Статинҳо мизони маргу мири ношӣ аз саратонро коҳиш медиҳанд

59

81338a3cc1e2cc38e61c41b55f79dba4_L

Натиҷаи як таҳқиқ тайид мекунад, ки статинҳо метавонанд хатари марги ношӣ аз чаҳор навъ аз шоеътарин саратонҳоро ба андозаи қобили таваҷҷуҳе коҳиш диҳанд.

Ба гузориши Ирно, муҳаққиқон мутаваҷҷеҳ шудаанд, ки шумори маргу мири беморони саратонӣ, ки холестирини болое доранд, бадунболи дармон бо доруҳои коҳишдиҳандаи холестирин ба андозаи қобили таваҷҷуҳе коҳиш меёбад.

Як мутолиа нишон додааст, ки хатари марги ношӣ аз саратонҳои сина, простата, руда ва рия дар афроди мубтало ба холестирини боло ба тартиб 43 дарсад, 47 дарсад, 30 дарсад ва 22 дарсад коҳиш дорад.

Дар ин мутолиа, савобиқи беҳдоштии наздик ба як миллион бемори саратонӣ дар бемористонҳои Англия дар фосилаи замонии январи 2000 то марти 2013 баррасӣ шуд.

Сипас ин додаҳо бо омори маргу мири ношӣ аз Идораи миллии омори Англия муқоиса шуд.

Ёфтаҳои ин мутолиа тайидест, бар таҳқиқоти қаблӣ, ки нишон медиҳад, статинҳо аз беморони саратонӣ муҳофизат мекунанд.

Муҳаққиқон гуфтанд, ин озмоишҳо нишон медиҳанд, ки масдуд кардани гормони эстроген, ки холестирини боло аз тариқи статинҳо боиси бурузи он мешавад, метавонад рушди саратонро ба андозаи чашмгире оҳиста кунад.

Муҳаққиқон дар партави ёфтаҳои ин мутолиа, хостори анҷоми мутолиоти бештар дар заминаи доруҳои коҳишдиҳандаи холестирин шуданд.

Статинҳо гурӯҳе аз доруҳо ҳастанд, ки бештарин таҷвизро барои коҳиши холестирини хун ба худ ихтисос додаанд. Статинҳо масири сохти холестирин тавассути кабидро масдуд мекунанд, бинобарин ҳуҷайраҳои кабидӣ тиҳӣ аз холестирин мешаванд ва ниҳоятан боис мешавад, ки кабид холестиринро аз хун бардошт ва ҷамъоварӣ кунад.

Манбаъ:  Сомонаи Хуросон

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.