Инсулини баланд шӯшҳоро таҳдид мекунад

51

a212b4dea29bcdd29dfe614eb7947b75_L

Тибқи мутолиаи муҳаққиқон, сатҳи баланди инсулин барои шӯшҳо зараровар аст ва бояд бар беҳбуди режими ғизоию сабки зиндагии афроди гирифтори бемории қанд ва пеш аз он низ таваҷҷуҳ бештар шавад.

Дар мутолиаи тиме аз муҳаққиқони  урупоию амрикоӣ робитаи байни афзоиши сатҳи инсулин ва осеб ба сохтору амалкарди шӯшҳо баррасӣ шуд. Ба гуфтаи ин тим, аксари афрод аз шеваҳои афзоишдиҳандаи инсулин барои беҳбудии сатҳи глюкозаи хун дар бемории диабет истифода мекунанд, бидуни он ки таваҷҷуҳе ба аворизи ҷонибии афзоиши сатҳи инсулин дошта бошанд. Ба гуфтаи ин муҳаққиқон, барои аввалин бор нишон дода шуд, ки сатҳи болои инсулин ба таври мустақим ба сохтору амалкарди шӯшҳо осеб мерасонад. Аз ин рӯ, муҳаққиқон ба афроди мубтало ба диабет тавсия мекунанд, ки режими ғизоӣ ва мизони фаъолияти баданашанро беҳбуд бахшанд, зеро тазриқи инсулин ба мурури замон мӯҷиби бурузи мушкилоте дар шӯшҳо мешавад.

Инсулин яке аз ҳормонҳое аст, ки таъсироти мухталифе дар сӯхту соз ва дигар аъмоли бадан мегузорад.

Манбаъ: Хуросон

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.