Friday 24th November 2017
  • #
  • #
  • #
  • #

Интихоби гӯшти мурғ

images12

Солҳои пеш гӯшти мурғи бозорӣ ба назар лоғар тобад ҳам, тамъи хубе дошт. Гӯшти мурғе, ки имрӯз дар мағозаву бозорҳо ба савдо бароварда мешавад, калонтару фарбеҳтар бошад ҳам, чандон тамъи хубе надорад.

Аз рӯи гуфти мутахассисони соҳаи мурғпарварӣ замони пеш мурғҳои зоти бройлерро парвариш наменамуданд. Бройлер аз калимаи англисии «бройл» гирифта шуда, маънояш «дар оташ доғ кардан аст» ва зоти мурғҳои гӯштӣ буда, барои тухм неву пас аз 6-8 моҳи парвариш чун гӯшт ба савдо бароварда мешуданд, ки ҳам хушсифат буданду ҳам хушмазза.

 

Гӯшти мурғи хонагӣ барои тайёр намудани мурғшӯрбо ба мақсад мувофиқ аст ва гӯшти мурғи зоти бройлер барои мурғшӯрбо ин лаззатро надорад. Аммо барои мурғбирён тамъи гӯшти бройлер хуб аст. Зеро гӯшти мурғи хонагӣ барои мурғбирён нисбатан сахту хушк аст.

Имрӯз дар таркиби дилхоҳ гӯшти мурғ ҳормону антибиотикҳо мавҷуд аст. Барои он ки мурғҳо ба касалиҳо гирифтор нашаванд, ба таркиби хӯроки  онҳо антибиотикҳо ҳамроҳ карда шуда, онҳоро прививка мекунанд. Ғайр аз ин, ба хӯроки онҳо барои тез инкишоф ёфтанашон ҳормонҳои зудинкишофдиҳанда ҳамроҳ карда мешавад. Аз ин навъи мурғони фарбеҳ бо харҷи каме истеҳсолкунандагон даромади хубе ба даст меоранд.

Аксаран гӯшти мурғ дар таркибаш ангезандаҳои бемории салмонелёзро дорад. Ин далелро Донишкадаи умумирусиягии озмоишҳои истеъмолӣ асоснок намудааст. Салмонелёз бемории инфексионии меъда мебошад, ки нишонаҳои вазнине дорад. Дар баъзе ҳолатҳо ба марг оварда расониданаш низ мумкин аст. Имкон дорад, ки ҳар яки мо аз гӯшти ангезанок истеъмол намуда бошем, аммо хушбахтона натиҷааш хуб анҷом ёфтааст. Иммунитети одами калонсол ба ин беморӣ  тобовар буда, организми кӯдаки хурдсол ба он муқовимат карда наметавонад. Кӯдак баъди истеъмоли ин намуд гӯшт, метавонад зуд заҳролуд шавад. Чи тавре дар боло зикр намудем, баъзан маврид беморӣ шифоношаванда аст ва беморро бо марг рӯ ба рӯ месозад.

Барои пешгирӣ мутахассисон маслиҳат медиҳанд, ки пеш аз истеъмол гӯшти мурғро ҳатман дар дараҷаи 200 градус бо равған бипазед ва мӯҳлати ним соат онро дар тафдон дар оташи паст нигоҳ доред. Ин касалӣ  ба ҳарорати баланд тобовар нест.

Бояд инро ҳам донед, ки баъди анҷоми кор асбобҳое, ки ҳангоми реза ва пухтани гӯшти мурғ истифода шуданд бояд ҳатман бо оби ҷӯш шуста бишаванд, зеро ангезандаҳои беморӣ паҳншавандаанд.

Инчунин, таҷриба нишон додааст, ки дар бештар маврид гӯшти мурғи мӯҳлаташ гузашта ва ё вайроншударо бо маҳлули маргансов тоза намуда, дубора ба фурӯш мебароранд, ё ин ки аз он дигар маҳсулот тайёр менамоянд, ки ба саломатии инсон зараровар мебошад. Аз ин хотир, пеш аз харидорӣ ҳолати гӯшти мурғро хуб аз назар гузаронед. Гӯшти кӯҳна зуд маълум мешавад.

Гулноз

Манбаъ: бонувон

Share



Назари худро бинависед