Чанд пешниҳод барои пешгирӣ аз санги гурда

126

ccb407b63517a417a3ada109d3b4cc41_L

Пешгирӣ аз пайдоиши санги гурда кори печидае нест, балки танҳо ба як азми росих ниёз дорад. Бинбар ин бо пешниҳодҳои соддаи зерин аз ибтило ба ин ориза пешгирӣ кунед.

Нӯшидани миқдори зиёди об мунҷар ба тунук кардани маводи мавҷуд дар пешоб ва ҷилавгирӣ аз ба вуҷуд омадани санг мешавад. Барои касоне, ки ба нӯшидани об алоқаи чандоне надоранд, тавсия мешавад, нӯшобаҳое монанди лимонаду оби афлесун дар тайи рӯз бинӯшанд.

Дарёфти калсии беш аз ҳад дар режими ғизо метавонад боиси афзоиши мизони оксалат ва ташкили санги гурда шавад. Барои ҷилавгирӣ аз ин иттифоқ бояд мутмаин шавед, ки мизони муносиби калсийро дарёфт мекунед. Зиёд хӯрдани хӯрокҳои пур аз натрий метавонад боиси афзоиши мизони калсий дар идрор ва ташкили санг шавад. Бар асоси дастур-ул-амалҳои ҷадид, масрафи рӯзонаи натрий 2300 миллиграм аст. Агар собиқаи ибтило ба санг гурда доред, беҳтар аст, ин адад ба камтар аз 1500 миллиграм бирасад.

Маҳдуд кардани истеъмоли равғани ҳайвонот, хӯрдани беш аз ҳадди протеинҳо, монанди гӯшти ҳайвонот, тухми мурғ, мурғ мунҷар ба афзоиши сатҳи кислотаи аурик ва ташкил санги гурда мешавад.  Ҳамчунин ин режими ғизоӣ мунҷар ба коҳиши сатҳи ситрот, модаи химиявӣ дар идрор мешавад, ки ба пешгирӣ аз санг куллия кӯмак мекунад. Агар шумо дар маърази санги гурда ҳастед, масрафи ин навъ гӯштҳоро бояд маҳдуд кунед.

Парҳез аз баъзе хӯрданиҳо, мисли лаблабӯ, шоколад, исфиноҷ, чукрӣ ва чой, ки саршор аз оксалат ҳастанд, метавонад ба ташкили санги гурда мунҷар шавад.

Манбаъ: Хуросон

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.