Баъзе аз аҳком ва одоби телфонҳои дасти

344

الحمد لله والصلاة والسلام على رسول الله و على آله و أصحابه أجمعين

Аммо баъд: Бояд ҳар фарди мусалмон бидонад, ки телефонҳои дасти бо худ одобу аҳком дорад. Зеро доштани телефон дар ин асру замон аз ҳоҷоти аввалияи ҳар фард ба шумор меравад ва донистани аҳкоми он, ки ҳамеша дар бари инсон аст, барои ҳар фарди мусалмон зарур аст. Одобу аҳком доштани телефонҳои дасти яке аз далоили дигарест, ки дини муқадаси Ислом шоистаи ҳар замону ҳар макон аст ва илм ҳар чиқадре тақаддум кунад ва техникаҳои нав ба нав ихтироъ кунад, дини Ислом барои он мухтараъот аҳкому одоб дорад. Бинобарин хостам дар ин навишта баъзе аз масоил ва аҳкоме, ки ба телефонҳои дасти таъаллуқ дорад ҷамъовари кунам то истифодабарандагони ин падида аз аҳкоми он бохабар шаванд.

ҲУКМИ ГУЗОШТАНИ ОЯИ ҚУРЪОН Ё АЗОНУ ДУО ДАР ЗАНГИ ТЕЛЕФОН.

Гузоштани ояи Қуръон ба ҷои занги телефон ҷоиз нест. Зеро ин як навъ бе иҳтироми нисбат ба Қуръон мешавад. Худо Қуръонро барои хондану тадаббур кардан ва амал кардан ба аҳкоми у нозил кардааст. Каломи Худо бузургтар азон аст, ки василаи танбиҳ дар телефон қарор дода шавад. Инчунин азон яке аз шаоири Ислом аст. Азон барои духули вақти афзалтарин ва муҳимтарин ибодат дар Ислом , ки намоз аст, машруъ шудааст. Пас гузоштани ин шаоир дар ҷои занги телефон бе иҳтироми ба ин шаоир аст. Хусусан эҳтимол дорад, ки дар дохили ҳоҷатхона ба соҳиби телефон занг ояд ва агар занги телефон ояи Қуръон ё азон бошад пас хеле зиштаст, ки аз дохили ҳоҷатхона овози азон ё тиловати Қуръон барояд. Азин сабаб гузоштани ояи Қуръон ё азон дар ҷои занг ҷоиз нест. Худо дар Қуръон мегуяд: “ Ва ҳар кас шаоири дини Худоро бузург ва муҳтарам дорад ин сифати дилҳои бо тақвост.” Сураи Ҳаҷҷ. Ояи 32. Аммо гузоштани дуо ё панду насиҳате дар занги телефон ҷоиз аст. Вале дар ҳолати ба ҳоҷатхона дохил шудан бояд овози телефонро хомуш кунад сипас ба ҳоҷатхона дохил шавад.

ҲУКМИ ДОХИЛ ШУДАН БА ҲОҶАТХОНА БО ТЕЛЕФОНЕ, КИ ДАР ОН ҚУРЪОН АСТ.

Агар ояҳои Қуръон дар руи экрани телефон зоҳир бошад пас дохил шудани ҳоҷатхона бо он дар ин ҳолат ҷоиз нест. Аммо агар ояҳои қуръон дар руи экран зоҳир набошад пас боке надорад, ки бо он телефон дохили ҳоҷатхона шуд.

ҲУКМИ ДОХИЛ ШУДАН БА ҲОҶАТХОНА БО ТЕЛЕФОНЕ, КИДАР ЭКРАНААШ НОМИ “АЛЛОҲ” Ё ПАЁМБАР АЛАЙҲИССАЛОМ АСТ.

Дохил шудани ҳоҷатхона бо телефоне, ки дар экранааш номи “Аллоҳ” Ё Паёмбар ё ягон зикре зоҳир бошад ҷоиз нест. Дар “ Баҳрурроиқ” Аз кутуби мазҳаби мо омадааст, ки : “Дохил шудан бо ангуштарине, ки дар он номи Худо ё ояе аз қуръон навишта шудааст макруҳ аст.” Дар “ Аснал матолиб” аз кутуби шофиъия омадааст, ки :”Бо худ бурдани номи Худо ё номи Паёмбар ё ҳарчизи муъаззам ва соҳибиҳитиром, дар вақти қазои ҳоҷат макруҳ аст.” Аммо агар телефон хомуш бошад, ки номи Худо ё зикр намоён набошад пас дохил шудан бо он ба ҳоҷатхона ҷоиз аст.

ҲУКМИ ГУЗОШТАНИ НОМИ АЛЛОҲ Ё ПАЁМБАР АЛАЙҲИССАЛОМ ДАР ЭКРАНИ ТЕЛЕФОН.

Гузоштани номи Аллоҳ ё Паёмбар ё зикре дар экрани телефон ҷоиз аст. Вале вақти дохил шудан ба ҳоҷатхона бояд хомуш карда сипас ба ҳоҷатхона дохил шавад.

ОЁ БО ТЕЛЕФОН СУҲБАТ КАРДАН ДАР АСНОИ ҚАЗОИ ҲОҶАТ ҶОИЗ АСТ?

Суҳбат кардан дар ҳангоми қазои ҳоҷат назди ҷумҳури олимон макруҳ аст. Зеро Паёмбар алайҳиссалом дар ҳадиси Абудовуд аз ин амал наҳй кардааст. Магар дар ҳолатҳои зарури ҷоиз аст. Бинобарин бе зарурат суҳбат кардан бо телефон дар аснои қазои ҳоҷат макруҳ аст.

ОЁ БАРОИ ЛАМС КАРДАНИ ҚУРЪОНИ ТЕЛЕФОН ТАҲОРАТ ШАРТ АСТ?

Бояд зикр кард, ки барои ламс кардани Қуръон назди ҷумҳури олимон таҳорат шарт аст ва бе таҳорат ламс кардани Қуръон ҳаром аст. Далели ин гуфта ҳадиси Паёмбар алайҳиссалом аст, ки мегуянд: “Қуръонро ба ҷуз шахси тоҳир касе ламс накунад.” Аммо уламои муосир дар масъалаи бе таҳорат ламс кардани Қуръон аз телефон ихтиолфи назар доранд. Сабаби ихтилофи онҳо инаст, ки оё барномаи Қуръон, ки дар телефон насб шудааст дар ҳолати кушодани сафҳаи Қуръон оё ҳукми мусҳафро мегирад ё на? Иддае аз олимон бар ин назаранд, ки ҳукми мусаҳафро намегирад. Зеро ба назари онҳо ҳарфҳои дар телефон буда вуҷудаш аз ҳарфҳое, ки дар мусҳаф вуҷуд дорад фарқ мекунад. Зеро ҳуруфи Қуръони дар телефон буда собит нестанд ва ба муҷарради гузаштан аз барномаи Қуръон ба дигар барнома ё хомуш кардани телефон, ҳарфҳои Қуръон нопадид мешаванд. Бинобарин назди ин олимон барои қироъати Қуръон аз телефон таҳорат шарт нест. Аммо иддаи дигар аз олимон бар ин назаранд, ки модоме, ки Қуръон дар экрани телефон кушода бошад пас ҳукми мусҳафро мегирад ва ламс кардани он бе таҳорат ҷоиз нест. Зеро он чизе, ки дар экрани телефон зоҳир аст калимаҳои қуръонаст, фақат бо сурати ҳарфҳои равшаншуда. Қавли аҳват ҳамин қавласт, ки бе таҳорат хондани Қуръон аз телефон ҷоиз нест.

ҲУКМИ ХОМУШ КАРДАНИ ТЕЛЕФОН Ё ЗАНГИ ОН ДАР ВАҚТИ ДОХИЛ ШУДАНИ МАСҶИД.

Барои шахси мусалмон лоизим аст ҳангоме, ки дохили масҷид мешавад телефонашро хомуш кунад ё ҳадди ақалл зангашро хомуш кунад . Зеро ин амал аз ҷумлаи бузургдоштани шаоири Худо аст ва масҷид яке аз шаоири дини Ислом аст. Хомуш накардани овози занги телефон дар масҷид сабаби аз байн бурдани хушуъи намозгузорон ва мушавваш кардани хотири онҳо мегардад. Уламо мегуянд: Барои намозгузор бурдани ҳарчизе, ки аз хушуъ боз медорад, макруҳ аст. Паёмбар алайҳиссалом вақте баъзе аз асҳобро диданд дар масҷид бо овози баланд қироъат мекарданд, ҳазрат ба онҳо гуфтанд: “ Огоҳ бошед ҳамаи шумо бо Худои худ муноҷот мекунед, пас ҳамдигарро озор надиҳед, ва овозатонро ба якдигар дар қироъати намоз баланд накунед.” Ривояти Абудовуд ва Ҳоким. Дар ин ҳадис мебинем, ки Паёмбар алайҳиссалом саҳобагонро аз баланд бардоштани овоз бо қироъати Қуръон наҳй карданд пас чи расад ба занги телефон? Бинобарин барои имом лозим аст, ки пеш аз намоз мардумро огоҳ кунад то занги телефонҳоро хомуш кунанд.

Манбаъ: Тураҷон

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.