр ва наҳйи тарбиятӣ набояд бо фишори рӯҳӣ ҳамроҳ бошад, балки кӯдак аз тариқи атрофиёни худ бо адаб ва тарбият ошно мешавад ва дар асл пояҳои нахусти ахлоқии вай пайрезӣ мегардад ва аз муҳити худ хотираҳои хуб ва рафторҳои муносибро дар зеҳни худ сабт мекунад.

Дар даврони дуввум низ, набояд кӯдакро озод гузошт ва хатоҳои ӯро нодида гирифт, балки бояд аз беадабиҳои вай пешгирӣ кард. Назм ва инзиботро ба вай омӯхт ва аз бозигӯшӣ ва беҳудагузаронии вақти ӯ пешгирӣ ва ӯро ба корҳои ибодӣ ва некӯйӣ ташвиқ кард.

Мутаасифона бештари мардум намедонанд, ки тарбияти фарзандони худро аз чӣ замоне бояд шурӯъ кунанд. Бархе аз падару модарон бар ин боваранд, ки тарбият пас аз тамом шудани шашсолагӣ ва бархе мегӯянд оғози тарбият аз сесолагӣ аст.

Аммо ин андешаҳо иштибоҳ аст, зеро ҳангоме, ки сесолагии кӯдак тамом шуд 75 % сифоти хуб ва бад дар кӯдак шакл гирифтааст.

Иддае аз равоншиносон бар ин боваранд, ки тарбияти кӯдак аз ҳамон рӯзи аввали таваллуд аст. Аммо бархе дигар то андозае эҳтиёт мекунанд, ки шурӯи тарбияти кӯдакро аз рӯзи аввали моҳи дуввуми зода шудани кӯдак медонанд, аммо дар таҳқиқоти амалии дақиқ дар донишгоҳи Чикаго ба ин натиҷа расиданд, ки:

Ҳар кӯдаки солим тақрибан сатҳи ҳӯши худро 50% дар чаҳорсолагӣ, 30% дар ҳаштсолагӣ ва 20% дар ҳабдаҳсолагӣ ба даст меорад. Пас ҳар кӯдаки чаҳорсола 50% қудрати ҳуш дорад ва таъғироти байни 3 то 4 солаги бештар ва муҳимтар аз таъғироти байни 8 то 9 солагӣ мебошад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.