“Асетаминофен” монеи хатоёбӣ дар мағз мешавад

58

ace1145de9985e0411aaec4da79e05fb_L

Гурӯҳе аз мутахассисони канадаӣ ба ин натиҷаи расидаанд, ки доруи “Асетаминофен” (Истоминофен) метавонад монеи хатоёбии мағз шавад.

Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии шабакаи “Хабар”,  бо ин ки “Асетаминофен” аз таскиндиҳандаҳои пурмасраф ва муассир дар дармони анвои дардҳо аст, аммо муҳаққиқони Донишгоҳи Торонто ва Бритиш Кулумбия муътақиданд, ин дорӯ метавонад хатоёбӣ дар мағзро мухтал кунад.

Ин аввалин мутолиа дар ҳавзаи асабшинохтӣ аст ки нишон медиҳад чи гуна ин мусаккин метавонад монеъ аз он шавад то мағз аз шиносоии хатоҳо боз монад.

Дон Рондлесс, яке аз мутахассисони ин мутолиа гуфт: “Дар баррасии худ ба таври комил мутаваҷҷеҳ шудем, чи гуна дорӯи “Асетаминофен” бар мағз таъсир мегузорад. Дар ҳоле ки таҳқиқоти рафторӣ дар мавриди таъсироти “Асетаминофен” анҷом гирифта ба дунболи он ҳастем то мутаваҷҷеҳ шавем, ба лиҳози асабшинохтӣ чӣ иттифоқе рух медиҳад”.

Мутахассисони канадаӣ дар баррасии худ 60 нафарро дар ду гурӯҳ тақсимбандӣ карданд. Аз онон дархост шуд, бо дидани ҳарфи “F” дукмаи мавриди назарро фишор дода ва дар сурати мушоҳидаи ҳарфи “E” иқдоме накунанд. Ҳамчунин фаъолияти электрикӣ дар мағзи ширкаткунандагон муҳосиба шуд.

Ба гузориши Science World Report, ҳамчунин ба ширкаткунандагони як гурӯҳ, 1000 милиграм “Асетаминофен” дода шуд. Натоиҷи бадастомада нишон дод, дар воқеъ бо масрафи ин мусаккин, огоҳӣ аз хато бо мушкил рубарӯ мешавад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.