Баҳори созандагӣ

62

6c2f2801-807d-4eb5-8338-a7311a17dc4a1

Беъсати паёмбарон дар ҷавонӣ

Қуръон

Гуфтанд: Шунидем ҷавоне аз онҳо (бутҳо) (ба бадӣ) ёд мекард, ки ба ў Иброҳим гуфта мешавад.[1]

Ва чун ба рушду камоли хеш расид, ба ў ҳикмату дониш ато кардем ва некўкоронро чунин подош медиҳем.[2]

Ва чун ба ҳадди рушд расид, ба ў ҳикмату дониш ато кардем ва некўкоронро чунин подош медиҳем.[3]

Ҳадис

1.Имом Содиқ (а) дар бораи сухани Худованди азза ва ҷалла: «Чун ба рушду камоли хеш расид, ба ў ҳикмату дониш ато кардем»-: «Ашудда», яъне ҳаждаҳсолагӣ ва «иставо», яъне риш баровард.

2.Паёмбар (с): Худованд ҳеҷ паёмбареро ҷуз дар ҷавонӣ мабъус накард.

3.Паёмбар (с): Худованди азза ва ҷалла ҳеҷ паёмбареро ҷуз дар ҷавонӣ мабъус накард ва ба ҳеҷ донишманде ҷуз дар ҷавонӣ дониш ато нашуд.

4.Паёмбар (с): Эй фарзандони Абдумутталиб! Ба ростӣ, ба Худованд савганд, ҷавонеро дар миёни араб намешиносам, ки беҳтар аз он чӣ ман бароятон овардам, (барои ҷомеаи хеш) оварда бошад. Ба ростӣ барои шумо хубиҳои дунёву охиратро овардам.

[1] Сураи Анбиё, ояти 60.

[2] Сураи Қасас, ояти 14.

[3] Сураи Юсуф, ояти 22.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.