Шахсият додан ба кӯдак

96

index

Дар дунёи кунунӣ ба кӯдак бисёр аҳамият медиҳанд. Парвариши кӯдакон ва эҳтиром ба шахсияти онон дар хонавода ва иҷтимоъ мавриди тавҷҷӯҳи комили давлат ва миллат аст, аммо бо ҳамаи ин масоил, он андоза, ки пешвои мусалмонон ба тарбияти кӯдакон таваҷҷӯҳ доштааст, дунёи имрӯз ба он таваҷҷӯҳ надорад.

Агарчи, гоҳе ҳукмронон ва зимомдорони кишварҳои мутамаддин ба ятимхонаҳо ва кӯдакистонҳо мераванд ва як ду соатро бо онон мегузаронанду гоҳе бархе аз ононро дар оғӯш мегиранд ва аз ин саҳнаҳо аксҳо ва филмҳоеро таҳя мекунанд. Перомуни он мақолоти бисёре менависанд ва аз ин роҳ муратаб эҳтироми хешро нисбат ба кӯдак дар афкори умумӣ мунъакис мекунанд, аммо то кунун ҳеҷ фарде ҳамонанди Расули гиромии ислом дар ниҳояти содагӣ ва меҳрубонӣ, дар кӯча ва хиёбон ин гуна ба кӯдакон меҳрубонӣ ва муҳаббат накарда ва ононро дар оғӯш нагирифтааст. Бинобарин Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) нисбат ба тамоми кӯдакон, хоҳ фарзандони худ ва ё атфоли дигарон муҳаббати махсус дошт. Аз ин рӯ, дар бораи он Ҳазрат(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) навиштаанд, ки:

 ” و التلطف با لصبيان من عادة الرسول ”

Яъне “меҳрубонӣ дар бораи кӯдакон аз шеваҳои махсуси Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) будааст.” (Алмаҳаҷҷатулбайзо 3/366)

Ҳамин шеваро дигар пешвоёни динӣ низ идома додаанд ва барои кӯдакон шахсият қоил буданд, ки дар зер ба чанд маврид ишора мекунем:

1. Пурсиш аз кӯдак

Ҳазрати Алӣ (алайҳис салом) ҳамвора дар ҳузури мардум аз фарзандони худ пурсишҳои илмӣ мефармуд ва дар бархе маворид посух ба пурсишҳои мардумро ба онон вогузор мекард.

Рӯзе Алӣ (алайҳис салом) аз фарзандони худ имом Ҳасан ва имом Ҳусайн (алайҳис салом) дар чанд мавзӯъ суолоте кард ва ҳар як аз онон бо ибороти кӯтоҳ посухҳои ҳакимона доданд. Он гоҳ он Ҳазрат мутаваҷҷеҳ шахсе ба номи Ҳориси Увар, ки дар маҷлис ҳозир буд, шуд ва фармуд”

“Ин суханони ҳакимонаро ба фарзандони худ биёмӯзед, зеро сабаби тақвияти ақл ва фикру андешаи онон мегардад.”

Он Ҳазрат бо ин амал ба беҳтарин вазъ нисбат ба онҳо эҳтиром гузошта ва бузургтарин шахсият ва истиқлолро дар вуҷуди онон эҷод кардааст.

2. Ҳусни муошират

Яке аз асоситарин авомили эҷоди шахсият дар кӯдакон ҳусни муошират ва рафтори некӯ бо онҳост, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар як иборати бисёр кӯтоҳ баён фармуда ва ошкоро иҷрои онро ба пайравонаш дастур додааст “ба фарзандони худ эҳтиром гузоред ва бо адаб ва равиши писандида бо онҳо рафтор кунед”

Бинобарин касоне, ки мехоҳанд фарзанди бошахсият дошта бошанд бояд ҳатман бо омӯзши писандида онҳоро роҳнамойӣ кунанд ва аз рафтори зишт ва нописанд ва тавҳиномез бипарҳезанд, зеро бо равиши нописанд ҳаргиз наметавон фарзандони арзанда ва бошахсияте тарбият кард.

3. Вафо ба аҳд

Вафо ба аҳд яке аз авомиле аст, ки эътимодро дар кӯдак ба вуҷуд меорад ва дар рушди шахсияти ӯ бисёр муассир аст.

Пешвоёни ростини ислом дар бораи вафо ба аҳд нисбат ба кӯдак суфоришҳои фаровоне кардаанд, ки чанд намуна онро ёдовар мешавем.

Ҳазрати Алӣ (алайҳис салом) мефармояд:

“Шоиста нест инсон ба ҷиддӣ ва ё ба шӯхӣ дурӯғ бигӯяд ва шоиста нест касе ба фарзанди худ ваъдае бидиҳад ва ба он амал накунад.”

ҷои дигар мефармояд:

“Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) мефармуд: “агар яке аз шумо ба фарзанди худ ваъдае додаед бояд ба он вафо кунед ва аз аҳди худ тахаллуф нанамоед!”

Дар масодир ва мадорики ҳадисӣ дар бораи вафо ба аҳд аз сӯйи падарон ва модарон, ривоёти бешуморе нақл шудааст, ки ба ҷиҳати ихтисор аз нақли онон худдори мекунем.

4. Ошно кардани кӯдак бо сахтиҳо

Яке дигар аз роҳҳои шахсият додан ба кӯдакон ошно сохтани фарзандон, хусусан писарон бо сахтиҳост, то битавонанд дар оянда бо мушкилот мубориза кунанд, зеро кӯдакон бояд амалан дарк кунанд, ки ба даст овардани ҳар чизе ниёз ба кӯшиш ва заҳмат дорад ва агар кӯдаке бо мушкилот ва сахтиҳо ошно набошад, дар оянда дар баробари душвориҳои гуногуни зиндагӣ нороҳат ва дар ниҳоят дилшикаста ва мағлуб хоҳад шуд. Ин ҳақиқат дар ривоёти пешвоёни динӣ низ баён шудааст.

Имом Мӯсо ибни Ҷаъфар (рҳ) фармуд: “беҳтар аст, ки кӯдак дар хурдӣ бо сахтӣ ва мушкилоти иҷтинобнопазири ҳаёт, ки ғаромати зиндагӣ ҳастанд рӯ ба рӯ шавад, то дар ҷавонӣ ва бузургсолӣ бурдбор ва сабур гардад.”

Лозим ба тазакур аст, ки ошно кардани кӯдакон бо мушкилот набояд боиси нороҳатии кӯдак шавад. Яъне набояд корҳое , ки ба ӯ вогузор мешавад беш аз тавоноии ӯ бошад. Бинобарин тавоноии кӯдакро бояд дар назар дошт.

Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар ҳамин росто чаҳор нуктаро ёдовар мешавад:

1- он чиро ки кӯдак дар тавони худ дошта ва анҷом додааст аз ӯ қабул кунанд.

2- он чиро ки анҷоми он барои кӯдак сангин ва тоқатфарсост аз ӯ нахоҳанд.

3- ӯро ба гуноҳ ва саркашӣ водор накунанд.

4- ба ӯ дурӯғ нагӯянд ва дар баробари ӯ муртакиби аъмоли аҳмақона нашаванд.

Дар ривоёти дигар чунин нақл шудааст:

” Ҳангоме, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ҳафтсола буд рӯзе аз дояаш (Ҳалимаи Саъдия) пурсид:

“Бародаронам куҷо ҳастанд?” (чун дар хонаи Ҳалима буд фарзандони ӯро бародар хитоб мекард.) Ҷавоб дод : “Фарзанди азиз онон гӯсфандонеро, ки Худованд ба баракати вуҷуди ту ба мо марҳамат кардааст ба чаро бурданд.”

Тифл гуфт:

“Модар дар бораи ман ба инсоф рафтор нанамудӣ”

Модар пурсид:

“Чаро”

Гуфт:

“Оё сазовор аст, ки ман дар сояи хайма бимонам ва шир бинӯшам, вале бародаронам дар биёбон зери офтоби сӯзон бошанд?”

5. Баҳо додан ба кори кӯдак

Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) илова бар он чи дар бораи парвариши кӯдакон ва шахсият додан ба онон барои пайравони худ фармуда, тамоми нукотро худ анҷом додааст. Яке шеваҳои он Ҳазрат ин буд,ки барои корҳои кӯдакон арзиш қоил буд.

Аз Амр ибни Ҳорис чунин ривоят шуда, ки гуфт: “Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) аз канори Абдулло ибни Ҷаъфар ибни Абутолиб гузашт. ӯ дар ҳоле ки як писари хурд буд Ҳазрат дар бораи ӯ чунин дуо кард: Худованд дар кори муомила ё тиҷорат ба ӯ баракат иноят фармо! ”

6. Баланд шудан дар баробари кӯдакон

Яке аз шеваҳое, ки Расули гиромии ислом анҷом медод ва ба ин васила барои кӯдакон шахсият қоил мешуд, ин буд, ки гоҳе ба эҳтироми кӯдаки худ саҷдаи намозро тӯлонӣ мекард ва ё барои эҳтиром ба кӯдаки мардум намозро бо суръат поён медод ва дар ҳар сурат ба кӯдакон эҳтиром мегузошт ва амалан ба мардум дарси парвариши шахсияти кӯдаконро меомӯхт.

Рузе Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) нишаста буд. Имом Ҳасан ва имом Ҳусайн (алайҳис салом) ворид шуданд. Ҳазрат ба эҳтироми онҳо аз ҷо бархост ва ба интизор истод. Чун кӯдакон дар роҳ рафтан заиф буданд, лаҳзае чанд тӯл кашид. Бадин ҷиҳат Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба сӯйи онон рафт ва истиқбол кард. Оғӯши худро кушод ва ҳар дуро бар души хеш савор кард ва ба роҳ афтод ва мефармуд: “фарзандони азиз маркаби шумо чӣ хуб маркабе аст ва шумо чӣ саворони хубе ҳастед.”

Он Ҳазрат дар баробари Ҳазрати Заҳро (алайҳо салом) низ бармехост.

7. Оянданигарӣ барои кӯдакон

Рузе имом Ҳасани Муҷтабо (алайҳис салом) фарзандон ва бародарзодагони худро фаро хонд ва ба онон фармуд: ” шумо имруз кӯдакони иҷтимоед, умед меравад дар оянда бузургони иҷтимоъ бошед. Дар касби илму дониш бикӯшед. Ҳар кадом, ки наметавонед матолиби илмиро дар зеҳн ва ҳофизаи худ нигоҳ доред онҳоро бинависед ва навиштаҳоро дар манзил нигаҳдорӣ кунед то дар мавқеи эҳтиёҷ аз онҳо истифода кунед.”

Ҳамон гуна ки мулоҳиза мекунед имом Муҷтабо (алайҳис салом) ояндаи кӯдаконро дар назар дошт ва падарон ва модаронро ба ин ҳақиқат ошно месохт. Бинобарин ояндаи кӯдакон мавриди таваҷҷуҳи пешвоёни дин будааст. Чунон ки дар ҳадисе мехонем:

” Марде аз ансор, ки дорои чанд кӯдак буд, даргузашт. Вай андак сармояе дошт, ки дар авохири умраш барои ибодат ва ҷалби ризояти Худованд аз даст дода буд. Кудаконаш дар ҳамон рӯз барои зиндагӣ аз мардум тақозои кумак мекарданд. Ин моҷаро ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) расид. Пурсид: ” Бо ҷанозаи ӯ чӣ кардед?” Гуфтанд: “Дафнаш кардем” Ҳазрат фармуд: ” Агар қаблан медонистам, намегузоштам ӯро дар қабристони мусалмонон ба хок биспоред! Зеро ӯ амвол ва сарвати худро аз даст дод ва фарзандони худро ба гадоӣ байни мардум раҳо кард.”

8. Омӯхтани аҳкоми динӣ

Ибодат, дуо ва ниёиши тамринии кӯдакон дар пешгоҳи Худованд асари дурахшоне дар даруни кӯдак мегузорад, агарчи кӯдак мумкин аст маонии алфоз ва ибороти намозро нафаҳмад, вале таваҷҷӯҳ ба Худованд, роз ва ниёз, дархости кумак аз Парвардигор, дуо ва хоҳиш дар пешгоҳи илоҳиро дар ҳамон олами кӯдакӣ дарк мекунад ва дилашро ба Худованд ва раҳмати номаҳдуди вай мутмаин месозад ва дар ботини худ такягоҳе барои хеш эҳсос мекунад ва дар ҳангоми сахтиҳо ва рӯ ба рӯ шудан бо ҳаводис қалби худро таскин мебахшад. Чунонки Худованд мефармояд:

“الذِینَ آمنوا وَ تَطمِئنُِِ قُلُو بُهُم بذکر ا لله الا بذکر الله تطمئنُ القُلُوب”

“Муъминони воқеи бо ёди Худо дили ором ва мутмаин доранд, огоҳ бошед, ки танҳо бо ёди Худованд дилҳои мардум қарор ва итминон пайдо мекунад.” (сураи Раъд, ояи 28)

Барои ин ки кӯдакон аз оғоз муъмин ва худопараст тарбият шаванд лозим аст байни ҷисму ҷони онҳо аз назари имонӣ ҳамоҳангӣ барқарор бошад. Ба ҳамин муносибат ислом падарон ва модаронро муаззаф карда, ки фарзандони худро ба Худованд мутаваҷҷеҳ созанд ва ба онон худопарстц ва омӯзишҳои динӣ биомӯзанд ва аз сӯи дигар дастур дода, ки кӯдаконро ба намоз ва ибодати тамринӣ водор кунанд.

Муовия ибни Ваҳаб аз имом Содиқ (алайҳис салом) пурсид: “Дар чӣ сине кӯдакро ба хондани намоз водор кунем ?”

Имом фармуд: “Байни шаш то ҳафтсолагӣ ононро ба хондани намоз водор созед.”

Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар ҳадисе фармуд: ” Ба кӯдакони худ дар ҳафтсолагӣ амр кунед намоз бигузоранд.”

Имом Боқир (алайҳис салом) дар ривоёти дигаре вазоифи падарон ва модаронро дар тарбиятҳои имониӣ кӯдакон дар даврони гуногуни синӣ чунин баён фармудааст:

” Дар сесолагӣ калимаи тавҳид “ло илоҳа илаллоҳ” ро ба кӯдак биёмӯзед ва дар чаҳорсолагӣ “Муҳаммаду Расулуллоҳ” ёд бидиҳед ва дар панҷсолагӣ сурати ӯро ба сӯйи қибла намоед ва ба ӯ дастур диҳед сар ба саҷда гузорад, дар шашсолагӣ комил рукӯъ ва суҷудро ба таври дурусту саҳеҳ ба ӯ биёмӯзед ва дар ҳафтсолагӣ ба кӯдак бигӯед даст ва сурати худро бишӯяд (вузуъ бигирад) ва намоз бигузорад” (Макоримул ахлоқ. Табарсӣ с.115)

Падарону модарон ва мурабиён бояд таваҷҷӯҳ дошта бошанд, ки дин бузургтарин кумак ва ёвари онон аст, зеро имон ҳамонанди машъали фурӯзоне аст, ки ториктарин роҳҳоро рӯшан мекунад ва виҷдонҳоро ҳассос ва бедор месозад. Ҳар куҷо инҳирофе вуҷуд дошта бошад, метавонад ӯро ба роҳатӣ ва осонӣ ба сӯйи ростӣ ва саодат раҳбарӣ кунад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.