Thursday 23rd November 2017
  • #
  • #
  • #
  • #

Нақши ҷавонон дар ҳукумати Хотами Паёмбарон

04052014885

Як ҷавон, нахустин намояндаи Паёмбар

Қабл аз муҳоҷирати Паёмбари Ислом (с) ба Мадина, рўзе ду нафар аз бузургони Мадина ба номҳои Асъад ибни Зурора ва Заквон ибни Абдулқайс ба Макка омаданд ва дар шароити бисёр сахте ба ҳузури Паёмбари Худо (с) шарафёб шуданд ва пас аз шунидани баёноти кўтоҳу нофизи эшон, Ислом оварданд. Сипас ба эшон гуфтанд: Эй Паёмбари Худо! Мардеро ҳамроҳи мо бифирист, то ба мо Қуръон биёмўзад ва мардумро ба дини ту даъват кунад.[1]

Ин нахустин бор буд, ки шаҳри бузургу пурихтилофи Мадина, аз Паёмбари Худо (с) дархости намоянда мекард ва аввалин боре буд, ки пешвои бузурги Ислом тасмим мегирифт ба хориҷ аз Макка намояндаи расмӣ бифиристад. Бадеҳӣ аст фарде, ки интихоб мешуд, бояд аз ҳар ҷиҳат шоистагиҳои лозимро барои ин маъмурияти ҳассос, медошт.

Паёмбари Худо (с) аз миёни ҳамаи мусулмонони он рўз, Мусъаб ибни Умайри ҷавонро ба намояндагии худ баргузид.

Паёмбари Худо (с) ба Мусъаб ибни Умайр, ки ҷавони камсол ва аз ҳофизону қориёни Қуръон буд ва бисёре аз Қуръонро омўхта буд, дастур дод бо Асъад озими Мадина шавад.[2]

Ин ҷавони боимон ва пуршўру ботадбир, маъмурияти худро ба хубӣ анҷом дод. Тўле накашид, ки ҳамаи ақшори Мадина, махсусан насли ҷавон, даъвати ўро пазируфтанду мусулмон шуданд ва нахустин намози ҷумъа дар Мадина ба имомати ў иқома гардид ва:

Ў нахустин касе буд, ки дар Мадина намози ҷумъа баргузор кард ва Усайд ибни Ҳузайр ва Саъд ибни Маоз ба дасти ў мусулмон шуданд ва ҳамин барои ў ифтихору нишони бузурге дар Ислом аст.[3]

Мусъаб бар Асъад ибни Зурора ворид шуд ва ҳар рўз аз хона берун мерафт ва дар атрофи маҷлисҳои хазраҷиён мечархид ва ононро ба Ислом фаро мехонд ва ҷавонон даъвати ўро иҷобат мекарданд.[4]

Ҷавони бистуяксолае нахустин фармондори Макка

Пас аз фатҳи Маккат тўле накашид, ки ҷанги Ҳунайн пеш омад ва баночор Паёмбари Худо (с) ва сарбозонаш бояд аз Макка хориҷ шуда ба сўи ҷабҳаи ҷанг мерафтанд. Бинобар ин, барои идораи умури он шаҳр, ки ба тозагӣ аз дасти мушрикон хориҷ шуда буд, бояд фармондори лоиқу ботадбире таъйин мешуд, ки ба умури шаҳри Макка, ки маркази Ҷазират-ул-араб ва мавриди таваҷҷўҳи ҳамаи қабоил ва ақшори мухталифи мардум буд, расидагӣ кунад ва илова бар ин аз беназмиҳое, ки мумкин аст душманон ба вуҷуд оваранд, пешгирӣ кунад.

Паёмбари Худо (с) аз миёни ҳамаи ёрон ҷавони 21 солаеро ба номи Аттоб ибни Усайд барои ин масъулияти бузург баргузид ва барои вай фармон содир кард. Дар ин бора омадааст:

Паёмбари Худо (с) Аттоб ибни Усайдро дар 21 солагӣ ба фармондории Макка гумошт ва дастур дод бо мардум намози ҷамоат бихонад ва ў нахустин фармондеҳе аст, ки пас аз фатҳи Макка дар он ҷо намози ҷамоат ба ҷой овард.[5]

Паёмбари Худо (с) пас аз судури фармони ҳукумати Макка барои Аттоб, дар бораи аҳамияти ин масъулият хитоб ба ў фармуд:

Эй Аттоб! Медонӣ туро бар чӣ касоне гумоштам? Туро бар мардуми шаҳри Худои азза ва ҷалла гумоштам ва агар барои онон беҳтар аз ту суроғ доштам, ўро бар эшон мегумоштам.[6]

Бадеҳӣ аст, ки интисоби ҷавони 21 солае ба фармондории Макка, мўҷиби ранҷиши хотир ва озурдагии бузургони Макка мешуд. Паёмбари Худо (с) барои пешгирӣ аз эътирози онон дар поёни номаи муфассале хитоб ба мардуми Макка навишт:

Касе дар нофармонӣ аз ў ба камии синнаш истидлол накунад, зеро бузургсолтар шоистатар нест, балки шоистатар бузургтар аст.[7]

Аттоб ибни Усайд то охири умри Паёмбари Ислом (с) фармондори Макка буд ва дар тўли даврони маъмурият ба хубӣ аз ўҳдаи ин масъулияти бузург баромад.

Ҷавони ҳаждаҳсолае фармондеҳи набард бо румиён

Паёмбари Худо (с) дар рўзҳои охири зиндагии худ мусулмононро барои ҷанг бо кишвари нерўманди Рум басиҷ кард. Тамоми афсарони аршад ва фармондеҳони сипоҳ Ислом ва бузургони муҳоҷиру ансор дар ин лашкари азим гирд омада буданд. Барои фармондеҳии чунин сипоҳе бетардид бояд лоиқтарини афсарон интихоб мешуд. Паёмбари Ислом (с) Усома ибни Зайдро, ки ҷавони 18 солае буд,[8] талабид ва фармондеҳии лашкарро ба ў вогузор кард. Ин иқдоми Паёмбар (с) барои бисёре аз асҳоби бузурги ў, махсусан дар шароити сиёсии он рўзҳо қобили қабул набуд ва лизо забон ба эътироз кушоданд, ки ин ҷавонро бар муҳоҷирони собиқадор мегуморад![9]

Паёмбари Худо (с) дар ҳоле ки аз ин сухан ба хашм омада буд, бар фарози минбар қарор гирифту баъд аз ҳамду санои илоҳӣ фармуд:

Ҳамоно мардум ба фармондеҳии Усома захми забон заданд. Онон пеш аз ин низ нисбат ба фармондеҳии падари Усома чунин карда буданд, дар ҳоле ки он ду шоистаи фармондеҳӣ буданд ва Усома аз дўст доштатарин фармондеҳон дар назди ман аст. Шуморо нисбат ба Усома ба некӣ супориш мекунам.[10]

[1] Биҳор-ул-анвор, ҷ. 19, саҳ. 10.

[2] Биҳор-ул-анвор, ҷ. 19, саҳ. 10.

[3] Усд-ул-ғоба, ҷ. 5, саҳ. 176.

[4] Биҳор-ул-анвор, ҷ. 19, саҳ. 10.

[5] Сираи Ҳалабӣ, ҷ. 3, саҳ. 104.

[6] Усд-ул-ғоба, ҷ. 3, саҳ. 549.

[7] Биҳор-ул-анвор, ҷ. 21, саҳ. 123.

[8] Ат-табақот-ул-кубро, ҷ. 4, саҳ. 66.

[9] Ат-табақот-ул-кубро, ҷ. 2, саҳ. 190.

[10] Ат-табақот-ул-кубро, ҷ. 2, саҳ. 249; Саҳеҳи Бухорӣ, ҷ. 3, саҳ. 1365 ҳадиси 3524.

Share



Назари худро бинависед