Кирдоре, ки расм шудааст ё занон ба зулму ситам одат кардаанд?

137

 

Бо вуҷуди пешрафтҳои қобили таваҷҷуҳи саросарии ҷаҳон, тараққиёти илму фарҳанг ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мушкилоти умдаи башар, хушунат нисбат ба занон, ки аз қарнҳо вуҷуд дошт, то ҳол дар ҳама кишварҳо боқӣ мондааст. Гарчанде дар адабиёти ҳазорсолаи охир ва ҳозира воситаҳои фарҳангӣ- иттилоотӣ дар симои зан шахси хушбину худбовар, тандеси зебоию солимӣ ва дигар хулқу атвори накӯи инсонӣ муҷалло мегардад, вале аксар аз бонувони олам, ки нуфусашон дар ҷаҳон ба 3,4 миллиард нафар мерасад, на ба кибернетикаву воситаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дастрасӣ доранду на баҳрамандӣ аз роҳату саодати зиндагӣ.

Мушкили зан, назокату вобастагии иқтисодист

Тибқи таҳлилу тадқиқоти иҷтимоии созмонҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқҳои занон, хушунати оилавӣ, зулму ситам, танҳоӣ ва зӯроварии бесаводонаи атрофиён нисбат ба зан натанҳо дар кишварҳои дар ҳоли бунбасти коммуникатсионӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ қафомонда, балки дар ҷомеаи пешрафту тараққикардаи дунё низ баръало мушоҳида мешавад. Иллати ин дар зиндагӣ вобастагии иқтисодии онҳо аз сарварони хонаводаҳояшон мебошад. Ба андешаи коршиносони риштаи ҳуқуқ дастрасӣ ба таҳсилот, беҳдошти вазъи солимии занон, таъмини шароити кор ва бо ин васила дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мусоидат намудан роҳи умдаи ҳалли мушкил мебошад. Фароҳам сохтани шароиту имконоти зикргардида, бонувонро водор месозад, ки худ ташаббускори мубориза баҳри пешгирӣ аз хушунат дар оила ва ҷомеа бошанд.

Ибрат аз Ғарб омӯзем ё Шарқ нозуксуханист?

Далели муътамади ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил шудан ҷомеаи Ғарб дар раванди баробарҳуқуқии гендерӣ мутобиқ ба талаботу меъёрҳои ҳуқуқи башарӣ иҷро намудани барномаву консепсияҳо дар ин самт аст. Дар баробари ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” даҳҳо барномаву консепсияҳои миллию давлатӣ рӯи кор омаданд. Омори афзояндаи ҳузури занон дар бозори меҳнат ва дигар нишондиҳандаҳои иҷтимоии 17 соли охир самараи судманди сиёсати пешгирифтаи ҳукумат дар ин самтҳост. Мутаассифона, дар масъалаи вазъи ҳуқуқҳои модару кӯдак, мубориза алайҳи пешгирӣ аз нақзи ҳуқуқҳои занон ва зӯроварӣ дар оила мушкилиҳои ҳалталаб зиёданд. Ба илму касбомӯзӣ фаро гирифтани қишри аъзами занону духтарон то дурдасттарин маҳаллаҳои кишвар, маърифатнокии ҳуқуқии ҷомеа ва тарбияи ҳисси худшиносии мардум аз зумраи вазифаҳои муҳимтарин ба шумор мераванд. Вале як нуктаро бояд тазаккур дод, ки дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки арҷгузорӣ ба ҳуқуқҳои инсон ва риояи баробарҳуқуқии гендерӣ дар мадди аввал аст, набояд тақлиду ибратомӯзи ҷомеаи Урупо бошем. Чун фарҳанги зиндагию зеҳнияти мо, мардумони Шарқ, ба уруф одатҳои онҳо намесозад ва ин иддаои ба ҳамагон маълум ба шарҳу тавзеҳ ниёз надорад.

Зудудани қолабҳои зеҳнӣ

Пӯшида нест, ки дар илму касбомӯзии бонувон дар рустоҳо мушкилу монеаҳои гуногуни оилавӣ вуҷуд доранд, ки он аз бесаводию нобоварӣ ва рашку дигар эҳсоси носолими падару шавҳар ва бародарони духтарон маншаъ мегирад. Пурсишҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки аз байн нарафтани хушунати оилавӣ дар ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф ин сабру муросокории занон дар мавриди нақзи ҳуқуқҳояшон аст. Тавре аз суҳбат бо сокинони ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бармеояд, баъзан кирдорҳои хушунатомези мардони хонавода нисбат ба занон ба амри маъмулӣ табдил ёфта, ҳатто ҷонибҳои баҳсҳои оилавӣ, хоса мардсарварони хонавода намедонанд, ки кадом аз амалу кирдорашон нисбат ба ҳамсар хушунат ҳисобида мешавад. Ба ҳамин минвол занони сокини русто бе ризояти падар ё шавҳар иштирок дар маҳфилу чорабиниҳои ҷамъиятиро ба худ раво намебинанд. Дақиқан, ин ва даҳҳо ҳолатҳои дигари муносибатҳои зӯроваронаи ҳамсаронро ҳамчун оддати маъмулии суннатӣ меҳисобанд, на хушунату зӯроварӣ нисбат ба худ.

Хулоса, пешгирӣ аз зулму ситам ва хушунати хонаводагӣ нисбат ба занону духтарон дар оила мушкили садсолаҳост, ки ҳалли пурраи худро наёфтааст, ки гиреҳкушои он пеш аз ҳама худ бонувонеанд, ки бо кулбори илму дониш, касбу истеъдоди роҳбарӣ ва фикру андешаҳои созанда ба арсаи сиёсат гом ниҳода, дар амалӣ гардидани барномаҳои гендерии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳму нақши арзанда мегузоранд.

Ҷамолиддин Сайфиддин

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.