Оши Бунафшаро хӯрдаед?

75

4700551

Оши палав яке аз таомҳои беҳтарини мардуми точик мебошад. Мардум аз давраҳои қадим ин хӯрокро дӯст медоштанду меҳмонони худро бо ин таом иззат менамуданд. Имрӯзҳо низ мебинем, ки дар ҳар гӯшаву канори шаҳр ошхонаҳое ба чашм мерасанд, ки бо ошҳои ба сиффату болаззат номдор гаштаанд. Масалан, оши Хуҷандӣ, оши Пӯлод, оши Бунафша ва ғайра. Аз ин хотир, ин ҳафта тасмим гирифтем, ки бо яке аз ошпазоне, ки имрӯз лаззату маззаи оши палаваш ном баровардааст, сӯҳбате кунем. Марҳамат шинос шавед, Бунафшабону – ошпазе ки палави хушмаззаш дар Душанбе номдор аст.

– Бунафша, шумо зодаи куҷо ҳастед?

– Ман 24 майи соли 1981 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таваллуд шудааму то сини 9 солагӣ дар онҷо будам. Тақрибан солҳои 92-юм буд, ки оилаи мо ба шаҳри Душанбе кӯчида омаданд ва то имрӯз дар Душанбе зиндагӣ дорем.

– Метавонед, аз рӯзҳои аввали кориатон каме қисса кунед?

– Падари ман пеш аз ба Душанбе омаданамон дар ноҳияи Ҷомӣ як каҳвахона доштанд, ки зиндагиямонро аз рӯи ҳамон мегузаронидем. Ва зиндагии хуб доштем гӯям ҳам хато намекунам, чунки оилаи мо аз ҳама чиз таъмин буд. Солҳои 90 буд, ки дар кишвар ҷанг сар шуд ва падарам дигар кор карда натавонист ва маҷбур шуданд, ки ба Душанбе биёянду ягон ҷо кор карда, рӯзашонро гузаронанд. Оилаи мо ба Душанбе кӯчида омаду он каҳвахонае, ки мо аз рӯи он нон мехӯрдем, аз даст рафт. Ҳамин тавр, зиндагии мо душвор шудан гирифт ва модарам маҷбур шуданд, ки ба бозор бароянд. Ҳарчанд падарам намехост, ки мо дар бозор таом фурушем, вале зиндагӣ маҷбур мекард. Як рӯз ҳамроҳи модарам як сатил тӯшбера пухта, ба бозорчаи Гипрозем бурда фурӯхтем ва ҳамин тавр, ба қавле сар кардем. Падарам дар хона оши туппа мепухтанду ману модарам дар бозор мефурӯхтем. Оҳиста-оҳиста соҳиби дӯкон ҳам шудем.

– Ба гӯшам чунин расид, ки шумо касби ошпазиро аз падаратон омӯхтаед. Падаратон аз куҷо ин касбро аз худ кардааст?

– Падарам хондагӣ ҳастанд. Солҳои пеш махсус техникумҳо барои ин касбҳо вуҷуд дошт.

– Аз солҳои аввали кориятон, ки солҳои 1995 буд, гуфтед, то ҳозир дар фаъолиятатон чӣ тағиротҳо рух додааст?

– Кори ҳозираи мо аз солҳои пеш ба куллӣ фарқ мекунад, чунки пештар мо як дӯкони хурдакак доштем, ки ба талаботи мизоҷон ҷавобгӯ набуд. Мо ҳам кӯшиш кардем, ки меҳнат кунему як ошхонаи замонавӣ созем ва ягона орузуи ман ин буд, ки ман ошхонае дошта бошаму ба мардум худам хизматӣ кунам.

– Тавре, ки ман мушоҳида кардам, ошхонаи шумо ҳамеша пур аз одам аст. Оё шумо сири ин мувафаққияти худро гуфта метавонед?

– Ман фикр мекунам, ин ҳама аз таъоми болазат вобастаасту баъдан муомилаи нағзи пешхизматон. Ман қариб ҳама мизоҷонеро ки ба ошхонаи мо меоянд, мешиносам.

– Баъзеҳо мегуянд, ки гарчанде ошхона ба номи Бунафша бошаду дар сари дегҳои ош Бунафшаро мебинем ҳам, бовар надорем, ки он 6 дег ошро худи Бунафша тайёр кунад. Доир ба ин гапҳо шумо чӣ мегуед?

– Гапашон дуруст аст, чунки ман бо падару додарам якҷоя ош мепазем ва дар ҳолати набудани падарам худам ҳам мепазам. Айни ҳол, падарам беморанд ва ман ҳамроҳи додарам ош мепазем. Чуноне ки мегӯянд, “Мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз”. Ва мо ҳам имрӯз хушбахтона ин касбро аз худ намудаему рӯзамонро мегузаронем.

– Ба ғайр аз ош боз кадом навъи таъомҳоро тайёр карда метавонед?

– Ман ҳама намуди таъомҳоро пухта метавонам, дар ҳамин ошхона манту, хомшӯрбо, лағмони дастии оши бурида, умуман ҳар таомеро, ки гӯед пӯхта метавонам.

– Шуморо барои ош пӯхтан ба маъракаҳо таклиф намекунанд?

– Бале. Хело зиёданд, нафароне, ки ҳам падарамро ва ҳам маро даъват мекунанд, ҳатто чандин ошхонаҳо низ маро даъват карданд, барои ошпазӣ, вале маро вақтам намерасад. Боре ҳам ба ягон маърака барои ошпазӣ нарафтаам.

– Пешхизматҳои шумо в а онҳое, ки ҳамроҳи шумо ин ҷо кор мекунанд, барои шумо кӣ мешаванд?

– Мо дар ин ошхона оилавӣ кор мекунем. Ман, модарам, аппаҳоям, додаронам ва боз як ду занҳои хешутаборамон. Хулоса ҳамаи коргарони ин ошхона аз оилаи худамон ҳастанд.

– Ба онҳое, ки нав ошхона кушоданӣ ҳастанд, чӣ тавсия медиҳед?

– Пеш аз ҳама бояд тозагиро риоя намоянду муомилаи нағз дошта бошанд ва инчунин таомҳои болаззат тайёр кунанд, ки миҷозонро ба худ ҷалб намоянд.

Мусоҳиб Сайфиддин Шарипов, «Ману ту»

манбаъ: faraj.tj

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.