Пусти тухм, картошка ва пиёз фоиданоканд

968

a070512613154102a

Пўсти тухм

Пӯсти тухм барои нохунҳои зудшикан, хунравии милки дандон, нафастангӣ, ҷароҳати устухон, тарбод, қабз ва бехобӣ муфид аст. Ҳамчунин, пӯсти тухмро ба ғизои зани хомиладор ва кӯдаки то шашсола илова бояд намуд. Бештар пӯсти тухми хом хусусияти табобатӣ дорад. Тухмро дар оби гарм бо собун шуста сафедӣ ва зардиашро ҷудо намуда, онро дар муддати 2-3 соат хушк бояд намуд. Хушк кардани пӯсти тухм дар офтоб тавсия дода намешавад. Барои кӯдакон пӯсти тухмро дар тафдон хушк намуда, хуб кўбед. Баъдан онро дар зарфи махсус нигоҳ дошта, њар рӯз аз 1 то 2 грамм хокаи онро ба фалла ва дигар хӯроки кӯдак њамроњ намуда хўронед.

Пўсти картошка

Пӯсти картошкаро барои пас кардани фишори хун истифода менамоянд. Пўсти картошкаро бо об омехта карда, муддати даҳ дақиқа меҷӯшонем. Сипас, онро хунук намуда, муддати як шабонарӯз аз 2 то 4 қошуқ пеш аз хӯрок истеъмол менамоем. Ҳангоми шамолхўрии роњи нафас (бронхит) пӯсти картошкаро 10-15 дақиқа ҷӯшонида, обашро мерезему пўстро ба дока печонида ба болои қафаси сина мегузорем.

Пўсти пиёз

Пӯсти пиёз аз сардӣ ва зуком шифо мебахшад. Пӯсти пиёзро дар оби хунук андохта, баъд аз ҷӯшидан муддати 3 то 5 дақиқа аз буѓи он нафас мекашем. Њамчунин, бо оби он метавон гулӯ ва даҳонро ҳангоми гулӯдард обгардон намуд. Пӯсти пиёзро ҷӯшонида бо он сар шустан њам хуб аст. Рехтани мӯйи сарро кам мекунад.

Мадина

Манбаъ: Бонувон

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.