Хатари аутизм дар бордориҳои пушти сари ҳам

57

72c01cd17a6733f9c61876f8d305d8fb_L

Таҳқиқоти ҷадид нишон медиҳад, фосилаи кӯтоҳи бордориҳои пушти сари ҳам мумкин аст, муҷиби афзоиши риски бурузи аутизм дар кӯдакон шавад.

Ба гузориши Пойгоҳи иттилоърасонии шабакаи хабари Садо ва Симо, муҳаққиқони Донишгоҳи Вале дар Колумбия бо баррасии таҳқиқе муташаккил аз 1.1 миллион кӯдак дарёфтанд, фосилаи бордориҳо бо афзоиши эҳтимоли ихтилоли рушди асабӣ муртабит аст.

Доктор Агустин Конде Агудело, узви тими таҳқиқ дар ин бора мегӯяд: “Тибқи беҳтарин манобеъ ва асноди мавҷуд ба назар мерасад, фосилаи идеал байни бордориҳо байни 2 то 5 сол аст. Бадин тартиб риски бурузи аутизм коҳиш меёбад”.

Вай дар идома меафзояд: “Далоили байни фосилаи кӯтоҳи ду бордории мутаволӣ ва бурузи аутизм ва соири нотавониҳои рушди системаи асабӣ ношинохта аст”. Вай таъкид мекунад, ки донишмандон муътақиданд, тағзия ва соири авомил дар ин замина нақш доранд.

Агарчи ин мутолеа исбот намекунад, ки фавосили тӯлонӣ ё наздики байни ду бордорӣ воқеан муҷиби бурузи аутизм мешавад, аммо ба назар мерасад, ин иртибот вуҷуд дорад.

Тими таҳқиқи ин мутолеа дарёфтанд, кӯдакони мутаваллидшуда аз бордориҳои бо фосилаи камтар аз 12 моҳ дар муқоиса бо кӯдакони мутаваллидшуда аз заноне бо фосилаи бордории 3 сол ё бештар, тақрибан ду баробар бештар дар маърази ибтило ба аутизм қарор доранд.

Аутизм ё дархудмондагӣ навъе ихтилоли рушдӣ (аз навъи равобити иҷтимоӣ) аст, ки бо рафторҳои иртиботӣ, каломии ғайритабиӣ мушаххас мешавад. Ихтилоли аутизм   маъмулан қабл аз 3 солагӣ мушаххас мешавад ва ғолибан шомили мушкилоте дар барқарории равобит ва анҷоми умури иҷтимоӣ ва ҳамчунин рафторҳои такрорӣ аст.

Манбаъ: Хуросон

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.