Таъсири намак бар фарбеҳӣ

48

75505df7040feb1068f7d93ae9920007_L

Масрафи зиёди намак хатари фарбеҳиро афзоиш медиҳад. Муҳаққиқон эълом карданд, ҳар грамм намаки изофӣ, ки фард дар рӯз масраф мекунад, хатари фарбеҳиро то 25 дарсад афзоиш медиҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, баррасиҳои бештар робитаи масрафи намакро бо афзоиши фишори хун ва ибтило ба бемориҳои қалбӣ собит кардааст, аммо ин нахустин мутолиае аст, ки масрафи зиёди намакро батаври мустақим бо фарбеҳӣ иртибот медиҳад.

Муҳаққиқон мегӯянд: Намак муҷиби тағири сӯхту сози бадан ва тағири равиши ҷазби равғанӣ мешавад.

Манбаъ: Хуросон

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.