Илми иқтисод

282

546

Ҳамонтавр, ки пештар гуфтем; ду навъ робитаи иқтисодӣ дорем. Яке равобити табиӣ буд ва дуюм равобити эътиборӣ.

Аз назари равобити табиӣ, илми иқтисод огоҳӣ ба қонунҳои табиат аст. Яъне ин илм як илми назарӣ аст[1] ва ихтиллофи назар дар ин илм ҳамчун ихтиллофи назарҳо дар улуми назарӣ мебошад ва албатта камтар мавриди ихтиллоф қарор мегиранд. Аммо аз назари равобити эътиборӣ, илми иқтисод ба огоҳӣ ва илм нисбат ба равобит аст. Дар ҳамин ҷост, ки баҳси хубу бад ва адолату зулм матраҳ аст ва як баҳси ахлоқӣ эҷод мешавад.

Дар китобҳо маъмулан ин дуро ҷудо накардаанд, ки худ сабаби иштибоҳ ва хатоҳо мегардад. Илми иқтисод ба маънои аввалӣ усулу мабодие дорад. Ҳеҷ кадом аз қонунҳо ва муқаррароти илми иқтисод дар маънои дуюм, таъсиргузор дар маънои аввалӣ нест. Магар дар марҳилае, ки амалӣ шавад ва воқеият ва айният ёбад. Чун умури эътиборӣ ва қарордодӣ аз он ҷиҳат, ки эътиборианд дар умури воқеӣ таъсиргузор нахоҳанд буд, магар баъд аз ин ки дар амал ҷорӣ гарданд. Вале қавоиду қонунҳои илми иқтисоди назарӣ дар илми иқтисоди амалӣ таъсиргузор ҳастанд.

Бояд донист, ки илми иқтисод қисмате аз илми иҷтимоъ аст ва дар бораи равобите, ки аз зиндагии башар дар иҷтимоъ бардошт мешавад, баҳс мекунад…, илми иқтисод фақат робитаҳоеро, ки байни мардум бар асосси таваҷҷӯҳ ба тавлиду тақсими маҳсули кори иҷтимоӣ эҷод мегардад баҳс мекунад. Ин гуна робитаҳоро муносиботи тавлид мегӯянд.[2]

Инҷо мушаххас намекунад, ки мақсад равобити қарордодӣ аст ва ё табиӣ?.

Боз бояд бигӯям оё илми иқтисод ҳамаи робитаҳои тавлид байни инсонҳоро баррасӣ ва рӯи он баҳс мекунад? Не, ба унвони мисол як навъ иқтисоди табииро…[3]

…ҳардуи онҳо бо эрода ва шуури башарӣ идора мешаванд. Ва дар бораи иқтисоди сармоядорӣ, ки ба маҷмӯае аз созмонҳои пароканда ва ғайри мутамаркиз ва номуназзам аст:

пас бояд бипурсем, ки ин иҷтимои номуназзам читавр метавонад ба ҳастии худаш идома диҳад ва таодул байни ниёзҳои мардум ва тавлид чи гуна барқарор мегардад? албатта қонунҳое вуҷуд дорад, ки дар робитаи номуназзами сармоядорӣ таъсиргузор аст, ки бе хосту тамоюли гуруҳи тавлидкунанда таъсири худро мегузорад. Ин аст ихтиллофи шадиде, ки байни ин қонунҳо ва қавонини иқтисоди табиӣ (аз навъи қадим бошад ҳамчун иқтисоди хонаводагӣ ва деҳқонӣ ва ё ҷадидаш мисли иқтисоди иҷтимоӣ ё ҳамон сотсиалистӣ) вуҷуд дорад.

Мавзӯи баҳс ва мутолиаи илми иқтисод ҳамин қонуну қавоиди ибтидоӣ ва аввалия аст, ки назмдиҳандаи робитаи тавлиди иҷтимои сармоядорӣ (тиҷорӣ) мебошад.[4]

Аз инҷо маълум мегардад, ки мақсади нависанда аз равобити иқтисодӣ, ки дар аввали суханаш гуфт робита аз навъи табиӣ аст, зеро робитаҳои эътиборӣ ва қарордодӣ дар иҷтимои аз навъи иштирокӣ низ ҳаст ва ончӣ асоси ихтиллоф байни иҷтимои иштирокӣ ва иҷтимои сармоядорӣ аст, ин аст, ки дар иҷтимои сармоядорӣ қавонини табиӣ идора кунандааст ва дар иҷтимои иштирокӣ қавонини эродӣ ва ихтиёрӣ.

Сипас мегӯяд:

Мумкин аст аз он чӣ гузашт ин гуна бардошт шавад, ки илми иқтисод дар иқтисоди табиӣ қадимӣ ва иҷтимои коммунистӣ, ки ҳардуи онҳо ба воситаи шуурӯ фаҳми ягона идора мешаванд, ҳеҷ гуна ихтиллофу баҳсе надоранд. Албатта барои мутолиаи робитаи тавлидӣ дар иҷтимои оянда, ки бе шакку шубҳа ҳазорон баробар ғомизтар ва номафҳумтар аз робитаи тавлиди иқтисоди табиӣ қадимӣ хоҳад буд ниёз ба илми махсусе аст, ки дар ҳар сурат, онро илми иқтисод наменоманд.

Дар инҷо ин пурсиш аст, ки аввалан оё илми иқтисод махсуси иҷтимои сармоядорӣ аст ва ҳатто дар иҷтимои аввалия ва иҷтимои феудолистӣ маъно нахоҳад дошт? Ё фақат дар иҷтимооте, ки ирода ва шуурӯ фаҳми идора кунандаи он бошад, иқтисод нест ва онҷое, ки қавонини табиӣ бошад маъно дорад?! Он чӣ матраҳ аст, ин ки агар мавзӯи баҳсу мутолиаи илми иқтисод қавонини ибтидоие аст, ки назму идораи робитаҳои тавлидиро дар ҷомеаи сармоядорӣ ва тиҷорӣ ба ӯҳда доранд, таъриф комил нест, аммо агар манзур аз ҷомеаи сармоядорӣ ва тиҷорӣ ҳар иҷтимое бошад, ки мубодилотро дар худ дорад (на он чӣ ки имрӯза аз сармоядорӣ фаҳмида мешавад) дигар бар он таъриф ин ишкол ворид нест. Ва аммо сониян ҳамонтавр, ки дар иҷтимои феудолӣ бар рӯи қавонини хосси иқтисодие такя мешавад, ки ба сармоядорӣ мерасад, сармоядорие, ки ба сотсиалистӣ мерасад, дар иҷтимои иштирокии аввалия ҳам як силсила аз муқаррароте мавриди таваҷҷӯҳ аст, ки табиӣ ва аз ирода ва хости мардум берун аст ва он ҳам ба низоми феудолӣ мерасад. Пас иҷтимои аштирокии аввалия ҳам, бо ин ки бо мрода ва шуурӯ фаҳми инсонӣ аз назари иқтисодӣ танзим шудааст ба ҳукми қонунҳои берун аз мродаи башар ва шуури ҷомеа комил шудааст ва ба тарзу назми низоми Феудол зоҳир гардидааст. Оё он қонунҳо мо-фавқи фаҳму шуури иҷтимоъ дар равобити иқтисодӣ аст? Пас он иҷтимоот ҳам тобеъ ва пайрави қонунҳои номафҳум ва болотар аз фаҳми иқтисодӣ будаанд. Агар он қавонин қонунҳои ғайри иқтисодӣ аст, пас фалсафаи Маркс дар ин робита, ки муҳаррику сабаби асосии чарху гардиши таърих равобит ва доду ситадҳои иқтисодӣ аст нодуруст ва ғалат хоҳад буд.

Сеюман, агар дар иҷтимои коммунистӣ равобити иқтисодӣ ба востаи набудани моликияти фардӣ ва набудани мубодила, беарзишии пул пайдо мешавад ва аз ин ҷиҳат иқтисод вуҷуд надорад, пас маънои ин ки равобити тавлидӣ-ғомизӣ хоҳад буд, чӣ мебошад? Ва агар робитаҳои тавлидӣ вуҷуд дорад, пас чаро илме, ки он робитаро таъриф ва тавзеҳ медиҳад иқтисод нест? Магар ин ки гуфта шавад мақсад аз илми иқтисод илм ба қонуну муқаррароти табиӣ берун аз ихтиёри башар дар равобити тавлидӣ аст.

Дар иҷтимои оянда робитаи тавлидӣ ҳаст, аммо берун ва хориҷ аз иҳтиёри башар нест ва қавонин ҳам табиӣ нестанд, иродианд.

Афъолу услубҳои иқтисодӣ ҷузъҳои як низоми комиле, ки тамоми он тавассути донишмандон сохта ва пардохта шуда ва баъд барқарор гардида бошанд нест, балки як қисм ва роҳҳои хоссе аст, ки ихтироъкунанда ва тарроҳи онҳо маълум нест, аммо бар асоси тағйироту таҳаввулот ва иқтизооту ниёзмандиҳои башар, такомул ёфтаанд ва ё ҳифз ва гоҳ матруку фаромӯш гаштаанд. Пул, қимату арзишҳо, бозор, суду фоида, зарару хасорат, музду корпулӣ, сармоягузорӣ, молиёт ва андоз, ва дигар вожа ва луғатҳои иқтисодӣ номҳое аст, ки барои муассисаҳо ва ихтироъу навоварӣ ва ҳунару кор ва…, дар давоми таърихи башарӣ дар равобити иқтисодӣ ва зиндагиашон вуҷуд доштааст[5].

Иқтисод ба рафторе гуфта мешавад, ки бо роҳҳо ва абзору васоиле, ки инсонҳо маошу ниёзмандиҳои худро таҳия мекунанд, иртибот дошта бошад…

Калимаи Экономӣ аз Экономус (юнонии қадим) аст, ки ба маънои идораи манзил ва тадбир дар он аст… .

Афкори иқтисодӣ аз аввал шомил ва дарбаргирандаи амри қазоват дар боби беҳтарину бадтарин равиши кор ва қабули як равиши муайян буда ва дар кул мафҳуми назм ва ба даст овардани беҳтарин натиҷаро дорад. Дар бораи идораи иҷтимоъ, ҳадафи афкори иқтисодӣ ва мавзуи ақоиди иқтисодӣ таъйини равише аст, ки манофеи иҷтимоиро ба беҳтарин сурат таъмин ва равиши кор ва барнома барои он иҷтимоъро таъйин намояд. Ақоиду боварҳои иқтисодӣ ҳамеша бо дастурҳои ахлоқӣ дар бораи тарзу навъи кор ва тартиби тақсими маҳсулот ҳамроҳ будааст.

Ин таъриф барои афкор ва ақоиди иқтисодӣ мунтабиқ ва мувофиқ бо фалсафаи иқтисодӣ яъне макотиби иқтисодӣ аст. Ба иборати дигар бо равобити эътиборӣ ва қарордодӣ ва ҳамчунин бо иқтисоди барномаие, ки аз тарафи теорисянҳо ва фалосафа ва адён пешниҳод мешавад. На бо илми иқтисод ба маънои илми баёни қавонини лояшъур-номафҳум ва кӯркӯронаи ҷомеаи сармоядорӣ, ки аз китоби Усули илми иқтисод нақл кардем[6]. Аз ин ҷиҳат, бояд ба дигар китобҳои иқтисоди ҳам муроҷиа шавад.

Китоби Донишмандони иқтисод:

Аз мутолиаи навиштаҳои олимони қадим ва қуруни вусто метавон чунин натиҷагирӣ дошт, ки дар давраҳои мавриди назар, илми иқтисод хусусиятҳои зеринро доро будааст:

Илми иқтисод маҷмӯае аз равишу роҳҳои иқтисодие, ки дар як замон вуҷуд дошта набудааст, балки маҷмӯае аз ақоиду афкор ва боварҳое аст, ки аз равишҳои зикр гардида бардошт ва истинбот мешудааст. Илми иқтисод маҷмӯае аз қавонини шабеҳ ба қонунҳои илмҳои табиӣ, монанди қонунҳои илми физик ва илми химиявӣ, ки битавонад бо абзори таҷрибавӣ ва озмоиш, исбот гардад ва ба василаи он вуқуъ ва пешомади иттифоқотро пешбинӣ ва дар ҳар замон ва маконе содиқ бошад набуда, балки ақоиде будааст, ки бо вазъи иҷтимоот ва одати мардум ва дар дараҷаи тамаддуни онҳо тағйир мекардааст.

Илми иқтисод иборат аз тавсифи воқеӣ ва бидуни дар назар гирифтани қазияҳои иқтисодӣ набуда, зеро тамомии боварҳо ва ақидаи иқтисодӣ барои манзурҳои хоссе ғайр аз таҷзия ва таҳлили воқеии қазоё аз қабили манзуру ҳадафи аҳлоқӣ ва манзури маданӣ ё дифоъ аз низоми гузашта ё ҳол ва ё пешниҳодгашта барои оянда баён ва сохта шудааст. Илми иқтисод шӯъба ва қисми ҷудо аз дигар шууну ниёзмандиҳои ҳаёти башарӣ ҳамчун зиндагии сиёсӣ ва иҷтимоӣ ва ё ҳунарӣ ва мазҳабӣ ва ахлоқии ӯ набудааст.

Аз ҳамаи инҳо истифода мешавад, ки манзури Ҷурҷ Совел аз илми иқтисод, мактаби иқтисодӣ аст ва ба иборати дигар иқтисодро барномае медонад, ки фан ва дастурӣ аст. Аз ин назар ороу ақоид ва боварҳо дар бораи он фарқ мекунад. Сотсиалистҳо ҳамчун копиталистҳо, як теорӣ ва барномаи иқтисодӣ доранд, ки бар хилофи назари матраҳшуда дар китоби Усули илми иқтисод, (назарияе, ки иқтисодро илм ба қонунҳои табии медонад ва дар ҳолати озодии иқтисод ва шахсӣ будани он хоҳу нохоҳ бар равобити тавлидӣ таъсир мегузорад ва ҳоким мегардад) аст.

[1] Аз ин ҷиҳат ҳам ду ҷанба дорад. Аз як тараф як илми сода ва тавсифӣ, ки робитаи иллату маълулҳоро маълум мекунад ва аз тарафи дигар як фан аст, ки пешниҳод медиҳад, ки беҳтарин равиши иқтисодӣ аз назари худи сарват чист!. Ихтиллофи назар байни савдогарону физюкротҳо (тарафдорони тасаллути табиат бар дигар чизҳо! Табиатгароӣ) ва мактаби клосик дар ҳамин ҷиҳатҳо аст. Аммо байни сармоядорону таодулгароҳо ё ҳамон Сотсиализм бештар дар ҷанбаҳои ахлоқӣ ва адолат аст. Дар масъалаи рақобат ва ин ки оё хуб аст ва ё бад, аз масоили фанни иқтисод ба шумор меравад.

[2] Китоби Усули илми иқтисод/ с.5

[3] Китоби Усули илми иқтисод/ с.6

[4] Китоби Усули илми иқтисод/ с.7

[5] Ақоиди олимони бузурги иқтисод, Ҷорҷ Совел

[6] Бояд гуфт, дар асари тафкик ва ҷудо накардани тарафҳои эътиборӣ ва ахлоқӣ аз ҷанбаҳои илмӣ ва фаннӣ дар онҷо, ки мегӯянд: Хадафи афкори иқтисодӣ ва мавзӯи бовару ақоиди иқтисодӣ таъйини равише аст, ки манофеи иҷтимоъро ба беҳтарин сурат таъмин кунад ва дар он қисм, ки мегӯянд: Ақоиду боварҳои иқтисодӣ ҳамеша бо дастуру муқаррароти аҳлоқӣ…, фарқе байни ин ду наметавонанд бигузоранд. Дар ҳоле, ки мақсад дар аввал ҷанбаи фаннӣ аст ва ҳадаф сарват ва мехоҳад бидонад беҳтарин роҳ аз назари худи сарват чист, ҳамонтавр, ки пештар гуфтем макотиби иқтисодӣ савдогарӣ ва физюкросӣ ва класик, ба ин ҷиҳат таваҷҷӯҳ доранд, вале тафаккури сотсиалистӣ ҷанбаи ахлоқӣ, адолат ва зулмро таваҷҷӯҳ намудааст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.