Бартарин режими ғизоии муносиб барои диабетиҳо

54

cd5e43febb5b8e1931d27b5684252289_L

Гурӯҳе аз муҳаққиқон як барномаи ғизоӣ танзим карданд, ки эҳтимоли ибтило ба алзоймерро 53 дарсад коҳиш медиҳад ва унвони бартарин режими ғизоии муносиб барои беморони диабетӣ дар соли 2016-ро ба худ ихтисос додааст.

Ба гузориши Ирно, ин барномаи ғизоии сода ва дар дастрас MIND ном дорад ва тавассути муҳаққиқони Маркази пизишкии Рош дар Амрико тадвин шудааст ва таркибе аз режими мадитаронаӣ ва равишҳои ғизоии муассир дар коҳиши фишори хун (мавсум ба равиши DASH) аст. Ҳар ду барномаи ғизоии мадитаронаӣ DASH, дар коҳиши хатари ибтило ба бемориҳои қалбӣ, сиктаи мағзӣ ва заволи ақл муассир ҳастанд.

Ин мутолеа нишон медиҳад, эҳтимоли ибтило ба алзоймер дар афроде, ки ин режимро дунбол мекунанд, 53 дарсад камтар аст. Аз тарафе эҳтимоли ибтило ба алзоймер дар афроде, ки барномаи ғизоиро батаври муназзам дунбол намекунанд, вале то ҳудуде ба он пойбанд ҳастанд, 35 дарсад коҳиш пайдо мекунад, ки мизони қобили мулоҳизае аст.

Режими ғизоии тавсияшуда тавассути муҳаққиқони Донишгоҳи Рош ба қарори зер аст:

– Ҳар рӯз аз сабзавоте, ки барги сабз доранд ва мева ва сабзавоти дигар истифода кунед.

– Меваи хушкро дар барномаи ғизоии худ бигунҷонед ва саъй кунед, ба ҷои танаққулоти носолим фақат аз меваи хушк истифода кунед.

– Дар ҳафта чанд бор лубиё масраф кунед.

– Ҳадди ақал ду бор дар ҳафта аз гушти парранда истифода кунед.

– Ҳадди ақал як бор дар ҳафта моҳӣ бихуред.

– Ҳадди ақал ду бор дар ҳафта аз яке аз маҳсулоти хонаводаи тут (хушк ё тоза) истифода кунед.

– Масрафи гушти қирмиз, маска ва маргарин, ширинӣ, сири пурчарб ( монанди сири Питза), фастфуд ва ғизои сурхкардаро маҳдуд кунед.

Анвои тут батаври хос барои афзоиши амалкарди шинохтии мағз тавсия шудааст.

Пойгоҳи хабарии U.S. News ҳарсола гузоришеро мабнӣ бар беҳтарин режими ғизоӣ мунташир мекунад. Режими ғизоии MIND дар ин пойгоҳ унвони содатарин режими ғизоӣ ва беҳтарин ғизои беморони диабетиро бахуд ихтисос додааст ва дар ҳолати куллӣ, дуввумин режими бартари ин пойгоҳ ном гирифтааст.

Манбаъ: Хуросон

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.