Одоби издивоҷ ва ташкили оила

123

Пеш аз ҳар чиз

а) Ангезаи дуруст

Паёмбари Худо (с): Ҳар кас барои хушнудии Худо издивоҷ кунад ва барои Худо ба касе ҳамсар диҳад, сазовори вилояти Худост.

Аз Паёмбари Худо (с) нақл шудааст издивоҷе, ки барои ғайри ризои Худо ва ҳифзи покдоманӣ бошад, наҳй фармуд ва аз издивоҷ барои худситоию шўҳратталабӣ низ наҳй фармуд.

Паёмбари Худо (с): Се касанд, ки бар Худованд воҷиб аст, ки ононро кўмак кунад: муҷоҳиди роҳи Худо; бандае, ки барои озодии худ бо мавлояш қарордод бинависад ва бихоҳад ба қарораш амал кунад ва касе ки барои ҳифзи покдоманияш издивоҷ кунад.

Паёмбари Худо (с): Бо занон ба хотири зебоияшон издивоҷ накунед, зеро чӣ басо зебоӣ онҳоро ба табоҳӣ афканад. Барои молу сарваташон ҳам издивоҷ накунед, чи басо ки сарваташон ононро ба саркашӣ водорад, балки барои дин бо онҳо издивоҷ кунед.

Паёмбари Худо (с): Ҳар кас бо зане ба хотири қудраташ издивоҷ кунад, Худованд ҷуз бар хории ў намеафзояд. Ва ҳар кас бо зане ба хотири дороияш издивоҷ кунад, Худованд ҷуз бар нодории ў намеафзояд. Ва ҳар кас бо зане ба хотири бузургзодагияш издивоҷ кунад, Худованд ҷуз бар пастии ў намеафзояд. Ва ҳар кас бо зане фақат барои ин издивоҷ кунад, ки чашмашро аз ҳарому номаҳрам фурў пўшонад, ё доманашро пок нигаҳ дорад, ё пайванди хешовандияшро барқарор бидорад, Худованд дар он марду зан барои якдигар баракат қарор медиҳад.

Паёмбари Худо (с): Ба хотири чаҳор чиз набояд бо зан издивоҷ кард: сарваташ, зебоияш, ҳасабу насабаш ва лаззаташ. Пас бар ту бод издивоҷ бо зани диндор!

Паёмбари Худо (с): Ҳаргоҳ марде бо зане ба хотири диндорию зебоияш издивоҷ кунад, зан аз фурў рафтани мард дар гирдоби ҳалокат, монеъ мешавад.

Паёмбари Худо (с): Ҳар кас бо зане фақат ба хотири зебоияш издивоҷ кунад, дилхоҳи худро дар ў намебинад. Ва ҳар кас фақат ба хотири дороияш бо ў издивоҷ кунад, Худованд ўро ба ҳамон дороӣ вомегузорад. Пас бар шумо бод издивоҷ бо зани диндор!

Паёмбари Худо (с): Ҳар кас ба хотири Худои Таоло бо касе издивоҷ кунад, Худованд тоҷи подшоҳӣ бар сари ў мениҳад.

Имом Содиқ (а): Ҳаргоҳ марде бо зане ба хотири зебоӣ ё дороияш издивоҷ кунад, ба ҳамон зебоию дороӣ вогузор мешавад ва ҳаргоҳ ба хотири динаш бо ў издивоҷ кунад, Худованд зебоию дороиро низ рўзияш мекунад.

б) Дуо кардан

Паёмбари Худо (с): Нахуст нияти хостгорӣ бикун, сипас вузўи комиле бисозу намозеро ки Худо бар ту фарз кардааст ба ҷой овар. Сипас Парвардигоратро ситоиш куну аз ў ба бузургӣ ёд кун. Онгоҳ бигў: Бор Худоё! Ту метавонӣ ва ман наметавонам. Ту медонӣ ва ман намедонам. Ту донои ниҳонҳоӣ. Пас агар дар фалонӣ (номи ўро мебарӣ) барои дину дунё ва охирати ман хайр мебинӣ, ўро бароям қисмат фармо ва агар ҷуз ўро барои дину дунё ва охирати ман беҳтар мебинӣ, ўро бароям қисмат фармо!

Имом Алӣ (а): Ҳар кас аз шумо, ки бихоҳад издивоҷ кунад, нахуст ду ракъат намоз бигузорад ва сураи Ҳамду Ёсинро бихонад ва онгоҳ ки аз намоз фориғ шуд, санои Худои азза ва ҷалларо ба ҷой овараду бигўяд: Бор Худоё! Ба ман ҳамсари неку меҳрубон ва зоёву сипосгузор ва қонеу покдоман рўзӣ фармо! Агар некӣ кунам, сипосгузорӣ кунад. Агар бадӣ кунам, бибахшояд. Агар Худои Таолоро ёд кунам, кўмак намояд. Агар Худоро фаромўш кунам, ёдоварӣ кунад. Ҳаргоҳ хонаро тарк кунам, худашро ҳифз кунад. Ҳаргоҳ бар ў ворид шавам, хушҳол шавад. Агар ба ў фармон диҳам, аз ман фармонбардорӣ кунад. Ҳаргоҳ ўро қасам диҳам, ки фалон корро бикунад ё накунад, қабул кунад. Ҳаргоҳ ба хашм оям, маро хушнуд созад. Эй Худовандгори шукўҳу бузургворӣ! Чунин занеро ба ман бибахш, ки ман аз ту дархост мекунам ва ба даст намеоварам, магар он чиро ки ту қисмати ман кардаӣ.

Ҳар кас чунин кунад, Худованд он чиро ки дархост кардааст, ба ў ато мефармояд.

Абўбасир мегӯяд: Имом Содиқ (а) ба ман фармуд: Замоне ки яке аз шумо издивоҷ мекунад, чӣ бояд бикунад?

Гуфтам: Намедонам.

Фармуд: Ҳаргоҳ ба ин кор тасмим бигирад, ду ракъат намоз бигузорад ва сипас аз Худованд сипосгузорӣ кунад. Онгоҳ бигўяд: Худоё! Ман мехоҳам издивоҷ кунам. Пас занеро насиби ман кун, ки покдомантар ва нисбат ба худ ва амволам нигаҳдорандатар ва пуррўзитару пурбаракаттар бошад ва бароям фарзанди поке муқаддар фармо, ки дар зиндагию пас аз маргам онро ҷонишини шоиста қарор деҳӣ.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.