Thursday 21st September 2017
  • #
  • #
  • #
  • #

Сармоядорӣ ва сотсиализм аз дидгоҳи Ислом 2

image634516929082135670Нишони асосии сармоядорӣ-капитализм

Ба назари мо, нишонаи асосии низоми сармоядорӣ, ки онро мавзуи нав аз назари фиқҳ ва иҷтиҳод қарор медиҳад, дахолати мошин аст. Мошинисм фақат тавлиди абзорҳои тавлидӣ нест, ки инсон абзори беҳтар барои коре, ки бояд бикунад пайдо кардааст, балки техника ва санъати ҷадиди мошин, илова ба беҳтар кардан абзорҳои мошиниро ҷойгузини инсон кардааст.

Мошин (дастгоҳҳои техникии нав) мазҳар ва нишонаи фикрӯ ирода ва нерӯи инсон ҳамчун инсон аст, мазҳар ва нишонаи такомули иҷтимои башарӣ аст ва таҷассуми тамаддуни таърихии башар ва натиҷаи талошҳои зиёд ва бузурги чанд ҳазорсолаи насли инсон аст. Мошин ҷойгузини инсон мешавад на олат ва абзори инсон, як инсони маснуъӣ ва сохта шуда. Мошин дар ин дидгоҳ, ба ҷои инсонҳо нахресӣ ва порчабофӣ, корҳои зироат ва кишоварзӣ, нависандагӣ ва…-ро анҷом медиҳад. Мошинисм абзори дасти инсонро комилтар накардааст, балки ӯ худ тамоми корҳои инсонро анҷом медиҳад, на мисли ин ки инсон бо дасташ чизеро бихоҳад ҳаракат диҳад мошин онро комил кунад. Балки мошин дақиқ ва кам айбтар ва ҳатто тавлиди бештарро дар замони камтар анҷом медиҳад[1].

Пас ҳақиқат акси назари Маркс хоҳад буд; мошин сармояе аст, ки тағйирпазиртар аз нерӯи корӣ(инсон) аст. Ин ҳамон ҷиҳате аст, ки сотсиалисмро тавҷиҳ мекунанд. Мушаххасаи асосии сармоядорӣ ин аст, ки сармоядории ҷадид мошинро бо он қудрати зиёдаш дар ихтиёр мегирад, дар ҳоле, ки на ӯро сохта ва на ихтироъ кардааст, балки ӯро харида ва моликаш шудааст.

Оё ин чунин мошине, ки бо қудрати зиёди тавлидии худ ҷои шуъур ва фикри инсонро гирифта аст, метавонад дар тамаллуки як шахс қарор гирад?

Дар инҷо метавон гуфт; Сотсиализми Маркс сарбапо истодааст. Тавре аст, ки набояд бошад, мисли ин ки сараш дар замину пояш дар осмон қарор гирифтааст. Сотсиализми марксӣ бар асоси ин асл аст, ки мошин як сармояи собит вале нерӯи корӣ тағйирпазир аст. Дар айниҳол қудрат надорад, ки нишон диҳад чаро нерӯи кор тағйирпазир аст ва мошин ин гуна нест, дар сурате, ки бар мабнои кор=арзиш арзиши ҳарду ба андозаи коре аст, ки анҷом гирифтааст. Аммо сотсиализме, ки поягузорӣ мешавад, бар мабно ва асоси асли тағйири сармояи мошинӣ аст.

Сотсиализми марксӣ охираш ин аст, ки иддао  мекунад сармоядор аз роҳи ғайри машруъ фоида мебарад, аммо чаро сармояаш бояд аз ӯ ҷудо ва ба иҷтимоъ дода шавад? ҷавобе надоранд, аммо бар асоси ин гуна назарияе сабабаш дар ин аст, ки мошин аз иҷтимоъ аст ва аз аввал он фард соҳиби он набудааст, ки гуфта шавад аз ӯ гирифта шуд. Сотсиализми марксӣ сармоядориро зулм намедонад, ӯро одилона мешуморад.

Аммо қисмати дуюм: ин назар, ки ашёъ(чизҳо) ба ҳамон миқдор, ки барои сохти онҳо кор анҷом мегирад метавонанд кор кунанд, агар ин кор шуданро аз назари баҳси фалсафӣ назар кунем баҳсе ба номи қонуни Ловозия матраҳ мегардад, ки мегӯяд:

ҳеҷ чиз мавҷуд ва маъдум(нобуд) намешавад. Паёдо ва нобуд шудан иборат аз таркиб ва таҷзия аст ва маҷмӯаи модда ва энержӣ як миқдори собите дорад.

Вале ин қонун дар бораи табиати мурда(беҷон) рабт дорад. Дар бораи ин масъала дар баҳси асолати руҳ баҳс шудааст. Аз дигар ҷиҳат ҳам агар ин қонун саҳеҳ бошад боз бояд гуфт; ин ба мутлақи кор, ки дар табиат барои эҷоди ашёъ сарф мешавад таваҷҷӯҳ дорад. Масалан оҳан, ки пайдо мешавад пушташ солҳо ва қарнҳо талоши табиат хобидааст то эҷод гардад. Дар ҳақиқат ин баҳс ҳаминро гуфтанӣ аст, ки агар замони эҷоди як колоро аз ин назар нигоҳ кунем солҳо ва қарнҳо табиат дар он таъсир дорад то паёдо ва тавлид гардад. Ҳоло бо ин назар бояд гуфт; оё арзиши ҳар чизе ба миқдори коре аст, ки дар он анҷом гирифтааст? Мо инро қабул надорем, балки арзиш вобаста аст ба миқдори асаре, ки аз он бар инсон мемонад (эҳтиёҷ ва ниёз будан) ва ҳамчунин дар дастрас набудан (кам будан) аст.

Ва аммо қисмати сеюм: Баназари мо Маркс беш аз он ҳад, ки сармоядориро золимӣ бидонад, одилона шинохтааст ва онро пок намудааст. Карл Маркс назарияи аризш=кор-ро аз уламои классик гирифт, лекин бар акси онҳо бар зидди сармоядорӣ истифода кард[2]. Ман мегӯям ӯ нодониста онро ба фоидаи сармоядорӣ истифода кардааст. Агар мо ба шиорҳои ӯ таваҷҷӯҳ кунем, мухолиф ва зидди сармоядорӣ аст, аммо агар онҳоро таваҷҷӯҳ накарда ба усулу мабноҳои фалсафии он  назар кунем, метавон аз як назар ӯро поягузори сармодорӣ номид.

Маркс арзиши ҳар чизеро ба андоза ва миқдори коре медонад, ки дар эҷод ва тавлиди он сарф гаштааст ва арзиши ҳақиқии нерӯи кориро ҳам баробар бо махориҷе медонад, ки сарфи эҷод ва тавлид ӯ ва мисли ӯ гаштааст. Аз тарафе бозор ва хариду фурӯшро ҳам таъсиргузор медонад.

Қисмати чаҳорум: аз назари мо суди сармоядор ба ҳуқуқи коргар, ки дар ҳадди кофӣ дода намешавад, рабт дорад. Арзиши кори коргар ба андозае аст, ки фоиданок бошад. Коргар аз рукн ва асосҳои ҷомеа ва аз ниёзҳои онҳост. Коргар, чун ҳофизу тарафдор кам дорад ҳаққаш кам аст, аммо агар ҳақиқат риоят шавад ҳаққи ӯ бисёртар аз он аст, ки дорад. Албатта ин ки як нафар ба сабаби фикрӯ ибтикороташ мақоме мегирад, худ натиҷаи он имтиёз ва вижагиаш аст ва дар тарафи дигар касе рубандаи роҳҳо ва коргари оддӣ аст, худ аз мақоми корие, ки дорад зарар дидааст, дигар набояд бо кам кардани ҳуқуқашон, ба нисбати он соҳиб мансабон, озор дода шаванд. Алабатта агар ин коргарҳо таъмин шаванд ва ҳаққи кории онҳо зиёд шавад, боз бар мегардад ба хариди зиёд ва боло рафтани эҳтиёҷоту нархҳои тавлидот ва аз тарафе тавлид рушд мекунад ва аз тарафи дигар сатҳи маишат ва зиндагии иҷтимоъ наздик ва мутавассит хоҳад шуд.

Бар ин асос, вакте ҳуқуқи коргар кам мешавад суди тавлидгар зиёд мегардад, ва назорат накардани давлат бар онҳо, инро зиёдтар мекунад. Яке дигар аз сабабҳои рушди суди соҳибкор ва истисмори нерӯи корӣ дар канори нерӯи масрафгаро, истифодаи соҳибкор аз нерӯи мошин ба ҷои нерӯи инсонӣ аст, ки  ҳам тавлиди бештар дорад ва  ҳам харҷи камтар. Ин ҷиҳати кор аст, ки сармоядориро бештар аз машруият меандозад.

Қисмати панҷум: ба ақидаи мо судҳои зиёде, ки дар корҳои бозорӣ(тиҷорат) эҷод мегардад носаҳеҳ аст, ки аз истисмор ва дар ихтиёр гирифтани масрафгарон(оммаи мардум, ки харидор ҳастанд) ба даст омадааст. Ҷинсу колое, ки аз дигар ҷоҳо ворид мегардад, аз ин гуна тавлидоте аст, ки мардумро истисмор мекунад. Сотсиалистҳо бояд фурӯшро бо қимати воқеӣ дар назар бигиранд ва истисморро фақат дар буъди тавлидкунандагон тасаввур намоянд. Ин яке аз шохаҳои асли арзиш-кор аст, ки мо аслу фаръ ва шохаҳояшро бо  ҳам ботил гуфтем.

Қисмати шашум: ин бахш дар қисмати аввал баён гардида буд ва инҷо хулосаеро мегӯем. Ҳарчанд фоидаи сармоядор аз тарафе ба кам будани ҳаққи коргар рабт дорад аммо аз тарафи дигар ба масрафгарон ҳам рабт дорад. Вале манбаъ ва сарчашмаи аслии сармодории ҷадид ҳамон мошин аст. Сармоядор агар тавлидкунанда ва на масрафкунандаро истисмор накунад боз ҳам аз роҳи истифодаи мошин метавонад суд дошта бошад. Аммо чун мошин нишонаи пешрафти ҷомеа ва санъат аст, ба як шахс тааллуқ надорад ва милки шахсӣ дониста намешавад. Бар ҳамин асос аст, ки ин манбаи касби суд (мошин), ки сармоядор истифода мекунад номашруъ ва носаҳеҳ аст ва ҳаққи ӯ нест.

Наздикии Ислом бо сотсиализм!?!

Ҳамонтавр, ки баён гашт, Ислом моликият ва соҳибӣ кардани сармояҳои табиӣ ва санъатӣ (мошинҳои корхонаӣ)-ро рад кардааст ва онҳоро моли оммаи мардум медонад, аммо иштироки корро  ҳам саҳеҳ намедонад. Яъне наметавон ба ин сабаб, ки моликияти баъзе аз чизҳо умумӣ дониста шудааст, дар кори ҳамдигар шарик шуд, ки бо назарияи Кор ба қадри тавон истифода ба ҳадди ниёз шинохта мешавад. Ин назария ҳамаро маҷбур ба кор мекард ва дар суд ҳамаро баробару шарик медонист, Ислом инро  ҳам саҳеҳ намедонад.

Албатта инсонҳо метавонанд дар канори  ҳам шарикӣ зироат ва кишту кор ва ё тиҷорат кунанд ва ҳамдигарро ҳамроҳӣ намоянд, аммо ҳар кадом ҳаққи муайян ва қарордодии худро мегирад ва дар ҳақиқат он касе, ки кори беҳтар ва асоситар кардааст зиёдтар аз дигарон саҳм хоҳад дошт.

Аммо иштирок ва наздикии низоми Ислом бо низоми сотсиалистӣ дар ин аст, ки баъзе аз чизҳо ва колоҳоро милки оммаи мардум медонанд, аммо нуқтаи фарқашон дар кори шарикӣ ва маҷбурӣ аст, ки дар марҳилаи тақсими суд ҳам бо якдигар фарқияти асосӣ доранд.

      хулосаи сухан:

  • Нишона ва нуқтаи ҷудокунандаи низоми иқтисодии нав, ки баъд аз низоми феудолисм омадааст, хариду фурӯш ва тиҷорат бо нерӯи кор нест, чунон ки сотсиалистҳо гуфтаанд, балки нишонаи асосии он мошин (техникаҳои тавлидгар ва санъатӣ) аст, яъне ихтироъ фақат абзори кории инсон нест, балки худаш ҳамчун инсон кор мекунад ва дар ҳақиқат ҷойгузин барои нерӯи кории инсонӣ аст, ки садҳо баробар метавонад беҳтар ва зиёдтар тавлид дошта бошад.
  • Агар инро бовар кунем, ки назарияи Арзиш=Кор саҳеҳ аст, қудрати эҷоди арзиши як чиз ба сабаби мизони арзиши он чиз нест, яъне қудрати эҷоди кори як чиз баробар бо корҳое аст, ки инсон бар он анҷом дода, чӣ он чиз як ҷисми зинда бошад ва ё мурда ва беҷон, ки ҳар кадом далели худашро дорд.
  • Назариёти сотсиализмии Маркс вожгӯн (сарупояш ҷо баҷо шуда)[3] аст.
  • Шиорҳои Маркс зидди низоми сармоядорӣ (капитализм) аст, аммо усулу мантиқи ӯ низоми сармоядориро тасвир ва тақвият мекунад.
  • Далели Маркс дар бораи арзиши изофӣ (суд ва фоидаи зиёдтӣ), агар саҳеҳ бошад боз ҳам суди сармоядорро номашруъ медонад ва мошинро васила ва абзори машруъе барои корфармо, ки суд бурдааст саҳеҳ намедонад, аммо далеле надорад, ки чаро мошине, ки бо пули як сармоядор харида шуда бошад (хариди мошин асосан ҳеҷ айбе надорад) бояд аз дасташ гирифта шавад ва аз моликияти он хориҷ гардад ва ба омма дода шавад. Албатта худи Маркс моликияти шихсие, ки аз кораш тавлид шуда бошадро қабул кардааст.
  • Аз назари мо (низоми Ислом) далел барои моликияти иштирокӣ бар як чиз, ин аст, ки он чизро шахс эҷод накардааст, балки дар табиат сохта шуда бошад ва ё иҷтимоъ ба таври иштирокӣ онро сохта бошанд.
  • Мошин мазҳар ва нишондиҳандаи такомули иҷтимоъ аст, ҳеҷ шахсеро ба танҳои наметавон мухтареъ ва соҳиби он донист. Аз ин назар бо абзорҳои дастӣ (дост, теша, корд ва…) ва ҳамчунин бо осори ҳунарӣ ва таълифоти илмӣ фарқ дорад.
  • Мошин ҷонишин ва ҷойгузини инсон дар кор мешавад, на ҳамчун абзор барои кор дар дасти инсон. Ихтирои мошини эҷодкунандаи кор қобили фурӯш нест, барои эҷоди манбаи эҷоди кор аст ва бо абзорҳои дастӣ фарқ дорад.
  • Сотсиализм ба маънои моликияти иштироки сармоя аз назари мошин, вижаи асри ҷадид аст, вале аз лиҳози табиат дар қадим метавонист вуҷуд дошта бошад, ки онҳо инро қабул надоранд.
  • Иштирокият дар кор, ба ҳеҷ ваҷҳ саҳеҳ нест. Иштирок дар кор ҳамон аст, ки дар баҳси фиқҳи исломӣ иштироки абдон мегӯянд.

Бар асоси ин баҳс, ширкатҳо ё қаҳрӣ ё ихтиёрӣ ҳастанд. Широкати қаҳрӣ дар асари сабабҳои ғайри ихтиёрӣ, ҳамчун табиат эҷод мегардад ва касе наметавонад онро рад кунад. Аммо ихтиёр дар широкат бо тавофуқ ва қарордод эҷод мегардад. Мисалан чанд нафар бо сармояи худ дар як корхона, замин, бозор ва ё ҳар чизи дигаре, кореро анҷом медиҳанд ва бо таваҷҷӯҳ ба қарордодҳо судро тақсим мекунанд.

Дар ширкати ақдӣ (ихтиёрӣ) ин баҳс ҳаст, ки оё Муотот[4] кифоят мекунад?. Ширкати ақдӣ дар асри мо комилан иҷроӣ шудааст. Ширкатҳои тазминӣ ва ғайри тазминӣ ташкил ёфта ва масъалаҳои нав эҷод гардидааст. Дар мабоҳиси фиқҳӣ, ин гуна ширкатҳоро ба ширкати инон, ширкати абдон, ширкати кор, ширкати сармоя-эътибори корӣ, ширкати муфовиза ва ширкат дар ҳамаи ҷанбаҳои корҳои молӣ тақсимбандӣ ва фақат қисми аввалро саҳеҳ гуфтаанд.

[1] Дар бораи корфармо(соҳибкор) бояд гуфт: гузашта, корфармо ё ҳамон абзори корӣ мисли шамшер ва кумакӣ буд барои инсон, аммо акнун бо як абзори ҷангӣ, бе дахолати инсон он ҳадаф амалӣ мегардад.

[2] Китоби Ақоиди бузургтарин олимони иқтисод

[3] Назариёташ бо ҳамдигар татбиқ надоранд ва ҷои худро бо дигар чизҳо ҷобаҷо кардаанд.

[4] Хариду фурӯше, ки бе калом ва гуфтугу анҷом мегирад. Масалан дар мағоза нархи нон маълум аст ва бо додани пули он, бе калом ва гуфтугӯ онро мехарад. Албатта хариду фурӯш дар асл бояд бо иҷоб(фурухтам) ва қабул(харидам) анҷом гирад, аммо бо ҳамон ният ва бе гуфтӯгу  ҳам бо он ном ҷоиз аст.

Share



Назари худро бинависед