Сармоядорӣ ва сотсиализм аз дидгоҳи Ислом

52

images23

Сармоядорӣ ва сотсиализм

Дар боби сармоядорӣ ва сотсиализм аз назари мутобиқат ва наздикӣ ва ё фарқият бо Ислом ба тартиби зер баҳс хоҳад шуд: Сармоядорӣ дар дунёи имрӯз як падида ва масъалаи нав ва бе пешинаи таърихӣ аст. Ин низом зиёдтар аз се қарн нест, ки дар асари пешравиҳои иқтисодӣ эҷод шудааст. Ба ҳамин сабаб ҷудогона ва ҳамчун як масъалаи мустаҳдиса(навпайдо) баҳс хоҳад шуд. Олимони динӣ дар баҳси бонку бима ва чек ва дигар масъалаҳои иқтисодӣ баҳсҳое доранд, аммо ба ин масъала таваҷҷӯҳ ва назар надоранд, ки сармоядорӣ раъс ва асоси ин низоми навпайдо аст, зеро дар аввал ин гуна фикр мешавад, ки (чун пулдорӣ аз аввал дар байни инсонҳо будааст) сармоядорӣ амри навпайдо ва мустаҳдиса нест, балки қадимӣ аст ва шариат ҳам барои он қонуну қоидаҳое гузоштааст, ки дар баҳсҳои хумсу закот, тиҷорат, музориба ва муомилаҳои дигар матраҳ шуда, пас навпайдо нест, то рӯи он таваҷҷӯҳ ва назари ҷиддӣ шавад.

Аммо ҳақиқат ин аст, ки сармоядории имрӯзӣ як масъалаи навзуҳӯр ва навпайдо аст, ки собиқа ва пешина надорад, ба ин сабаб бояд ҷудогона баҳсу баррасӣ шавад ва иҷтиҳод ва истинботҳои шаръӣ анҷом гирад. Чунон ки мумкин аст тиҷорат дар олами сармоядории ҷадид бо тиҷорати сода ва қадимӣ фарқиятҳои асосӣ дошта бошад.

Ин масъала бояд аз назари Усули илми иқтисод мутолиа ва баррасӣ шавад, зеро иддао мешавад, ки сармоядории нав як навъ истисморӣ байин ва акли мол билботили мусаллам (хӯрдани моли ноҳаққи маълум) муомилае аст, ки як тараф маҳсули заҳмату талоши дигаронро маҷҷонӣ мегирад ва мехӯрад. Дар сармоядории ҷадид, баҳс ва сухан дар ин нест, ки сармоядор боинсонф аст ё беинсоф, сухан дар ин аст, ки агар сармоядор бихоҳад ҳаққи воқеии коргарро бидиҳад, бояд аз суд комилан чашмпушӣ кунад ва ин гуна сармоядоре ҳаргиз дар дунё паёдо нахоҳад шуд ва агар бихоҳад суде дошта бошад ҳамааш дуздӣ ва ҳақхӯрӣ аст.

Нишон ва фарқияти сармоядории навпайдо аз сармоядории қадим ва ҳатто сотсиализм ин аст, ки сармоядор нерӯи коргарро барои фурӯш мехарад, на барои он ки худаш ба он ниёз дошта бошад. Ӯ бо истифода аз он нерӯи коргар барои худ арзиш ва пули изофӣ эҷод мекунад. Изофа ва зиёдатие, ки натиҷа ва мавлуди нерӯи коргар аст ва ба ӯ тааллуқ дорад ҳамон фоидае аст, ки соҳибкор мегирад. Ин аст, ки сармоядории ҷадидро айни истисмор мегӯянд.

Он чӣ дар қадим ба унвони иҷора буд ин будааст, ки коргар маҳсули кор ё нерӯи кори худро ба дигароне, ки ба он ниёз доштаанд мефурӯхт ва харидор ҳам нархи воқеии бозорро медод. Мисолаш ин ки ӯро хидматкори хона ва ё ҷои кораш мекард ва ё девору хонае месохт, на онки бо нерӯи кории он коргар кори тиҷоратӣ кунад ва тавлиди ӯро бо нархи зиёдтар бифурӯшад. Дар баҳси муомилаи музорибаӣ метавон гуфт, ки ҳам сармоя кор мекунад ва ҳам омил ва ҳарду бар асоси қароре, ки доранд саҳми худро мегиранд. Дар музориа (муомилае, ки дар зироат рӯи замин мешавад) ҳам замин ва ҳам коргар ду тарафи ҳаққи саҳм мешаванд. Дар ҳеҷ кадом соҳиби мол ва замин намехоҳад коргарро истифода кунад ва натиҷаи кори ӯро бо нархи зиёдатӣ бифурӯшад. Албатта ба баҳси музориба ва музориа ҳам ишколу айбҳое гирифтаанд[1], ки дар ҷои худ баҳс хоҳад шуд.

далелҳое, ки дар ин баҳс гуфта шуда ду қисм ҳастанд:

  1. Арзишу баҳои ҳар чизе ба воситаи миқдори коре аст, ки дар онҳо шудааст; яъне аввалан молийят ва арзиш ба воситаи кор пайдо мешавад. Дуюм мизону миқдори арзиш тобеи мизону миқдори коре аст, ки рӯи коло анҷом мегирад.
  2. Суде, ки соҳибкор мебарад маҳсули коре аст, ки коргар кардааст ва бояд саҳму ҳаққи ӯ бошад. Ин суд (ки соҳибкор мегирад) арзиши зиёдатӣ бар фоидааст ва бе далел ва сабаб сармоядор онро мегирад.

Муқаддимаи аввал назарияе аст, ки олимони иқтисоди классик, ҳамчун Одом Смит[2] ва Рикардо[3] онро гуфтаанд ва Карл Маркс[4] аз онҳо пайравӣ кардааст. Аммо назарияи дуюм яъне арзиши изофӣ аз назариёти ибтикории Карл Маркс аст (албатта метавон гуфт ин ҳам аз натоиҷ ва лозимаи назарияи аввал аст).

Аммо дар бораи худи арзиш, яъне дар бораи маншаъ ва сарчашмаи арзиш чанд навъ метавон назар дод[5]:

  1. Арзиши чизҳо аз зоти онҳост. Беъзе корҳо ва чизҳо зотан арзиш доранд ва баъзе беарзиш ҳастанд. Корҳои бо арзиш зотан бо якдигар фарқият доранд. Арзиши чизҳо бо зот ва моҳияти онҳо робита дорад.

Ин назария заруратан ботил аст, зеро арзиши ашёъ марбут ба он чиз фи ҳадди нафсиҳо (ба унвони ин ки он чиз аст) нест, мисли вазн ва ҳаҷм ва салобат, ки чун ба инсон рабт пайдо мекунад вазну ҳаҷму дигар нишонаҳо бар ӯ сидқ мекунад. Агар инсон набошад арзиш ба маънои ин ки чизҳо қобили тақсим бошанд нест, чунон ки вазну ҳаҷм ва збоӣ ва зиштӣ дар сурате маъно дорад, ки ба инсон рабт пайдо кунад.

  1. Арзиши ашёъ фақат қарордодӣ ва эътиборӣ аст. Арзиши чизҳо ҳеҷ гуна марбут ба яке аз сифатҳои зотии ашёъ ё сифатҳои аразӣ ва оризии онҳо аз қабили шакл ва сурате, ки бо пайравӣ ва ё амали инсон доро мебошанд нест. Балки башар ҳамон тавр, ки бисёре аз чизҳои дигареро эътибор мекунад, масалн раиси ва фармонбарӣ ва мумкин аст хилофу акси онро ҳам эътибор кунанд, дар мавриди арзиш ҳам чунин аст, масалан мегӯянд масъул яъне соҳиби ин корхона ва якҷои дигар мегӯянд масъул яъне касе, ки масъулият дорад ин корро барои дигарон анҷом диҳад, ин яъне қарордод ва фаҳми мардум аз он симфат ва ё хусусият. Ин назар бо назари пешин мухолиф аст.

Ин назар ҳам ботил ва носаҳеҳ аст. Ҳарчанд дар мавриди пул ва хусусан пули коғазӣ мумкин аст бигӯем пул арзиши эътиборӣ дорад аммо дар мавриди ҳамаи чизҳо наметавон инро гуфт, ки арзишҳо эътиборӣ ва қарордорӣ ҳастанд.

Арзиш ва молийят ва ҳамчунин мартабаҳои арзиш на зотии ашёъ аст ба ин маъно, ки як сифати воқеии шайъ дар нафсаш бе таваҷҷӯҳ ба инсон бошад ва на эътиборӣ аст, ба ин маъно, ки фақат қарордод бошад ва бо ҳолати воқеии шайъ рабте надошта бошад. Балки сифате аст аз тарафе бо ҳолати воқеии шайъ рабт дорад, яъне бо хосиятҳои таквинии ашёъ бо таваҷҷӯҳ ба ҷинсу моҳият ва ё сифатҳои аразӣ ё оризии онҳо марбут аст ва ашёъ ба воситаи асаре, ки бар онҳо эҷод мешавад арзиш пайдо мекунанд (на ба сабаби амал ва коре, ки дар эҷоди онҳо анҷом гирифта аст), аз тарфи дигар иртибот бо инсон дорад, яъне иртибот бо инсон аст, ки сарчашма ва маншаи ин сифат мегардад. Аммо арзиш ин тавр нест, арзиш ва нарх ва молийят ва баҳо ва ё ҳар номе гузошта шавад, навасонот(боло пойин шудани нарх) пайдо мекунад, ки ба фоиданок будан рабт надорад.

Аммо аз ин ишкол метавон ин ҷавобро дод, ки арзиш як сифати воқеӣ аст, аммо на ба эътибор ва ба хотири худи ашёъ ва чизҳо, балки ба хотири ин ки он чизҳо барои инсон аст; албатта арзиш мусовӣ ва баробар бо фоиданок будан нест, балки арзиш баробар аст бо муфид будан ва ниёзи инсон. Ва чун ниёзи инсон ба навъи коло аст, на ба шахс, ба ҳар миқдор, ки вуфур ва арза зиёд бошад ниёз камтар мешавад ва аз арзиш меафтад, то ҷое ки агар монанди ҳаво ва нури офтоб зиёд шавад арзишаш (аз назари нархгузорӣ ва хариду фрӯш) тамоман нобуд мегардад. Вуфур (зиёд будан) ва арзаи зиёд аз навъи тавсиъаи сатҳи иттикои ҷисм аст, ки бо зиёд шудани қуввати ҷисм ва бадан, қувваҳои сангин рӯи он тақсим мегардад ва ҳарчи камтар шавад бардошти он мушкил мегардад. Ин қувва ва тавон ҳамон таваҷҷӯҳ ва хариди мардум аст; ба иборати беҳтар ин ки: арзиши ҳар коло, ҷинс ва шайъ нашъат гирифта аз ду чиз аст: аввал муфиду фоиданоку ниёз будан ва дуюм дар дастрас набудан (кам будан дар бозор). Ҳар миқдор ҷинс зиёд шавад сабаби берун рафтани он коло аз дасти соҳиби он коло мегардад. Ин назар бар асоси арза ва тақозо ва таъсири он дар таъйини баҳо ва нархҳо аст, ки дар бораи он сухан хоҳем гуфт.

  1. Назари севвум дар бораи арзиш ин аст, ки арзиш тобеъ ва пайрави фоиданок будани коло аст ва ҳар қадар муфидтар бошад арзишмандиаш бештар мешавад.

Ин назария ҳам ботил ва носаҳеҳ аст, зеро аввалан мо гуфтем агар арзиш ба маънои муфид (чизи фоиданок) бошад ва сад дарсад ба он бастагӣ дошта бошад, набояд дар асари арза ва тақозо (ниёзи бозор) нархаш пойину боло равад ва навасони қиматӣ дошта бошад. Бар ин илова мекунем, ки бисёре аз чизҳоро мебинем мавриди ниёзи ҷомеа буда, аммо нархашон камтар аз дигар чизҳост, ки нону об аз он навъ ҳастанд, дар онтараф чизҳое, ки барои зебоӣ ва таҷаммулот истифода мешаванд ва аз ниёзҳои ҳаётӣ нестанд, нархи чандсад баробарӣ доранд, ки зеваролот, гӯшвор, дасбанд ва атру либосҳои фохир аз он навъ ҳастанд.

  1. Маншаъ ва сабаби асосии арзиш фоиданоку мавриди ниёз будани он шайъ аст ва дар дастрас набудани он, ки ба маънои дар ихтиёри шахс ё ашхоси хоссе будани он хоҳад буд, ба дигар иборат арза ва тақозои он ҳамон аст, ки қаблан гуфта шуд ва баъд ҳам матраҳ хоҳад шуд. Як матлаб ин буд, ки агар милок ва сабаб ин гуна бошад, ки гуфта шуд, пас ду колое, ки ниёзмандӣ ба онҳо ба як андоза аст ва харидор доранд, бояд нархи баробар дошта бошанд. Мисолаш ин ки агар ҳар хонае ба як қайчӣ ва як чархи дузандагӣ ниёз дорад ва дар бозоро арза шудааст, албатта қайчӣ кораш зиёдтар ва ниёз ба он бештар аст, аммо бар асоси он назария (арзиш дар ниёз ва камбуди коло аст) бояд ҳардуи онҳо як нарх (кам ва ё зиёд) дошта бошанд. Инҷо мебинем, ки чун сохти чархи дузандагӣ кор ва нерӯи зиёдтар ва сарвати бештарро доштааст, нархаш ҳам фарқ мекунад. Пас ин тавр нест, ки баҳо ва арзиши ҳар чизеро бар асоси арза ва тақозо бисанҷем, балки гоҳ арзиш ва баҳои коло аст, ки хариду фурӯшро кам ва ё зиёд мекунад ва дар ҳақиқат арзиш таъсир дар арза ва тақозо дорад на акси он.
  2. Маншаъ ва сарчашмаи арзиш фақат кор аст. Мизони арзиш ҳам ба миқдори коре аст, ки рӯи коло анҷом мегирад. Ин ҳамон назаре аст, ки Одом Смит ва Рекардо иброз кардаанд ва Карл Маркс онро интихоб кардааст.

Чанд ишколе бар ин назария

Аввал; Агар кор маншаъ ва сабаби асосии арзиш аст ва арзиш дар ҳақиқат иборат аз миқдори коре аст, ки рӯи коло сурат мегирад, чаро ва ба чӣ сабаб арза ва тақозо (тавлид ва ниёзи ҷомеа) дар нархи бозор таъсиргузор аст?

Тарафдорони арзиш = кор мегӯянд: навасоноти арза ва тақозо дар атрофи сатҳи мушаххасе эҷод мешавад, вале ҳаргиз худи он сатҳро таъйин намекунад, он сатҳро кор таъйин мекунад.

Дар китоби Усули илми иқтисод баъд аз баррасии равобити иҷтимоӣ ва кор мегӯяд:

…дар ҷараёни ин танзими робитаҳо, ки лояшъур (нохоҳ ва беихтиёр) эҷод мегардад, гоҳ баҳои як коло бо арзиши ҳақиқии он баробар мегардад. Бар ҳамин равиш мефаҳмем, ки дар иқтисоде, ки бар асоси мубодилааст, таодул ва баробарие, ки бояд дар равобити тавлид барқарор бошад, чун ин таодул дар натиҷаи доду ситади колоҳо бо танзими лояшъур аст, ба ҳамин сабаб ин робита собит нахоҳад буд ва тағйирпазир аст…[6].

Ин дар ҳақиқат айбе аст, ки дар инҷо дар баробари назарияи Арзиш=Кор ворид шудааст.

Чунон ки пештар ҳам гуфта шуда, қонунҳои ҳамчун қонуни табиӣ, ки дар иқтисод ҳоким ҳастанд, тағйир намекунанд ва қатъӣ ҳастанд. Ҳоло агар ин сухан, ки кор арзишро эҷод мекунад саҳеҳ бошад, дигар набояд байни робитаи тавлид ё миқдори корҳо, таодул ҷобаҷо гардад.

Дуюм; ин ки кор иллат ва сабаби эҷоди арзиш аст на баробар бо арзиш, яъне кор сабаб мешавад он чиз бартарафкунандаи ниёзҳо бошад ва фоиданок барои башар шавад. Албатта бояд дар дастраси ҳама набошад, ки дар ин ҳол арзишаш аз байн меравад. Аммо сабаби зиёд шудани арзиши он чизе, ки кори зиёдтарро ба худ ихтисос медиҳад ҳамон кори зиёд аст.

Бар асоси он чӣ гуфтем, он айбе, ки аз тарафи назарияи Арзиш=Кор бар назарияи Арзиш баробар бо фоиданок ва дар дастраси омма набудан ворид шудааст саҳеҳ нест.

Сеюм; агар арзиш ба миқдори кор вобаста бошад, пас иллат ва сабаби зиёд будани нархи сангҳои камёб чист? Худи тилло пуштивона ва пули аслӣ аст, назарияи Арзиш=Кор ро ботил мекунад.

Сиккаи тилло колое аст, ки арзиши муайян дорад[7].

Чорум; пас чаро як коло бо омадани колои нави фоиданок ва зеботар арзишаш пойин меравад?

Панҷум; мумкин аст, ду тавлид кунанда яке бо ибтикор ва зарофате, ки дар кораш аст дар баробари нафари дуюм арзиши колои тавлидиашро бо арзиштар кунад. Ин дар ҳоле аст, ки мумкин аст, ҳарду як миқдор кор карда бошанд.

Шашум; бисёре аз чизҳо, бе он ки инсон рӯи он коре карда бошад, нарх ва арзиши худро доранд. Моҳӣ, чубҳои ҷангалӣ, меваҳо ва давоҳои саҳроӣ аз ин навъ ҳастанд. Ҳеҷвақт нарх ва арзише, ки онҳо доранд бо миқдори коре, ки бар онҳо шудааст баробар нест.

Ҳафтум; гоҳе барои ду маҳсул ва коло як миқдор кор мешавад, аммо яке болотар аз дигарӣ аст. Агар ин ба сабаби қонуни табиат бошад, инсонҳо барои касби даромад ва суди зиёдтар ҳамон кореро мекунанд, ки суди зиёд дорад ва касе кори дуюмро анҷом намедиҳад. Мисли коштани гандум ва ҷав, ки ҳарду як навъ кор дошта бошад, вале гандум нархи зиёдтар аз ҷав дорад.

Ҷавоби ин сухан; ин масъала дар ҳолате аст, ки шароит аз ҳар ҷиҳат дар ҳарду кор баробар бошад. Вале гоҳ ба сабабҳои мухталиф мисли надоштани шароит ё фурсат, шахс дунболи ҳамон кори дуюм меравад ва дар канори дигарон ба тавлиди чизе машғул мегардад, ки нархаш пойинтар аст.

Ҳаштум; далели дигар дар ин бора, ки арзиш бар асари кор рабт дорад, яъне қобилияти истифода (на миқдори масрафи кор) ин аст, ки гоҳ инсон барои як кори хӯрд ва кам қуввати зиёдеро сарф мекунад, вале чун асари кораш камтар аст арзиши он ҳам кам хоҳад буд.

Нуҳум; дар назарияи Арзиш=Кор , корро фақат аз назари моддӣ ва сарфи энержӣ ва тавони корӣ нигоҳ мекунанд[8]. Арзиш ва аҳаммияти корҳо бо таваҷҷӯҳ ба миқдори нерӯи корие, ки дар он сарф мешавад ҳисоб мегардад, вале аз назари фикрӣ ва маънавӣ, ки инсонҳо харҷ мекунанд таваҷҷӯҳе нашудааст. Дар инҷо ин савол эҷод мегардад, ки, бар ин асос, наққошӣ ва рассомиҳои бе монанд, навиштору гуфтороҳои бузургони шеърӯ шоирӣ, фалсафа ва ҳикмат ва…, дигар он арзишро нахоҳанд дошт, чун мумкин аст он тавлидгари шеър, дар як фурсату замони кутоҳ бо камтарин тавони корӣ он шеърро эҷод карда бошад.

Даҳум; тарафдорони Арзиш=Кор , инро матраҳ мекунанд, ки инсон ҳамеша талош мекунад, то аз кори худ суд ва фоида бигирад, ба ҳамин сабаб кори фоиданоктарро тарк намекунад. Ин назария бар асоси дидгоҳи материализм аст.

Агар таваҷҷӯҳ кунем муаллимҳо бо ин ки ҳуқуқ ва ҳаққи корӣ камтаре мегиранд аммо кори худро идома медиҳанд, барои ин аст, ки ба кори худ эҳтиром ва эътиқод доранд! пас як кишоварз ҳам метавонад, барои ин ки заминаш аз ҳар колое дошта бошад, колоҳои пуркору камкор ва пурарзиш ва камарзишро бикорад.

Нависандагони китобҳо мумкин аст, аз як китобашон, ки вақту тавони камтарро гирифта суди зиёд касб кунанд, аммо ҳеҷвақт ин корро идома намедиҳанд, балки мераванд китобҳои бо кори бештар ва тавони зиёдтарро менависанд, чаро? чун ҳадафашон арзиши маънавӣ аст, на арзиши моддӣ ва пулӣ.

Яке аз айбу эродҳои асосӣ дар назарияи Арзиш=Кор ин аст, ки фаолиятҳои инсон бештар аз назари моддӣ ва судҳои пулӣ таваҷҷӯҳ шудааст.

Ёздаҳум; дар назарияи Арзиши ҳар чизе баробар бо кори он аст, аз нақши табиат, ки метавонад чандин баробари онро тавлид кунад ва ба сухани Қуръон, ки мефармояд: мисли донае, ки аз он ҳафт шоха ва аз ҳар кадом сад дона эҷод мегардад[9] ғафлат шудааст.

Чунон ки хоҷа Ҳофиз мегӯяд:

Шаҳрест пур карашма ва хубон зи-шаш ҷиҳат

Чизам нест ва-р на харидори ҳар шашам

Широз маъдани лаби лаъл асту к-он Ҳасан

Ман ҷавҳаре муфлис аз-ин рӯ мушаввашам

Ба ҳамин сабаб, чунон ки гуфтем, ҳаргиз арзиши корро наметавон баробар бо он чизе бидонем, ки дар тавлиди он коло харҷ шудааст.

Бар асоси назарияи Арзиш=Кор бояд арзиши ҳақиқии нерӯи коргарро баробари ҳадди ақали зиндагии ӯ бидонем. Пас ночор бояд қонунеро, ки Молтус гуфтааст қабул кунанд.

Масъала ин аст, ки онҳо мегӯянд дар ин байн як арзиш ва суди зиёдатӣ аст, ки аз кори соҳибкор нест, аммо ӯ онро мегирад. Ба назари онҳо хатои корфармо ин нест, ки ҳуқуқи коргаронро кам дода бошад, балки ин аст, ки ӯ ҳаққеро, ки дар ин байн эҷод гаштааст аз худ мекунад. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи худи онҳо, ин арзиши зиёдатӣ аз кор ҳамон чизе аст, ки ӯ бо нархе камтар харидааст. Агар як нафар гов ва ё гӯсфандеро бихарад ва аз нерӯи онҳо ва шири онҳо истифода кунад ва суде ба дасташ бирасад, ки зиёдтар аз харҷаш бошад, оё ин шахс хатокор аст?

Ҳақиқат ин аст, ки назарияи Арзиш=миқдори харҷи тавони корӣ… як назарияе аст, бар зиддӣ коргарӣ.

Дар китоби Таърихи ақоиди иқтисодӣ[10] назарияи Марксро нақд мекунад ва мегӯяд:

Асос ва усораи назарияи Маркс ин аст, ки арзиш танҳо бар кори дастӣ аст ва бозу ва тавони корӣ мумкин аст арзиш офарин бошад. Ихтироъ ва созмондеҳӣ ва ё мудирият эҷодгари арзиш нестанд[11].

Ин баён аз он ҷиҳат, ки созмон ва мудирият арзиш меофаринад як сухни нав аст, аз он назар, ки маншаи арзишро кор бидонем бояд қабул кунем, ки созмон ва мудирият дар эҷоди кор муассир аст.

Кор худ ба худ арзишро эҷод намекунад чунон ки як тоблу ва расми номуносиб (ҳарчанд кор дидааст аммо) арзиш надорад[12]

Ин сухан нав нест, балки дар таъйиди назаре аст, ки гуфтем кор баробари арзиш нест, мувҷиби арзиш аст, чунон ки ҷинсу навъ ва ибтикор эҷодкунандаи арзиш мебошанд. Ҳақиқати арзиш фоидадорӣ ва матлуб будани ҷинс аст, ки аз назари зиёд набудан ва ройгон набудан ҳам таваҷҷӯҳ шуда бошад. Нависандаи китоб дар ҳамон сафҳа мегӯяд:

Натиҷаи мантиқии назарияи Маркс ин аст, ки арзиш дар замон тағйир намекунад вале ҳама медонем, ки ин тавр нест; шароби хуб бо гузашти замон арзишаш бештар мешавад, ….

Ин эрод ва ишкол ду навъ мешавад: яке ин ки замон (яке аз омилҳо ва сабабҳо) ба худии худ арзишро эҷод мекунад мисли атиқаҷоту тангаҳо ва медалҳои таърихӣ, хона ва сангвораҳои бостонӣ ва… .

Дуюм ин аст, ки худи табиат дар гузари замон таъсироте хоҳад дошт, ки сабаби афзудани арзиш бар он ҷинс мешавад, мисли турушӣ, сирри кӯҳна ва… .

Маълум мегардад, ки табиати мурда метавонад ҳамчун табиати зинда таъсиргузор дар арзиш бошад. Албатта табиати зинда тавлид ва афзоиш диҳандааст аммо табиати мурда фақат метавонад дар кайфият таъсиргузор бошад.

Аз он чӣ то инҷо гуфта шуд маълум мегардад, ки арзиш зоти ҷинс нест ва эътиборӣ ҳам нест. Балки асли арзиш бар асоси фоидадор ва камчин будани он аст. Аммо аз назари дараҷаи арзиш яъне баҳо ва нархи хосси ҳар чиз ба миқдори тақозо(ниёз) ва миқдори камчин будан ё набуданаш аст. Кор худ дар пойини арза ва тақозо ва фоиданокӣ қарор дорад.

[1] Балки гуфтем, ки агар ин аслро, ки арзиш баробар бо кор аст, қабул кунем колоҳо қимати ҳақиқӣ ва ғайри тағйирпазир мешаванд ва фурӯши хона ба нархи зиёдатӣ аз ончи дар сохти он сарф шудааст арзиши изофӣ аст (магар ин ки замонро ҳам таъсиргузор дар нарх ва онро ҳам як навъ сарф ва ҳазина ҳисоб кунем).

[2] Смит; филсуфи искотландӣ ва назария пардоз дар иқтисоди сиёсӣ, тарафдои асосии низоми сармоядорӣ(капитализм) соли 1723м – 1970м буд.

[3] Девид Рикардо; иқтисоддони суннатии Инглис. (1772м – 1823м)

[4] Карл Генрих Маркс, мутафаккир, филсуф, ҷомеашинос ва иқтисоддон. Таваллуд: 15/5/1818м(Трир, Пруссия-Олмон), марг 14/3/1883м(Лондон-Инглис). Сотсиалист буд ва мактабаш (Марксизм дар қолиби Коммунизм), низоми коргарии Шуравиро 80 сол идора кард.

[5] Эҳтимолоти боби арзиш:

а. Арзиш як сифати зотӣ дар ашёъ аст.

б. Арзиш ба кору амале рабт дорад, ки дар эҷоди онҳо анҷом шудааст (иллат).

в. Арзиш ба асаре рабт дорад, ки дар ашёъ пайдо мешавад (маълул).

г. Арзиш ба асар(маълул) ва илова бар он ба камчин будан он шайъ аст.

д. Арзиш фақат қарордодӣ ва эътиборӣ аст ва чун мактаби савдогароӣ ба мубодила зиёд аҳаммият медиҳанд, назарашон ин аст, ки арзиш эҷод мекунад.

е. Арзиш аз назари Физюкротҳо аз табиат пайдо мешавад, на аз мубодила.

[6] Усули илми иқтисод с.23

[7] Усули илми иқтисод с.42

[8] Бар асоси ин назар, як кишоварзе, ки корашро бо як гов анҷом медиҳад, бояд саҳм ва ҳаққи говро зиёдтар дар назар бигирад, вале инсон, ки бо фикр ва барномарезиаш ин корро иҷроӣ кардааст, камтар ҳақ дорад.

[9] کمَثلِ حَبَّةٍ أنبَتَت سَبعَ سَنابِلَ فی کُلِّ سُنبُلَةٍ مِائَةَ حَبَّةٍ / بقرة 261

[10] Таълифи Луи Бедан/тарҷумаи Наҳовандӣ

[11] Таърихи ақоиди иқтисодӣ с 142

[12] Таърихи ақоиди иқтисодӣ с 143

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.