Арзиш зиёдатӣ дар фоида, арзиш ва нарх

100

crm-analyticsМо то инҷо дар баҳсу мутолиа ва таҳлили қонуни арзиш, фақат систем ва барномаи иқтисоди содаи тиҷориро дар назар гирифтем , яъне систем ва низом, ки дар он тавлидкунандагони каммоя (тавлидкунанда-гони фақир!) молик ва соҳиби васоили тавлид ҳастанд ва аз фурӯши маҳсули кори худ зиндагӣ мекунанд. Дар чунин системе мақсад аз мубодила ва доду ситади колое бо колои дигар он аст, ки яке аз ниёзҳои фаврии мубодила кунандагонро бартараф кунад.
Инак ба мутолиаи қонунҳои идоракунандаи иҷтимои сармоядорӣ мепардозем:
Агар мубодилаеро, ки дар иҷтимои кунунӣ сурат мегирад бо диққат назар кунем, мебинем бо мубодилоте, ки дар иқтисоди содаи қадими сурат мегирифт фарқияти зиёд дорад. Дар яке аз мағозаҳои як шаҳр дароед…, аз тарафи дигар дар ин замон мебинем мақсаде, ки аз мубодилаи колоҳо тасаввур мешавад ва ҳамчунин формул ва равиши он тағйир пайдо кардааст. Дар иқтисоди содаи тиҷорӣ фурмули доду ситад ин будааст: коло-пул-коло вале дар иқтисоди тиҷории сармоядорӣ ҷараёни мубодила бо пул шурӯъ мешавад ва ба пул поён меёбад. Фурмул ва шакли куллӣ ба ин навъ мешавад: п-к-п Аммо пули дуюм наметавонад баробар бо пули аввал бошад. Чун агар ин тавр бошад сармоядор талош намекунад ин мубодиларо анҷом диҳад (ҳатмӣ миқдоре зиёдтар аз харҷи аввалиаш бояд дарёфт кунад, то кори хариду фурӯшро анҷом диҳад). Пас формул ва равиши хоссе, ки дар сармоядорӣ ин аст: п-к-п+п.
Ҳоло ин пурсиш пеш меояд, ки ин маблағ ва пули зиёдатӣ чист? Метавон посухро ин гуна гуфт, ки ин зиёдатӣ ё ҳамон суд ва фоида дар натиҷаи боло бурдани баҳои аслии коло аст. Бояд дид ин посух саҳеҳ аст?
Дар инҷо лозим аст ёдоварӣ гардад, ки баёни боло, ҳам сармоядорӣ ба маънои корхонадорӣ ва ҳам ба маънои тиҷорати куллиро дар бар мегирад, зеро дар ҳарду маврид п-к-п ҷорӣ аст, ҳарчанд фарқияте дида мешавад. Корхонадорӣ, истисмори нерӯи коргар ба сурати харидани худи нерӯ аст, вале тиҷорат дар даст гирифтани қимати бозор аст, ки аз тавлидкунанда матоеро, ки тавлид карда мехарад на нерӯи кори ӯро, ва матоеро, ки ниёз дорад ба нархи аъло ва зиёд, ба ӯ мефурӯшад; воситааст миёни тавлидкунанда ва масрафкунанда ва ба воситаи тасаллут бар бозор, маҳсули кори тавлидкунандаро, ки масрафунанда низ ҳаст ба худ ихтисос медиҳад. Дар оянда иншоаллоҳ дар бораи фарқи ин ду баҳс хоҳад шуд.
Таҷзия ва таҳлили қонуни асосии арзиш ба мо собит кард, ки баҳои коло дар ҷараёнҳои навасонот ва боло пойин шудани нархҳо он қадар боло ва пойин меравад, то худро бо сатҳи арзиш ва ё замони иҷтимоан лозим , ки барои тавлиди он коло ба кор рафтааст ҳам сатҳ намояд. Дидем, ки вақте баҳои колое ба ҷиҳатҳое аз сатҳи арзиши он коло болотар меравад тавлидкунандагон аз ҷиҳати суди фаровоне, ки дар тавлиди он коло мебинанд дар тавлиди он кӯшиши бисёр мекунанд ва ба қадре тавлиди он коло афзоиш меёбад, то дубора баҳои он аз сатҳи арзиш пойинтар бияфтад. Ба ин ҷиҳат тавлидкунандагон аз тавлиди он даст бармедоранд ва ба тавлиди колоҳои дигар иқдом мекунанд. Ин тағйироти баҳо, ки бо ҷазру мад(болову пойин рафтани нарх)и сармоя аст, он қадар идома хоҳад дошт, то баҳо ва арзиши коло бо ҳам мутобиқат кунанд .
Дар инҷо аз қонуни арза ва тақозо ҳамчун як қонуни таъйинкунандаи арзиши воқеӣ ном бурда шудааст. Бар асоси назари боло ҳамеша нархи бозор қимати воқеӣ аст, яъне муодили баҳои коре аст, ки дар он коло масраф шудааст.
…ҳарчанд бихоҳем ба худ сахтгирӣ кунем ва бихоҳем бо таҳлилу таҷзияи ҷараёни мубодилаи сарчашмаи судро биёбем, ба ғайр аз итлоф ва вақтгузаронӣ дигар фоидае надорад ва ба хӯрдтарин натиҷае нахоҳем расид. Ҷараёни мубодила сарчашмаи суди тавлидкунандагон нест…
Албатта мубодила наметавонад арзиш эҷод кунад, магар ба миқдори коре, ки восита анҷом додааст. Он кор камман (аз назари ададӣ) ва кайфан (аз назари кайфият) дорои арзиш аст. Тиҷорат холӣ аз як нубуғ ва фикри боло нест, вале дар матн кӯшиш шудааст тоҷирро дузди суди зиёдатии тавлидкунанда муаррифӣ кунанд, зеро тибқи мафрӯзот ва назари матн, бозор ҳамеша бозори воқеӣ аст ва қиматҳои табиӣ аст; дар сурате, ки пештар ишора кардем тоҷир тавоноии инро дорад, ки бозори маснуӣ эҷод кунад ва дар натиҷа масарафкунандаро истисмор намоянд.
Дар баҳси Нерӯи кор–арзиши нерӯи кор мегӯяд:
Масъалаеро, ки дар боло гуфтем наметавонем ҳал кунем, магар он ки дар бозор мубодилаи колоеро пайдо кунем, ки баҳои он дар вақти фурӯши пойинтар аз арзиши он бошад ва ҳар кас онро бихарад ҳатман фоида хоҳад дошт. Ба дигар сухан бояд колое дар бозори мубодила вуҷуд дошта бошад, ки қудрати эҷоди арзиш дар он пинҳон аст. Мо дар фаслҳои пеш гуфтем, ки арзиш эҷод намегардад, магар ба воситаи кор ва дар байни тамоми колоҳое, ки дар бозор мубодила вуҷуд дорад нерӯи кор ягона колое аст, ки қудрати кор дар он аст. Пас ин коло(нерӯи кор на худи кор!) танҳо матое аст, ки метавонад сарчашмаи эҷоди арзиш бошад. Нерӯи кор дар гузашта (давраи феудолита, давраи бардагии Рӯми қадим, давраи иқтисоди содаи тиҷорӣ) колои қобили хариду фурӯш набудааст.
Барои ин ки нерӯи кор ба шакли коло дарояд, ду шарти аслӣ лозим аст: Аввал, коргар (молики нерӯи кор) шахсан озод бошад, шарти дуюм ин аст, ки ӯ молики абзори кор набошад, то маҷбур шавад нерӯи кори худро бифурӯшад.
Ин муқаддима барои фурӯши нерӯи кор фақат дар мавриди корхонадор дуруст аст, на бозаргон ва тоҷирон. Дар ҳоле, ки муқаддимаи ин фасл бозориҳоро ҳам дарбар мегирифт. Дар бораи кайфияти ширкати бозорӣ ва тоҷирон дар арзиши изофии кори тавлидкунандагон баҳс хоҳад шуд. Албатта ҳамонтавр, ки гуфтаем бозорӣ ва тоҷир гоҳ тавлидкунанда ва гоҳ масрафкунанда ва харидорҳоро истисмор(ӯро дар ихтиёри худ мегирад) мекунад.
Дар идома мегӯяд:
Вақте колоеро, ки арзишро эҷод мекунад ёфтем ва фаҳмидем, ки он ҷинс нерӯи кор будааст, бояд мутолиаи худро идома диҳем то сарчашмаи судро ҳам пайдо кунем. Аввал бибинем арзиши нерӯи корро чӣ чизе метавонад таъйин кунад?
Баъд ба ин баҳс мегузарад, ки арзиши ҳар чизе ба воситаи замони иҷтимоан лозим таъйин мешавад ва иҷрои ин қоида дар боби нерӯи кор мушкил аст, зеро нерӯи кор дар ҳеҷ корхона ва ба василаи ҳеҷ коргар тавлид нашудааст, вале нависанда чизҳоеро, ки сабаби эҷоди нерӯи кор мешавад, яъне ниёзҳои зиндагӣ аз хӯроку пушок ва дигар ниёзҳои зиндагии ӯ ва хонаводааш зикр мекунад ва мегӯяд: Тамоми инҳо баҳои муайяне доранд, ки ба воситаи замони иҷтимоан лозим, ки барои тавлиди онҳо масраф шудааст муайян мегардад, онгоҳ дар сафҳаи 56 мегӯяд:
Пас арзиши нерӯи кор иборат аст аз арзиши васоиле, ки барои зиндагӣ лозим аст.
Дар ин назария чунин фарз шуда, ки корфармо нерӯи коргарро мехарад на худи корро .
Аз назари фиқҳ ва шариат, соҳибкор амалу кори коргарро мехарад, аммо назарм гуруҳе аз олимони динӣ ин аст, ки иҷора додан ба ин маъност, ки мустаҷир (касе, ки чизеро бо додани пуле дар истифодаи худаш қарор диҳад) бар он чизе, ки иҷора мекунад мусаллат шавад , пас онҳо тамлики манфиатро (бо иҷора, манфиатро соҳиб шавад на айни ҷинсро) намепазиранд. Албатта байни иҷора кардани як банда ва аҷир шудан барои коре фарқият аст.
Дар бахши эҷоди арзиши изофӣ менависад:
Дар қисмати арзиши нерӯи кор, назари мо ин буд, ки корфармо (соҳибкор) баҳо ва нархи нерӯи кориро бар асоси арзиши том ва ҳақиқии он мепардозад. Дар ин сурат боз бояд аз худ бипурсем, пас фоидае, ки соҳибкор мегирад аз куҷост? Пас бояд хасоис ва нишонаҳои махсуси нерӯи корро, ки ӯро аз дигар корҳо бартар мекунад маълум кунем: коргару соҳибкор дар бозор ба унвони ду молик ва соҳиби коло бо баробарии ҳуқуқ қарор мегиранд. Колои коргар, нерӯи кории он аст ва колои соҳибкор, пул ё ҳамон сармоягузории ӯ. Соҳибкор нерӯи корро аз коргар бо додани маблағе қарордодӣ, ки бо арзиши он баробарӣ кунад мехарад. Бо ин кор соҳибкор аз коргар барои касби манфиаташ баҳра мебарад. Арзиши истеъмоли нерӯи кор, кор хоҳад буд, ки сабаби эҷоди арзиш мешавад . Пас ҳамин, ки соҳибкор нерӯи корро мехарад онро истифода мекунад… аз тарафи дигар барои олимони иқтисод маълум шудааст, ки хосият ва вижагии махсус дар ин колои хуб яъне нерӯи кор пинҳон аст ва он ин аст, ки нерӯи кор метавонад зиёдтар аз пуле бошад, ки барои хариди он нерӯ харҷ шудааст. Мисолаш ин ки агар як нерӯи кориро рӯзона бо маблағе барои коре харид, мумкин аст бо истифода аз кори нисфи рӯзии ӯ арзиши як рӯзаро ба даст биёварад, аммо соҳибкор нисфи дигари рӯзро ҳам аз ӯ истифода мебарад . Метавонад бо ним рӯзи корӣ миқдори пулеро, ки барои як рӯз қарордод дорад барои корфармо эҷод кунад, аммо бояд бар асоси хости соҳибкор нисфи дуюмро ҳам кор кунад.
Ин муддати панҷ соат ё қисмати аввали муддати кори рӯзонаро ба забони илми иқтисод замони кори лозим меноманд. Пас арзише, ки дар нимаи дуюми муддати кори рӯзона ба тавассути кори ин коргар эҷод мегардад барои корфармо фоидаи холис аст. Ин арзишро, ки коргар илова бар нерӯи кори худ эҷод менамояд арзиши изофӣ ва нимаи дуюми муддати кори рӯзонаро замони изофии кор меноманд.
Ин ишкол пеш меояд, ки чаро рақобат дар харид нисбат ба ин колои мумтоз(беҳтар), яъне нерӯи кор, дар инҷо нест? Чаро қонуни арза ва тақозо (бозор) дар инҷо ҷорӣ нест. Табиатан вақте инчунин нерӯе ба сарфа ва камхарҷе вуҷуд дошта бошад, бояд харидоронаш зиёд бошанд. Яъне соҳибкороне, ки ин нерӯи кориро мехоҳанд зиёд мешавад ва ин тақозои зиёд сабаби боло рафтани нархи он нерӯи корӣ мегардад. Чунон ки маълум аст, соҳибкорон ва соҳибони заминҳои кишоварзӣ, вақте кор ҳаст барои дар ихтиёр гирифтани коргарон талош ва рақобат мекунанд ва нархи онҳо зиёд мешавад. Албатта вақте ин неруҳо пули зиёд мегиранд дар бозор ҳам қудрати харид боло ва нархҳо дар натиҷаи пули зиёди мардум, боло меравад. Дар ҳақиқат як навасононти нархҳо пеш меояд, аммо дубора таъдил эҷод мегардад. Хулоса чӣ далеле ҳаст, ки нархи нерӯи кор дар бозори иқтисоди сармоядорӣ, ки бозори озод ва ба қавли онҳо ҳарҷу марҷӣ аст, мисли дигар колоҳо боло наравад ва коргар аз он истифода накунад .
Дуюман фарзия ва назарияи гуфта шуда бар ин асос аст, ки музд ва ҳаққи корие, ки ба коргар дода мешавад (баробар бо арзиши чизҳое аст, ки бояд ба масрафи ӯ бирасад то нерӯи кор дар ӯ боқӣ бимонад ва ё мавҷуд гардад) баробари арзиши боҷеӣ нерӯи кор аст, зеро асосан арзиши ҳар чизе баробар бо миқдори коре аст, ки дар тавлиди он сарф шудааст.
Вале метавон гуфт: ин худ нишондиҳандаи ботил будани назарияи арзиш баробари коре аст, ки сарфи тавлиди шайъ шудааст, балки арзиш баробар аст бо асаре, ки дар он чиз аст, хоҳ кори зиёд шуда бошад ва ё кори кам.
Ба назар мерасад, сабаби ин ки нархҳо ба оҳистагӣ боло мераванд ва арзиши пулҳо кам мешаванд, қудрати табиат бар тавлид бештар аз миқдори коре аст, ки сарфи он шудааст, ки ба тадриҷ маҳсул ва қудрати харид зиёд мешавад (бояд дар ин диққати зиёдтар шавад).
Ба ҳар ҳолат назарияи боло гуфта шуда, бо ин мабно ва асос, ки қонуни муфаррағ аз назари хариди соҳибкор, як қонуни одилона аст (назари марксистҳо) сухани нодуруст аст.
Сеюман; нависанда ҳеҷ гуна тавзеҳ ва маълумоте намедиҳад, ки чаро нерӯи кор ин имтиёзро аз дигар колоҳо дорад, ки қудрати эҷоди арзиши изофӣ дар ӯ ҳаст? Ҳамин миқдор мегӯяд, ин колои мумтоз. Ин имтиёз ба чӣ сабаб ва бар кадом фалсафа ва мабно пайдо шудааст? Ба назари мо аввалан ин хусусият дар ҳамаи колоҳо кам ё зиёд ҳаст, дар сармоя ҳам ин ҳаст. Дуюман ин хусусият ва имтиёз дар хусуси нерӯи кор аз он ҷиҳат аст, ки ба табиати зинда рабт дорад. Табиати зинда тавлидгар аст…, ба гуфтаи баъзе аз фалосафаи илоҳӣ; табиати мурда аз назари муқаддамийят (пешбудан) дар табиати зинда муъид аст, на иллати иҷобӣ.
Чаҳорум, чаро бояд тамоми суди корхонаро фақат аз коргар ҳисоб кунем? Ин фоида дар асари ҳамкории, кори ба истиллоҳ зинда ва кори ба истиллоҳ мурда пайдо мешавад; яъне фоидаи нав мавлуд ва фарзанди ин падар ва модар аст; ҳарду дар ин фарзанд шарик ҳастанд. Бале дар ҳолатҳои хоссе арзиши изофӣ марбут ба коргар аст. Масалан хаттот ё наққоши фақир, ки василае дар ихтиёр надорад ва гурусна аст наметавонад эҷоди асар кунад; ё муаллифе, ки васоили табъ ва нашр дар ихтиёр надорад ё фақир аст ва барои муддати таълиф ба пул эҳтиёҷ дорад ва аз он тараф харидор яъне касе, ки тавони харид дошта бошад ё касе, ки аз фоидаи ин муомила огоҳ бошад махсус аст ва ё харидорон ҳамдаст шуда аз рақобат пешгирӣ кардаанд. Наққош ё хаттот ё муллиф маҷбур аст, ки ба истиллоҳ нерӯи кори худро ба нархи арзон бифурӯшад ва бо абзори соҳибкор ва рӯи коғаз ва тоблуи ӯ барои ӯ бинависад ва тоблуеро омода намояд, ки сад ҳазор нархаш бошад, аммо ҳаққи худашро як ҳазор ҳисоб кунанд. Номи ин навадунуҳ ҳазор, ки мемонад изофӣ нест, балки арзиши кори он коргар (хаттот) аст, ба ғайр аз хароҷоте, ки соҳибкор барои он кор кардааст, мисли коғазу қалам ва… дар ҳақиқат ҳардуи онҳо (соҳиби асар ва соҳиби коғазу қалам ва дигар лозимаҳои кор) бо ҳамдигар дар кор шарик хоҳанд буд ва ба истиллоҳ фарзанди ҳардуи онҳо аст. Албатта саҳми баробар нест, балки ҳар кадом бар асоси нархи худашон (як коргар дар бозор чанд меарзад ва як соҳибкор ва… чанд) ва таъсироте, ки ҳар кадом дар эҷоди он доштаанд.
Дар сафҳаи 58 китоб бо унвони сармоя менависад:
Мо медонем, ки нерӯи кор ба танҳоӣ дар тавлид дахолат надорад, балки абзор ва мошинҳои тавлидӣ ҳамчун дастгоҳҳо, корхона, маводи аввалия, ва… ҳам дар он таъсиргузор ҳастанд… эҷоди арзиши зиёдатӣ мумкин нест магар ба сабаби иттиҳод ва шарик шудани нерӯи кор бо он василаҳои тавлид…, мошинҳо ва дигар абзори кориро наметавон сармоя ҳисоб кард, магар бо як шарт ва он ин аст, ки ин ашё барои арзиши изофӣ ва ё ба дигар сухан барои истисмор ва дар ихтиёр гирифтани нерӯи корӣ истифода шаванд. Агар як арра масалан дар дасти коргаре бошад, ки аз маҳсули кори худ зиндагӣ мекунад, бо аррае, ки дар як корхона аст фарқ дорад, яъне арра дар дасти он коргар сармоя гуфта намешавад, аммо дар корхона чун сабаби арзиши афзуда ва зиёдатӣ мешавад аз сармояҳои корхона дониста мешавад.
Бар асоси он чӣ гуфтааст, абзор ва василаҳои корӣ вақте сармоя дониста мешаванд, ки барои истисмор (ба кор гири)-и нерӯи кории инсон истифода шаванд.
Дар баҳси Сармояи собит ва сармояи мутағайир мегӯяд:
Дар бахши гузашта гуфтем, ки абзори тавлид ва нерӯи корро сармоя мегӯянд. Дар ин бахш фарқияти асосӣ байни онҳо ва нерӯи корро тавзеҳ хоҳем дод:
Аввалан, афзорҳои тавлид (ҳар он чизе, ки дар тавлид ва кор истифода мешаванд) мисли як мошин , метавонад замони зиёде кор кунад ва дар тавлиди колоҳои мухталиф истифода шавад. Дар гузашти замон мошин кӯҳна ва вайрона мегардад, ҳолр фикр кунем, ки як мошине, ки бо даҳ пул харида шуда, битавонад даҳ сол кор кунад. Ҳар солро барои як даҳуми пули он дар назар бигирем ва онро дар махориҷи он колое, ки тавлид мешавад изофа кунем, ин кор (интиқоли масалан як даҳуми нархи хариди мошин ба тарафи колои тавлид шуда) дар истиллоҳи иқтисодӣ истиҳлоки сармоя гуфта мешавад , албатта ин далел дар дигар қисматҳои сармоя ҳамчун маводи аввалӣ ва маводи ёрирасон саҳеҳ нест, зеро ин моддаҳо якбор дар тавлид истифода мегарданд ва бори дигар маводи дигар лозим аст, дар ҳақиқат як бора дар нархи як даст коло ҳисоб мегардад, аммо мошин, даҳ сол кор мекунад ва дар ҳамаи даҳ сол шарик аст. Албатта ин фарқият ҳаст, аммо як ҷои муштарак доранд, ки ин аст: ҳеҷкадом аз ин ду навъ василаи тавлид (абзорҳо ва моддаҳои аввалӣ ва ёрирасон) худ тавоноии эҷоди арзиши зиёдатиро надоранд. Инҳо фақат бар асоси нархе, ки онҳо доранд рӯи кори тавлидшуда нархро зиёд мекунанд ва ҳеҷ гуна нархи изофӣ намегузоранд. Ин интиқол ба воситаи вуҷуди кор аст.
Агар мақсад аз он сухан ин аст, ки афзорӯ абзори тавлид ва моддаҳои аввалӣ ва кумакӣ ба танҳои тавони эҷоди нархи изофӣ ва арзиши нав нестанд саҳеҳ аст, вале нерӯи кор ҳам ҳамин тавр аст ва агар мақсад ин бошад, ки дар амал дахолате дар эҷоди арзиш надоранд, боз ин як амри маълум ва бадеҳӣ аст. Ҳамонтавр, ки дар гузашта гуфтем маҳсули ҷадид мавлуд ва зодаи ду ҷузъ ва ё падарӯ модаре ҳаст бо широкат ва ҳамроҳӣ. Назари гуфта шуда, мисли назарияе аст, ки фарзандро фақат мавлуд ва натиҷаи падар бидонанд ва модарро фақат як зарф ва ҷое барои нигоҳдории он.
Он қисмат аз сармояеро, ки барои таҳия ва хариди абзори корӣ ва маводи аввалӣ ва ниёзмандӣ истифода мешавад, чун дар ҷараёни тавлид каммият(теъдод)-и худро тағйир намедиҳад, яъне арзиши он зиёд намегардад сармояи собит гӯянд. Қисми дигар, барои хариди нерӯи кор аст сармояи мутағайир мегӯянд, зеро дар ҷараёни тавлид камияти он тағйир мекунад .
Бар асоси он чӣ гуфтем арзиши изофӣ мавлуди абзор ва нерӯи кор аст, ҳардуи онҳо тағйир-кунанда хоҳанд буд ва сармояи собит надорем. Фарқе байни пул, ки барои хариди ниёзҳои аввалияи тавлидӣ ва абзорӣ мешавад бо пуле, ки ба коргар дода мешавад нест.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.