Thursday 21st September 2017
  • #
  • #
  • #
  • #

Одоби никоҳ

zxx-17

Интихоби замони хуҷаста

1.Паёмбари Худо (с): Мустаҳаб аст никоҳ кардан дар моҳи Рамазон, зеро дар ин моҳ, умеди баракат меравад.

  1. Паёмбари Худо (с): Рўзи ҷумъа, рўзи хостгорӣ ва никоҳ кардан аст.

Ошкор баргузор кардани никоҳ

1.Паёмбари Худо (с): Никоҳро ошкору аланӣ баргузор кунед.

2.Имом Алӣ (а): Паёмбари Худо (с) аз никоҳи пинҳонӣ наҳй фармуд. Эшон аз яке аз хонаҳои ансор садои даф шунид. Пас фармуд: Чӣ хабар аст?

Гуфтанд: Эй Паёмбари Худо! Фалонӣ домод шудааст.

Фармуд: Худоро шукр! Никоҳро аланӣ созед! Никоҳро ошкор созед!

Чашн гирифтан

1.Паёмбари Худо (с): Никоҳро ошкоро ва дар масоҷид баргузор намоед ва барояш дафу доира бизанед.

2.Даоим-ул-Ислом: Ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (с) аз маҳаллаи Бани Зурайқ мегузашт, ки садои созу овозе шунид. Фармуд: Чӣ хабар аст?

Гуфтанд: Эй Паёмбари Худо! Фалонӣ домод шудааст.

Фармуд: Динаш комил шуд. Ин издивоҷ аст на зино. Издивоҷ набояд пинҳонӣ сурат гирад, балки ҳатто агар мумкин аст бояд дуде, ки нишонаи зиёфат додан аст, дида шавад ё садои дафе шунида шавад.

Ва фармуд: Марзи миёни издивоҷ ва зино, навохтани даф аст.

3.Амолии Тўсӣ ба нақл аз Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳаббор аз падараш: Паёмбар (с) аз канори хонаи Алӣ ибни Ҳаббор гузашт ва садои даф шунид. Фармуд: Чӣ хабар аст?

Гуфтанд: Алӣ ибни Ҳаббор арўс ба хона овардааст.

Паёмбар (с) фармуд: Бисёр хуб! Ин издивоҷ аст, на зино.

Сипас фармуд: Издивоҷро ошкорову аланӣ байни худ баргузор намоед ва барои он даф бизанед.

Аз он пас, ин кор дар издивоҷ расм шуд.

Нукта

Дар ривоёте, ки мулоҳиза шуд ва бархе аз ривоёти дигар, истифода аз «даф», ки навъе соз маҳсуб мешавад, дар маросими арўсӣ ҷоиз гардидааст. Гуфтанӣ аст, ки санади ҳамаи ривоёте, ки истифода аз ин созро ҷоиз медонанд, заиф аст, бинобар ин, ҳамон тавр ки шуморе аз фақеҳон фатво додаанд, ҷоиз будани истифода аз ин соз, машрут ба мутриб набудани он аст.

Зиёфат додан

  1. Паёмбари Худо (с): Зиёфат додан, фақат дар панҷ маврид аст: дар урс, хурс, изор, викоз ва рикоз. Урс: ҳангоми издивоҷ аст. Хурс: замони таваллуди фарзанд. Изор: ҳангоми хатна кардан. Викоз: замони хариди хона. Рикоз: замони баргаштан аз Макка (Ҳаҷ).

5.Имом Алӣ (а): Паёмбари Худо (с) ба касе ки издивоҷ карда буд, фармуд: Зиёфат бидеҳ, гарчи бо қурбонӣ кардани як гўсфанд бошад.

6.Ал-маросил ба нақл аз Ҳакам ибни Утайба: Паёмбар (с) Билол (р)-ро назди хонаводае аз ансор фиристод то аз эшон хостгорӣ кунад. Онон гуфтанд: Бардаи ҳабашӣ! Билол (р) гуфт: Агар Паёмбар (с) маро нафармуда буд, ки назди шумо биёям, ҳаргиз намеомадам!

Гуфтанд: Паёмбар (с) ба ту фармуд?

Гуфт: Оре.

Гуфтанд: Пас, ҳамсардор шудӣ.

Билол (р) назди Паёмбар (с) омаду моҷароро барои эшон гуфт. Пас, қитъаи заре барои Паёмбар (с) оварда шуд. Паёмбар (с) онро ба Билол доду фармуд: Инро ба унвони маҳрия ба ҳамсарат бидеҳ.

Ва ба ёронаш фармуд: Дар зиёфат додани бародаратон ҷамъ шавед.

Share



Назари худро бинависед