Раҳнамудҳое барои интихоби беҳтар 1

175

images14

а) Шоистагии хонаводагӣ

  1. 1. Паёмбари Худо (с): Бо хонаводаи хубу шоиста васлат кунед, зеро аслу реша асар дорад.
  2. 2. Паёмбари Худо (с): Барои нутфаҳои худ, ҳамсари шоиста интихоб кунед, зеро тағо яке аз ду ҳамбистар аст.[1]

3. Паёмбари Худо (с): Барои нутфаҳои худ, беҳтаринро гузиниш кунед, зеро занон фарзандоне монанди бародарону хоҳарони худ ба дунё меоваранд.

б) Нигаристан

4. Паёмбари Худо (с): Касе ки хоҳони издивоҷ бо зане аст, метавонад ба он қисматҳое аз бадани зан, ки ўро ба издивоҷ бо он зан мехонад, нигоҳ кунад.

5. Паёмбари Худо (с): Ҳаргоҳ яке аз шумо аз зане хостгорӣ кунад, агар метавонад ба он чӣ ўро ба издивоҷ бо он зан мехонад, нигоҳ кунад, ин корро бикунад.

6. Сунани Ибни Моҷа ба нақл аз Анас: Муғира ибни Шўъба мехост бо зане издивоҷ кунад. Паёмбар (с) ба ў фармуд: Бираву ўро бубин, зеро ин кор сабаби муҳаббату созиши бештаре миёни шумо мешавад.

Муғира чунин кард ва бо он зан издивоҷ намуд ва аз созгории ў ёд кард.

7. Паёмбари Худо (с): Ҳаргоҳ яке аз шумо хоҳони ҳамсаргузинӣ аст, ҳамчунон ки аз чеҳраи ў пурсуҷў мекунад, аз мўи ў низ бипурсад, зеро мў яке аз ду зебоӣ аст.

Нукта

Имом Хумайнӣ (р) дар китоби Таҳрир-ул-васила дар бораи шароити нигоҳ кардан ба номаҳрам, овардааст:

Касе ки қасди издивоҷ бо занеро дорад, ҷоиз аст бо ин шароит ба ў нигоҳ кунад:

  1. Нигоҳ ба қасди лаззат бурдан набошад, ҳарчанд бидонад, ки қаҳран лаззат бо он нигоҳ ҳосил мешавад.
  2. Эҳтимол бидиҳад, ки бо нигоҳ кардан, маълумоти бештаре ба даст меоварад.
  3. Зане бошад, ки метавон бо ў издивоҷ кард, на монанди зани шавҳардор ё занҳои иддадор.
  4. Эҳтимол бидиҳад, ки тавофуқ барои издивоҷ ба даст меояд, на ин ки бидонад, ки зан ҳатман хостгориро рад мекунад.

Эҳтиёт, иктифо кардан дар нигоҳ ба чеҳра, дастҳо, мўҳо ва зебоии ошкор аст, ҳарчанд ақво ҷивози нигоҳ кардан ба мучҳо ва бақияи бадан ба ҷуз аврат аст. Ҳамчунин эҳтиёт ин аст, ки нигоҳ кардан ба бадан аз рўи либоси нозук бошад, ҳамон гуна ки эҳтиёт, иктифо кардан дар нигоҳ ба ҳамон зани мушаххасе аст, ки қасди издивоҷ бо ўро дорад ва ин ҳукми ҷивози нигоҳ, шомили қасди мутлақи издивоҷ намешавад, ҳарчанд шахс бо ин нигоҳ ба занони гуногун, дар садади интихоби ҳамсар аз миёни онҳо бошад. Зимнан дар нигоҳ ба ҳамон зани мушаххас, агар бо нигоҳи аввал маълумоти лозим ба даст наёмад, нигоҳи дубора ҷоиз аст.[2]

8. Саҳеҳи Муслим ба нақл аз Абўҳурайра: Назди Паёмбар (с) будам, ки марде омаду гуфт, ки бо зане аз ансор издивоҷ кардааст. Паёмбари Худо (с) ба ў фармуд: Оё ўро дидаӣ?

Гуфт: На.

Фармуд: Бираву ўро бубин, зеро дар чашмони ансор чизе (андак айбе) вуҷуд дорад.

[1] Яъне: Баччаҳо аз назари ахлоқу рафтор монанди тағои худ мешаванд.

[2] Таҳрир-ул-васила, ҷ. 2, саҳ. 245.

Идома дорад

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.