Раҳнамудҳое барои интихоби беҳтар 5

64

a-43

Корҳои шоиста дар шавҳар додани духтарон

а) Назархоҳӣ аз зан

1.Ал-мўъҷам-ул-кабир ба нақл аз Умар (р): Паёмбари Худо (с) ҳаргоҳ мехост зане аз хонаводаашро шавҳар диҳад, аз пушти парда ба ў мефармуд: Духтарам! Фалонӣ аз ту хостгорӣ кардааст. Агар ўро дўст надорӣ, бигў: На. Зеро ҳеҷ кас набояд аз на гуфтан шарм кунад. Агар ҳам дўст дорӣ, сукути ту нишонаи ризоят аст.

б) Даранг накардан, бо омадани хостгори ҳамто

  1. Паёмбари Худо (с): Ҳаргоҳ ашхоси ҳамсанг барои хостгорӣ назди шумо омаданд, духтаронатонро ба ҳамсарии онҳо дароваред ва дарангу имрўзу фардо накунед.

2.Паёмбари Худо (с): Ҳаргоҳ мардони ҳамшаъне назди шумо омаданд, духтаронатонро бедаранг ба ҳамсарии онҳо дароваред.

  1. 3. Паёмбари Худо (с): Эй Алӣ! Се корро ба таъхир маяндоз: намозро ҳаргоҳ вақташ расад; хоксупории ҷанозаро ҳаргоҳ омода шавад; издивоҷи зани беҳамсарро ҳаргоҳ ҳамтое барояш ёфтӣ.

4.Кофӣ ба нақл аз Имом Содиқ (а): Паёмбари Худо (с) барои мардум суханронӣ кард ва ононро ба шитоб дар шавҳар додани духтаронашон ва ба таъхир наяфкандани ин кор ташвиқ намуд… Пас, марде бархосту гуфт: Эй Паёмбари Худо! Ба чӣ касоне шавҳар диҳем?

Фармуд: Ба инсонҳои ҳамто.

Гуфт: Эй Паёмбари Худо! Инсонҳои ҳамто кистанд?

Фармуд: Мўъминон, ҳамтои якдигаранд. Мўъминон, ҳамтои якдигаранд.

в) Худдорӣ аз зан додан ба марди фосид ва шаробхор

  1. 1. Паёмбари Худо (с): Ҳар кас духтарашро ба марди фосиде бидиҳад, рўзе ҳазор лаънат бар ў фуруд меояд ва ҳеҷ кори неке аз ў ба осмон боло намеравад ва дуояш мустаҷоб намегардад ва ҳеҷ тавбаю фидяе аз ў қабул намешавад.
  2. 2. Паёмбари Худо (с): Шаробхор, ҳаргоҳ бемор шавад, набояд ба аёдаташ рафт ва дар ташйеи ҷанозааш набояд ширкат кард ва ҳаргоҳ шаҳодат диҳад, ўро таъйид накунед ва ҳаргоҳ хостгорӣ кунад, ба ў зан надиҳед ва ўро бар амонате амин машуморед ва амонатро ба ў масупоред.

3.Паёмбари Худо (с): Ҳар кас баъд аз он ки Худованд шаробро ба забони ман ҳаром фармуд, шароб бинўшад, шоистаи он нест, ки ҳаргоҳ хостгорие кунад, ба ў зан бидиҳанд.

  1. 4. Паёмбари Худо (с): Агар шаробхор ба хостгорӣ ояд, ба ў зан надиҳед.

5.Имом Содиқ (а): Ҳар кас духтарашро ба шаробхор диҳад, гўё ўро ба зино кашидааст.

155.Имом Содиқ (а): Ҳар кас духтарашро ба шаробхор диҳад, пайванди хешовандии ўро буридааст.

г) Парҳез аз таъйини маҳрияи[1] гарон

1.Паёмбари Худо (с): Дар маҳрияи занон, зиёдаравӣ накунед, зеро занон дар воқеъ борони Худои Субҳонанд.[2]

2.Паёмбари Худо (с): Эй Ҳавло! Қасам ба он ки маро ба ростӣ паёмбару расул фиристод, ҳеҷ зане нест, ки маҳрияашро бар шавҳараш гарон созад, магар он ки Худо занҷирҳои гароне аз оташи дўзах бар ў биниҳад.

  1. 3. Паёмбари Худо (с): Бор Худоё! Ҳукумати Ғассонро аз миён бардору маҳрияҳои занони Киндаро[3] поин биёвар!

4.Муснади Ибни Ҳанбал ба нақл аз Муҳаммад ибни Иброҳими Таймӣ: Аз Абўҳадради Асламӣ ривоят шуда, ки назди Паёмбар (с) омад, то барои пардохти маҳрияи зане, аз эшон кўмак бигирад. Паёмбар (с) фармуд: Чӣ қадар ўро маҳр кардаӣ? Гуфт: Дусад дирҳам. Паёмбар (с) фармуд: Агар аз Батҳон[4] ҳам бармедоштед, изофа намеовардед.

5.Имом Содиқ (а): Шумии зан ин аст, ки маҳрияаш бисёру раҳимаш нозо бошад.

6.Имом Содиқ (а): Аз муборак будани зан ин аст, ки камхарҷу осонзо бошад ва аз шумии зан ин аст, ки пурхарҷу душворзо бошад.

  1. 7. Паёмбари Худо (с): Беҳтарин маҳрия, сабуктарини он аст.
  2. 9. Паёмбари Худо (с): Бобаракаттарини занон, каммаҳриятарини онон аст.
  3. 10. Паёмбари Худо (с): Пурбаракаттарин издивоҷ он аст, ки камҳазинатар бошад.
  4. 11. Паёмбари Худо (с): Аз майманати зан он аст, ки хостгорӣ ва маҳрияву зоймонаш осон бошад.
  5. 12. Паёмбари Худо (с): Бартарини занони уммати ман, хубрўтарину каммаҳртарини онон аст.

[1] Маҳрия: садоқ, пул ё чизи дигаре, ки ҳангоми ақди никоҳ бар ўҳдаи мард муқаррар мешавад.

[2] Дар ин ҳадис ташбеҳи балиғ аст, зеро Паёмбар (с) занонро ба борон ташбеҳ кардаанд, ки ба яке мерасад ва яке маҳрум мемонад ва дар сарзамине мебораду дар сарзамини дигар намеборад.

[3] Маҳрияҳои Кинда дар сангин будан, зарбулмасал будааст. Ҳадди ақалли маҳрияи духтарони ин қабила, сад шутур буд ва гоҳе ба ҳазор шутур низ мерасид.

[4] Батҳон, яке аз се рўдхонаи Мадина аст. Ду рўдхонаи дигар, иборатанд аз: Ақиқ ва Қанот.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.