Тамошои телевизион ҳангоми сарфи ғизо мамнуъ

96

Тамошои телевизион ё истифода аз телефони ҳамроҳ дар ҳангоми сарфи ғизо яке аз одоби бади ғизоӣ ва рафторе аст, ки коршиносон онро заминасози бурӯзи бисёре аз бемориҳо медонанд.

Сарфи ғизо ҳамроҳ бо тамошои телевизион ё мурӯри сайтҳо, паёмакҳо ва тасовир дар гӯшии ҳамроҳ, имрӯза ба навъе рафтор ва одат дар миёни бархе афрод ва хонаводаҳо табдил шудааст, рафтор ва одати бади ғизоӣ, ки ба гуфтаи мутахассисони риштаҳои мухталифи пизишкӣ, сабаби бурӯзи аворизи гуворишӣ, рафторӣ ва ҳатто чоқӣ мешавад.

Ғизо хӯрдан ба вижа агар ҳамроҳ бо тамошои тасовир ва саҳнаҳои ҳаяҷонбарангез ва муҳаррик бошад, ба далели ин ки мағзро даргир карда ва аз тавваҷӯҳ ва расидагии он ба раванди ҳазм ва гувориши ғизо мекоҳад ва сабаби бурӯзи мушкилоти гуворишӣ мешавад,  тавсия намешавад.

Чашм аз қисматҳои бисёр муҳим бадан аст, ки қисматҳои зиёде аз мағзро даргир мекунад, вақте як филми синемоӣ ё як сириалро мебинем, энержии зиёде аз мағз маътуф ба он мешавад ва илова бар ин, ба далели афзоиши ҳаяҷоноти ношӣ аз достони филм, зарабони қалби боло меравад, системаи гувориш худро ҷамъ мекунад ва тамоми тамаркузи мағз ба қалб маътуф мешавад. Ингӯна рафторҳо сабаби эҷоди ихтилол дар амалкарди системаи гувориш мешавад ва ба ҳамин далел аст, ки бисёре аз афрод дучори мушкилоти гуворишӣ мешаванд. Бинобар ин тавсия мешавад, ки аз анҷоми фаъолиятҳое бо тамаркузи зиёд ва ҳаяҷонбарангез дар ҳангоми сарфи ғизо парҳез шавад.

Ин ҳайяҷонҳо метавонад шомили шодӣ, ғам ва изтироби беш аз ҳад ё нигаронӣ аз иттифоқи эҳтимолӣ дар филм бошад. Аз ин рӯ ба таври куллӣ тамошои филм ё маҷмӯаҳои телевизионӣ, ахбор, мусобиқоти варзишӣ ё тасовир ва матолиби мавҷӯд дар шабакаҳои маҷозӣ, ҳамзамон бо сарфи ғизо тавсия намешавад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.