Кашфи «генҳои марг»

81

0bfcc9152a2f4f5bc101430601047697_L

Донишмандони англис дар тозатарин таҳқиқоти худ муваффақ ба кашфи «гени марг»,  гене,‌ ки ба таври мутавассит чаҳор соли умри инсонро кам мекунад, шудаанд.

Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии шабакаи “Хабар”, донишмандони Донишгоҳи Эдинбурги Шотландия бо мутолиа бар рӯй DNI-и 150 ҳазор нафар муваффақ ба кашфи «гени марг» шудаанд. Натиҷаҳои қатъии таҷзия ва таҳлили DNI-и ширкаткунандагон дар ин мутолиа бо додаҳои марбут ба тӯли умри волидайнашон мавриди муқоисаи қарор гирифтааст. Донишмандон дар ин таҳқиқ ба ин натиҷа расиданд, ки тӯли умри афроди ҳомили ин гени ҷаҳишёфта кӯтоҳ аст. Фарде, ки фақат дорои як гени ҷаҳишёфта аст, як сол зудтар мемирад ва тӯли умри афроди ҳомили як ҷуфт генҳои ҷаҳишёфтаи APOE ва CHRNA  ба таври мутавассит чаҳор сол кӯтоҳтар аст.

Тибқи натиҷаи ин таҳқиқ, ҳудуди 70 дарсади англисҳо дорои ин ген ҳастанд. Ҳамчунин аз ҳазор нафар се нафар ҳомили як ҷуфт «гени марг» аст. Ин афрод дар муқоиса бо афроди дигар бештар мустаъиди ибтило ба  бемориҳои ҷаддие чун саратон, фаромӯшхотирӣ ва ғайра ҳастанд.

Донишмандони Донишгоҳи Эдинбург тавсия мекунанд, бо тавваҷуҳи бештар ба саломатӣ ва сабки зиндагӣ метавон фаъол шудани «гени марг»-ро пешгирӣ кард. Фановарии ташхис, ки иттилоот дар бораи ибтило ба бемориҳои генетикиро фароҳам мекунад, яке аз роҳҳои ташхиси ин ген аст. Ин донишмандон мегӯянд, ин иттилоот метавонад иллати  аслии бемориро хунсо кунад. Ба унвони мисол, афроде ки дорои як гени ҷаҳишёфтаи CHRNA ҳастанд, бояд сигоркаширо бас кунанд, зеро ин афрод мустаъиди ибтило ба саратони шӯш ҳастанд.

Манбаъ: Хуросон

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.