Аз чӣ асабонӣ мешавем?

65

asaboni

Аз рӯи мушоҳида эҳсос мекунам, ки калимаҳои ба истилоҳ «навбаромад», ки танҳо дар адабиёти илмӣ аксарашон маҳфуз буданд, имрӯз хеле серистеъмоланд. Ба мисол вожаҳои афсурдагию асабонӣ, ки миёни мардум «псих» ё ин ки «дипрессия» гуфта мешаванд. Ҳатто кӯдакони хурдсол бо гумони «псих» шуданашон ба қавле «алови чашм»-и мо калонсолонро гирифтаанд. Зеро дар сурати иҷро нашудани хоҳишҳояшон моро гунаҳкор мекунанд, ки «псих»-ашон кардем. Чанде пеш зимни як суҳбати онлайнӣ аз дӯсти равоншиносам хоҳиш намудам, ки оид ба ин беморӣ маълумот диҳад.

 

«Маъмулан оқибати тарбияти нодуруст, танбалӣ, худхоҳӣ ва бадандешӣ инсонро ба ин беморӣ оварда мерасонад ва ба худкушӣ даст задании бархе шаҳодати гирифторӣ ба дипрессия аст», мегӯяд равоншинос. –Аксарият бо надоштани иттилоъ дар хусуси ин беморӣ ба духтурон муроҷиат намекунанд ё баъзан бо нодуруст мондани ташхис аз ҷониби пизишкон мариз гирифтори дараҷаи вазнини афсурдагӣ «дипрессия» мешавад. Дар сурати сари вақт аз пайи табобат нашудан, муолиҷаи он ҳам чун дигар бемориҳо душвор мегардад. Баъзе одамон барои табобати бемориҳои рӯҳӣ ё аз духтури равоншинос маслиҳат гирифтан, худдорӣ мекунанд. Ё ин ки дар қайди пизишкони равоншинос буданро иштибоҳан «девонагӣ» маънидод мекунанд. Ҳол он ки асаби инсон бештар аз дигар узвҳои ӯ ба табобат ниёз дорад, зеро солимии ҳама узвҳои бадани мо аз асаб вобастагӣ дорад.

Ба суоли нишонаҳои ин беморӣ кадоманд, мусоҳиби мо чунин иброз дошт: «Дар марҳилаи аввал ин беморӣ сабаби паст шудани зарфияти корӣ мегардад. Дилтангӣ, асабоният, изтироб, яъсу ноумедӣ, эҳсоси гунаҳгорӣ ва норизоӣ аз худ аломатҳои ин беморӣ мебошанд. Аломатҳои физиологии ин маризӣ инҳоянд: бехобӣ, гумшавии иштиҳо, зудхасташавӣ ва дардмандшавии узвҳои бадан (ба мисоли мушакҳо, дилу меъда ва ғайраҳо)».

Аксар ба он ақидаанд, ки бонувон шояд камтар ба бемориҳои равонӣ гирифтор шаванд. Чун онҳоро ҷинси латиф ном мебаранд ва занон ба мушкилоти зиндагӣ тобоваранд. Аммо вақте зан-модаре аз мушкилии равониаш арз кунад, боиси хандахариши хонавода ва атрофиёнаш мегардад. Ба гуфтаи равоншиносон хавфи гирифтор шудани бонувон ба бемории афсурдагӣ ду маротиба зиёдтар мебошад. Зеро марҳилаҳои ҳайз, ҳомиладорӣ, давраи пас аз ҳомиладорӣ, безурётӣ ва климакс, инчунин нисбат ба мардҳо қувваи ками ҷисмонӣ доштанашон, яъне заъифии онҳо ва чун зан зери хушунати хонаводагӣ буданашон низ сабаби дипрессия (афсурдагӣ) шуда метавонанд.

Ҳама дардро давоест, гуфтаанд. Агар шумо чунин аломатҳоро дар худ эҳсос намудед, ҳарчӣ зудтар ба духтури равоншинос муроҷиат намоед. Зеро аз шикваву ибрози ҳолати равонӣ ба наздикон дида, ба табиб муроҷиат намудан, роҳи ҳалли мушкилист. Дар чунин ҳолатҳо ба беморон доруӣ равондармонӣ тавсия дода мешавад. Бояд қайд намуд, ки дар баробари ташхису табобати саривақтӣ ин гуна беморон ба дастгирии равонии аҳли оила эҳтиёҷ доранд. Кафолати шифои комил аз гирифтории афсурдагӣ ин иҷрои саривақтии тавсияҳои дар боло зикргардида аст.

Қутбияи Неъматулло

Манбаъ: Бонувон

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.