Барои тарбияти кӯдак аз куҷо шурӯъ кунем

94

index

Барои он ки омӯзиш ва тарбияти муфид воқеъ шавад, бояд хеле зудтар аз он чи умуман имрӯз фикр мекунанд шурӯъ кард, яъне аз ҳамон ҳафтаҳои пас аз таваллуд. Нахуст бояд мунҳасиран ба масоили физиологӣ ва пас аз як сол ба масоили равонӣ таваҷҷуҳ шавад.

Як нуқтаи қобили зикр ин аст, ки арзиши замон барои кӯдак яксон нест, зеро муддати як рӯз дар яксолагӣ ба маротиб тӯлонитар аз як рӯз дар даврони сесолагӣ мебошад. Ва шояд шаш баробар бештар аз ҳаводиси физиологӣ ва равониро шомил шавад. Бинобарин набояд чунин даврони пурмояи кӯдакиро бидуни баҳрабардорӣ гузошт. Ба эҳтимоли зиёд дар тӯли шаш соли аввали зиндагӣ натиҷаи иҷрои муқарароти зиндагӣ қатъитар аст.

Бадин ҷиҳат аст,ки ҳазрати Алӣ (алайҳис салом) мефармояд:

من لم يتعلم في الصغر لم يتقيم في الكبر

“Касе ки дар кӯдакӣ чизе наёмӯзад, дар бузургӣ наметавонад бузургӣ кунад.”

(Ғурарулҳикам /697)

Бинобарин даврони кӯдакӣ беҳтарин замон барои фаро гирифтани роҳ ва равиши дурусти зиндагӣ мебошад. Зеро қудрати тақлиду иқтибос ва ёдгириӣ кӯдак бисёр шадид аст. Кӯдак дар ин замон тамоми ҳаракот, гуфтор ва рафтори атрофиёни худро бо тамоми диққат, монанди як филми аккосӣ дар худ сабт мекунад.

Аз ин рӯ ҳамзамон бо рушд ва такомули ҷисми кӯдак бояд равони ӯро ба роҳи дуруст ҳидоят кард, то сифоти писандида дар вуҷудаш қарор гирад, зеро кӯдаконе, ки ба шеваи дуруст тарбият нашудаанд, таъғири сифоти ахлоқиӣ онон дар бузургсолӣ бисёр душвор мешавад.

Хушбахттарин ва саодатмандтарин афрод касоне ҳастанд, ки аз оғоз бо парвариши дуруст ва солим рушд ёфтаанду сифоти барҷаста ва арзишманд овезаи гӯш ва ҷони онон шудааст.

Бархе аз донишмандон, кӯдакро ҳамонанди ниҳоли наврустае донистаанд, ки боғбон ба осонӣ метавонад бо барномаҳои дуруст вазъи ӯро таъғир диҳад, вале касоне ки ҳамонанди дарахти куҳансол ба парваришҳои палид ва нописанд одат кардаанд, ислоҳи онон бисёр душвор аст. Касе, ки мехоҳад рафтори ин гуна афродро таъғир диҳад, бояд душвориҳои фаровонеро таҳаммул кунад.

 

 Паёмбар сармашқи мардум аст

Худованд дар Қуръон мефармояд:

“لقد كان لكم في رسول ا لله اسوة حسنة”

“Дар воқеъ Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) барои шумо беҳтарин сармашқ ва пешвое аст,ки метавонед аз вуҷудаш баҳраманд гардед.” (сураи Аҳзоб ояи 21)

Расули гиромии ислом дар тӯли таърих бузургтарин сармашқи башарият будааст, зеро пеш аз ин ки бо гуфтори худ мураббӣ ва роҳнамои мардум бошад, бо рафтори шахсии хеш беҳтарин тарбияткунанда ва роҳбар буд.

Шахсияти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) намунае барои як рӯзгор, як насл, як миллат, як мазҳаб ва як макони хос намебошад, балки як сумбули ҷаҳони ва ҳамешагӣ барои тамоми мардум дар ҳамаи замонҳост.

Мо дар ин ҷо бо таваҷҷӯҳ ба шавоҳид ва мадорики муътабар, ба рафтор ва шеваҳои амалии Расули гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар бораи кӯдакон ва ҷавонон мепардозем.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.