Оқибатҳои нохуши никоҳи хешутаборӣ

125

 

Ба назар мерасад, ки сари мавзӯи никоҳи хешутаборӣ ҳар чӣ қадаре сӯҳбату баҳсҳо дар байни мардуми оддӣ то табибони мутахассис зиёд шуда бошад ҳам, мушкил ҳамоно ҳалношуда боқӣ мондааст.

Чанд соли қабл Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ахолии Тоҷикистон пас аз таҳқиқи думоҳа дар вилояти Суғд изҳор дошта буд, ки 80 дарсади кӯдакони  маъюб дар хонаводаҳое ба дунё меоянд, ки издивоҷи хешутаборӣ доранд. Ва гӯё 15 дарсади хурдсолоне, ки аз бемориҳои мухталиф ҷон медиҳанд, аз никоҳҳои хешутаборӣ зода мешудаанд.

Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати беҳдошти модар ва кӯдаки вазорати мазкур раиси як гурӯҳи махсуси пажӯҳишии ин ниҳод аст, ки якҷо бо мутахассисони варзида дар чанд ноҳияи вилояти Суғд тадқиқоти муфассал анҷом додааст. Вай мегӯяд:

– Санҷишҳо нишон медиҳанд, ки 80 дарсади кӯдакони маъюб аз хонаводаҳое мебошанд, ки робитаи хешутабории наздик доранд. Зиёда аз 50 фоизи кӯдаконе ҳам, ки аз бемории қалб мефавтанд, аз издивоҷи хешовандӣ сар мезананд.

Гуфта мешавад, ки дар вилояти Суғд ин раванд бештар дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғаффоров, Ғончӣ, Исфара ва Истаравшан ба назар мерасад.

Абдуназир Очилзода, пизишки амрози  гӯшу гулӯ ва бинӣ, номзади илмҳои тиб сари мавзӯи никоҳи хешутаборӣ ва оқибатҳои он чунин ибрози андеша кард:

– Таҷриба нишон  медиҳад, ки яке аз сарчашмаҳои тавлиди кӯдакони нуқсдор ва бемориҳои ирсидошта, никоҳи хешутаборӣ мебошад. Албатта, омилҳои дигар низ вуҷуд доранд, ки ба носолим таваллуд шудани кӯдак мусоидат мекунанд, аммо никоҳи хешовандӣ  аз омилҳои асосист. Сабабҳои дигари маъюб тавлид шудани атфол, ин майзадагӣ, нашъамандии яке аз волидон, камхунии модарони ҳомиладор, таъсири дорувории зиддиуфунатӣ ба узви шунавоӣ аз қабили, стрептомитcин, мономитсин, канамитсин, гентомитсин, ғизои камқувват ва ғайраҳоро ба мисол овардан мумкин аст.

Шарҳи тибии ноқис инкишофёбии ҷанин дар батни модар ин аст, ки   ҷисми инсон 23 ҷуфт хромосома дорад ва дар навбати худ ин хромосомаҳо аз падару модар тавассути ҳуҷайраҳои ҷинсӣ ба фарзанд мегузаранд. Хромасомаҳо бошанд, аз дастаи генҳо иборатанд. Генҳо солиму носолим мешаванд. Вақте ки хешовандон бо ҳам издивоҷ мекунанд, азбаски  хуни онҳо ба ҳам наздик аст, генҳои носолим бо ҳам тез рӯ ба рӯ мешаванд ва аломатҳои беморӣ ё нуқсон дарҳол дар кӯдак аён мешавад. Инро ҳолати гомозиготӣ мегӯянд. Дар ҳолати баръакс ё худ дур будани хун (издивоҷи ғайрихешутаборӣ) генҳои солим генҳои носолимро пахш мекунанд ва аломати беморӣ ноаён мемонад, ҳарчанд пурра аз байн намеравад. Бинобар ин, зану  шавҳар чӣ қадаре ки бегона бошанд, ҳамон андоза барои саломатии насли онҳо муфид аст.

Ба андешаи А.Очилзода никоҳи   хешутаборӣ  бештар   дар  он ҷойҳое  зиёд аст, ки аз нигоҳи ҷуғрофӣ рафтуомади аҳолӣ бо дигар ҷойҳо мушкил аст. Масалан, дар вилояти Суғд яке аз чунин деҳаҳо, ин деҳаи Марзичи ноҳияи Айнӣ ба шумор мерафтааст, ки гирдо гирд бо кӯҳхо иҳота шудааст.

– Тадқиқоти илмии табибони тоҷик бо роҳбарии профессор Холматов И.Б. ва шогирдони ӯ АвазовБ.А., Олимов Р.О., Раҳимова М.М., Очилзода А.А., Мавлонова З.Р. зиёновар будани никоҳи  хешутабориро барои наслҳои оянда исбот кардаанд. Дар  деҳаи Марзич, воқеан аз ҳама бештар кӯдакони нуқсондор ё  кару гунг тавлид мешаванд. Кӯдаконе, ки  аз никоҳи  хешутаборӣ  ба дунё меоянд, дар баробари нуқсҳои ҷиддии дигар бештар кар мешаванд. Ҳоло дар ҳуҷраи сурдологопедии Беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд зиёда аз 560 кӯдакони карру гунг ва кундзабон аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилояти  Суғд табобат мегиранд, ки  120 нафарашон аз никоҳи хешутаборӣ  ба дунё омадаанд.  Аз  ҷумла,  263 кӯдак дар мактаб-парваришгоҳи карру гунгони ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Fафуров ва 34 – тоашон дар боғчаи махсуси рақами 26-и шаҳри Хуҷанд таҳсил менамоянд, – мегӯяд, А.Очилзода.

Ба қавли намояндаи комиссияи  Вазорати тандурустӣ Ш. Раҳматуллоев, солҳои охир никоҳи хешутаборӣ ва тавлиди кӯдакони ноқис ва бемор дар Тоҷикистон зиёд ба назар мерасад. Агар як даҳсола пеш дар навоҳии вилояти Хатлон ва минтақаҳои водии Рашту Ҳисор никоҳи хешутаборӣ нисбатан кам ба мушоҳида мерасидааст, ҳоло баръакс, дар ин ҷойҳо нишондод хеле баланд рафтааст. Ба қавли манбаъ никоҳи хешутаборӣ бештар дар хонаводаҳои доро ба мушоҳида мерасидааст, ки сарватмандон барои ҳифзи дороии худ кӯшиш мекардаанд, фарзандонашон ҷои «бегона» наафтанд, ё «бегонагон» ба молу сарваташон шарик нагарданд. Бархеи дигар ҳам барои ин, ки духтарашон дар дасти авлоди бегона азоб накашад, домоди худро аз хешовандон интихоб мекардаанд, ки натиҷаи никоҳи амакдухтару тағобача ва ё холабачаву аммабача дар бештар маврид сабаби таваллуди фарзанди ноқис мегардад.

Никоҳи хешутаборӣ, ба андешаи ҳамсӯҳбати дигари мо Аҳмади Иброҳим, сармуҳаррири ҳафтавори «Пайк», дар вилояти Хатлон,  аз нигоҳи тиббӣ дуруст нест, аммо мардум ин ҳақиқатро имрӯз дарк кардан намехоханд. Сабаб, ин аст, ки баъзан аз ин никоҳҳо тифлҳои солим низ ба дунё меоянд.

– Агар бигӯем, ки аз никоҳи хешутаборӣ ҳама кӯдакон носолим ба дунё меоянд, ин нодуруст аст. Шояд аз 100 оила 30-40 нафарашон ба чунин вазъият рӯ ба рӯ шаванд, аммо ҳамин ранҷу азоби як кӯдакро гӯед, чӣ қадар мушкил аст ҳам ба худи тифлак ва ҳам ба волидайну нащдиконаш. Паҳлуи дигари ин масъала ин аст, ки бояд ҳарчӣ бештар бегонагонро хеш сохт. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар бештар маврид оилаҳои бо баробари қудошавии хешу табор муносибатҳо на қавӣ мегардад, балки баръакс риштаи хешутаборӣ бо сабабҳои муноқишаҳои оилавӣ бурида мешавад.

Ба  иттилои раёсати  тандурустии  ВМКБ дар вилоят қариб 1500  кӯдаку навраси маъюб ба қайд гирифта шудаанд, ки эшон ба муроқибати ҳамешагӣ ниёз доранд. Ба гуфтаи масъулин, соли 2013 дар вилояти Бадахшон  4256  кӯдак ба дунё омадааст, ки аз онҳо 18-тояш маъюби модарзод таваллуд шуданд. Соли 2014-ум  бошад, аз  4284 кӯдак 22 нафараш аз батни модар маъюб таваллуд шуданд.

Табибони вилоят никоҳи хешутабориро чун яке аз сабабҳои таваллуди кӯдакони маъюб ва ё имконияташон маҳдуд бидонанд ҳам, аз он хурсанданд, ки нишондоди издивоҷӣ наздик дар вилоят кам ва дар баъзе ноҳияҳо умуман ба назар намерасад.

PS: Таъсири омилҳои иҷтимоӣ, ирсӣ ва риоят накардани тарзи ҳаёти солим, ба мисли истеъмоли маводи нашъадор, майзадагӣ, низ сабаби тавлиди атфоли маъюб шуда метавонад.

 

Гулноза БОБОМУРОДОВА

Манбаъ: Бонувон

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.