Сармоядорӣ ва сотсиализм аз дидгоҳи Ислом

94

images%d8%a76

Арзиши изофӣ (зиёдатӣ).

Пештар баён шуд, ки агар маълум гардад сармоядорӣ натиҷааш ин аст, ки соҳибкор судеро аз худ мекунад, ки ҳаққаш нест ин низом машруъ ва қабул нест. Сотсиалистҳо инро бо далел ва роҳҳои хоссе хостаанд собит кунанд, ки мо  ҳам дар оянда бар сухани худамон далел ва бурҳони хос баён хоҳем кард.

Бар асоси назарияи сотсиалистӣ, исботи ин сухан вобаста ба ду сухани дигар аст; Аввал, арзиши ҳар чизро баробари коре бидонем, ки барои тавлиди он харҷ шудааст. Дуюм, арзиши зиёдие, ки дар сармоядорӣ эҷод мегардадро фақат аз нерӯи корӣ ё ҳамон коргар бидонем ва абзорӯ олатҳои кориро дар арзиш таъсиргузор надонем.

Асли аввалиро мо саҳеҳ надонистем. Вале дар инҷо аз ин тараф сухан мегӯем, ки саҳеҳ бошад. Яъне ҳар арзише дар натиҷаи коре аст, ки анҷом гирифтааст.

Ҳоло бингарем таклифи арзиши изофӣ чӣ мешавад? Бояд дар инҷо чанд матлаб баҳс гардад:

  1. Оё истифода аз нерӯи кор бо ҳадафи фурӯш ва истифода аз ҳосили он, ба дигар сухан истифода аз изофа арзиш аз нишонаҳои капиталистии ҷадид аст ё дар низоми иқтисодии қадим ҳам будааст? ва агар будааст, пас нишонаи асосии низоми сармоядории нав чист?
  2. Оё чунон ки арзиши ҳар чизе аз коре аст, ки дар он анҷом гирифтааст ва ба ҳамон миқдор аст, ки кор шудааст, қудрати эҷоди арзиши ҳар чиз ҳам ба андозаи арзиши худи он аст? ё мумкин аст чизе бештар аз андозаи арзише, ки дорад арзиш эҷод кунад ва ба иборати дигар беш аз андозаи коре, ки дар он анҷом шудааст кор тавлид кунад? Ба иборати дигар, оё миқдори коре, ки аз ашёъ сохта аст, бо коре, ки дар онҳо тарокум(ҷамъ) шуда баробар аст? Дар ҳақиқат оё ҳар чизе ба ҳамон миқдор коре, ки дар худаш шудааст ба дигари мунтақил мекунад ё бештар аз онро ҳам метавонад ба ҷои дигар интиқол диҳад? Бар асоси сухани марксистҳо, оё арзиши колоҳо ва чизҳо собит аст ё тағйиркунанда? Ва ё тақсими дигаре  ҳам дар ин масъала ҳаст, мисли ин ки баъзе аз колоҳо ин тавонро доранд ва баъзе надоранд. Агар ин гуна бошад сабабаш дар чист?
  3. Оё назарияи арзиши изофӣ Маркс сармоя-дориро золимона нишон медиҳад ё одилона? Оё сармоядорӣ аз аз назари ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ табриа ва пок шуда ва қонуни муфаррағро тасҳеҳ намуда, ё ҳардуро золимона донистааст?
  4. Арзиши изофӣ аз назари мо ба масъалаи одилона набудани музду ҳаққи корӣ ва аз тарафи дигар ба истисмор ва барда кардани коргар ва ҳамин тавр олату техникаҳои корӣ рабт дорад.
  5. Оё фоидае, ки тоҷир мегирад, худ саҳме аз изофа арзиши тавлид кунандааст? чунон ки сотсиалистҳо мегӯянд: инҷо тоҷир ва бозорӣ тавлидкунандаро истисмор кардааст(ҳаққи ӯро гирифтааст), ё он суде, ки бозорӣ ва тоҷир касб мекунад агар зиёд бар кор ва ибтикор ва зиракиҳое бошад, ки кардааст истисмори масрафкунанда (харидорон аз бозор) хоҳад буд. Ин истисмор ҳаст ё нест ва агар ҳаст аз тарафи тавлидгар ва ё масрафгар?

Сотсиалистҳо бар асоси қоидае, ки доранд ҳар чизеро дар чорчубаи нархи худаш арзишгузорӣ мекунанд ва бозорро таъйинкунандаи арзиш қарор медиҳанд, ки ба ночор судҳоеро, ки дар ин кор эҷод мегардад фақат таадди ва зулм ба тавлидкунанда медонанд ва масрафкунандаро таваҷҷӯҳ намекунанд.

Аммо аз назари мо ин сухан саҳеҳ нест ва суде, ки бозорӣ дорад, мумкин аст зулм ба ҳаққи тавлидкунанда бошад ва ё мумкин аст ба ҳаққи масрафгарон ва харидорон зулм бошад.

  1. Решаи изофии арзишро дар капитализм (сармоядори)-и ҷадид, бояд дар худи техника ва санъат донист. Мухтарион тавонистаанд чизҳое бисозанд, ки корро ба чансад баробар афзоиш ва тавлидро боло мебарад. Сармоядор (соҳиби корхона) илми ӯро, ки ба ҷомеа тааллуқ дорад дар хидмат ва нерӯи коргарро дар канори ӯ ба кор мегирад ва соҳиби суд ва фоидаи зиёде мегардад. Решаи кори носаҳеҳи сармоядории нав ва тиҷорат дар чорчубаи корхонадориро, бояд дар он чизҳое ҷустуҷӯ кунем, ки умумӣ ва аз ҳамаи ҷомеа ҳастанд ва набояд як нафар онҳоро ба ихтиёри худ бигирад, аммо ӯ дар ихтиёр гирифтааст. Низом ва назарияи сотсиализмро фақат аз ин роҳ метавон тавҷеҳ намуд[1].

Ин васоил ду қисманд: василаи манобеи табиӣ ва васоили саноъӣ. Ба ҳамин сабаб сотсиализм дар гузашта метавонистааст эҷод гардад.

Аммо қисмати аввал: ҳарчанд сотсиалистҳо иддао мекунанд, ки изофа арзиш (суди зиёдатӣ) ба воситаи харид ва фурӯши нерӯи коргар аз нишонаҳои сармоядории ҷадид аст, вале ба назари мо дар гузашта  ҳам  будааст. Корхонаҳои қолибофӣ, порчабофӣ, заргарӣ ва…, ҳамаи инҳо барои худ коргар доштаанд ва ҳаққи корӣ барои онҳо қарор дода будаанд ва бо василаи кори онҳо тиҷорат мекарданд. Масъала ин аст, ки ҳамин маъно дар асри ҷадид ва асри мошин тавсиа ва гӯстариш ёфтааст. Танҳо тавсиа ва тағйироти каммӣ(ададӣ) то замоне, ки аз назари кайфӣ тағйир эҷод нашавад моҳият ва асоси колоҳоро тағйир намедиҳад.

[1] Ихтироъ ва санъат мисли таълифи китоб аст, ки ба нависанда тааллуқ дорад ва ӯ соҳиби он хоҳад буд, дигарон наметавонанд аз он таксир ва касби даромад кунанд. Дар гузашта, ки санъати мошинӣ набуд, касе ҳаққи таълиф надошт, вале акнун ин ҳақ вуҷуд дорад, ки иҷтимоъ онро эътибор ва қарордод намудааст. Ҳоло чаро ин ҳақ дар бораи санойеъ ва ихтироот набошад, ва оё чӣ фарқе байни онҳо ҳаст? Оё сохтани чандин намуна аз рӯи ихтирои шахсе, мисли китоб нест? Мо мегӯем ин кор (мисол, сохтани як дастгоҳи санъатие, ки шахси дигар онро ихтироъ намуд аст) барои истифодаи шахсӣ нест ва барои таксир ва фурӯш  ҳам нест, балки барои истифода аз маҳсули кории он аст… .

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.