Таҳқиқе дар бораи маҳр-ус-суннат

66

4344

Маҳри муҳаммадӣ

Олимон бар онанд, ки марду зан метавонанд дар маҳрияи издивоҷ, бар ҳар маблағи дилхоҳе тавофуқ кунанд. Ин миқдор маҳдудияте надорад, вале бояд арзиши молӣ ё хадамотӣ дошат бошад. Дар канори ин ҷивози шаръӣ, ҳукми ахлоқӣ, истеҳбобӣ ва муаккади Ислом он аст, ки маҳрия (садоқ), то ҷои мумкин кам бошад, ба гунае ки издивоҷро осон намояд ва маҳрро, ки нишонаи сидқу вафодории мард ба паймони муқаддаси издивоҷ аст, табдил ба василаи фахрфурўшӣ ё пойбанд кардани маҷбурӣ ба идомаи зиндагӣ ва издивоҷ насозад.

Бинобар ин, пешвоёни дин, васиятҳои мукарраре намудаанд, ки мардону занон ба ҳамон маҳре ризоят диҳанд, ки Паёмбари Худо (с) ба унвони беҳтарин усваю сармашқи қобили пайравӣ, онро барои ҳамсарону духтарони худ қарор медод. Имомон пайравони худро аз таъйин кардани маҳрияе беш аз ин миқдор, наҳй кардаанд. Ин наҳй, ҳарчанд бар ҳурмат далолат надорад, аммо кароҳати онро исбот мекунад.

Собит будани миқдори «маҳр-ус-суннат»

Ривоятҳои зиёде маҳрияи издивоҷҳои Паёмбар (с)-ро ба унвони суннати ниҳодашудаи эшон дар заминаи издивоҷ, зикр кардаанд. Хушбахтона ин ривоятҳо миқдори собиту муайянеро барои маҳрия зикр кардаанд ва фақат ду ривоят бо анбўҳи нақлҳо фарқ дорад. Нақлҳои мутавотир, маҳрияи занону духтарони Паёмбар (с) ва низ духтарони аҳли байти ўро «дувоздаҳу ним авқияи нуқра» баробар бо «панҷсад дирҳам» донистааст ва фақат ду нақл, маҳрияи яке аз занони Паёмбар (с) ба номи Умми Ҳабибаро беш аз ин миқдор, яъне чаҳор ҳазор дирҳам, донистаанд. Аммо Имом Боқир (а) инро як истисно донистааст, ки ба хости Паёмбар (с) набудааст, балки имзо ва тақрири коре будааст, ки Наҷҷошӣ, ҳокими Ҳабаша кардааст. Ў, ки вакили Паёмбар (с) дар хостгорӣ ва ақди Умми Ҳабиба (аз занони ҳиҷрат карда ба Ҳабаша) будааст, маҳри чаҳор ҳазор дирҳамӣ барои ў таъйин мекунад ва онро аз ҷониби худ мепардозад ва Паёмбар (с) ҳам дигар сухан ва эътирозе бар забон намеоваранд.

Муодили нақдии маҳр-ус-суннат

Ривоятҳои бисёре маҳр-ус-суннатро баробар бо 12.5 авқия донистаанд. Авқия воҳиде барои доду ситади арабҳо дар садри Ислом ва пеш аз он будаааст ва як авқия баробар бо чиҳил дирҳами он рўзгор будааст. Дирҳам низ дар рўзгори қадим воҳиде барои доду ситад ва низ вазн кардани нуқра ва бархе доруҳо ва чизҳои қиматбаҳо будааст. Миқдори дирҳам дар тўли замон дастхуши тағйиру таҳаввул будааст, аммо пас аз табдил шудани он ба сиккаи роиҷи ҳукумати исломӣ дар рўзгори умавиён, то чандин қарн, миқдори он фарқ накард ва Имом Боқир (а) ва Имом Содиқ (а) дар баробари пурсиши ровиён, баробарии ҳар авқия бо чиҳил дирҳамро бо ҳамон дирҳами роиҷи умавӣ дар замони худ, эълом медоранд. Хушбахтона вазни ин дирҳам муайян аст ва ҳудуди се грамм нуқраи холис аст.[1]

Бинобар ин, маҳр-ус-суннат ҳудуди ҳазору панҷсад гирамм нуқраи холис мешавад, ки арзиши нақдии он дар замони нигориши ин китоб (Сентябри 2008), ҳудуди шашсад доллари Амрико аст ва ҳамон гуна ки мулоҳиза мешавад, маҳри бисёр сабуке аст ва табъан пардохти он низ осон аст.

Миқдори воқеии маҳр-ус-суннат

Баъзеҳо бар ин эътиқод ҳастанд, ки «қудрати харид»-и панҷсад дирҳам нуқра дар садри Ислом, басе бештар аз акнун будааст ва аз ин рў, бояд онро бо чанд колои боарзиши дигар санҷид ва сипас он қудрати харидро ба баҳои пули роиҷи имрўз муҳосиба кард.

Бархе фақеҳони гузашта низ бар ҳамин асос, маҳрияро панҷсад дирҳам ё панҷоҳ динор (яъне панҷоҳ мисқол тиллои холис) донистаанд, зеро дар рўзгори онон ҳар даҳ дирҳам баробар бо як динор будааст. Натиҷаи ин сухан, шиновар будани маҳр-ус-суннат аст, ҳарчанд зиёд будани онро натиҷа намедиҳад, зеро панҷоҳ динор, ҳамон панҷоҳ мисқоли шаръии тилло аст, ки маблағи он дар рўзгори кунунӣ ба панҷ ҳазор доллар ҳам намерасад, зеро ҳар мисқоли шаръӣ, баробар бо 4/265 грамм аст ва ҳар гирамм тиллои холис, ҳудуди бист доллар аст.

Гуфтанӣ аст тибқи бархе ривоятҳо, дар рўзгори Паёмбар (с), арзиши нуқра дар баробари тилло афзоиш дошта ва ҳар ҳафт ё ҳашт дирҳам (нуқра) бо як динор (тилло) муовиза мешудааст ва бар ин асос низ панҷсад дирҳам, баробари ҳафтод динор, яъне ҳафтод мисқоли шаръии тилло ва муодили ҳудуди ҳафтҳазор доллари имрўз мегардад.

Шеваи дигари муҳосибаи мизони «қудрати харид»-и маҳр-ус-суннат, диққат дар ҷузъиёти ривояти издивоҷи Имом Алӣ (а) ва Фотима (а) ва харидҳои анҷом шуда бо маблағи мавриди баҳс (маҳр-ус-суннат) аст. Бар тибқи бисёре аз ривоятҳо, Имом Алӣ (а) бо фурўши зиреҳи худ (ва тибқи бархе ривоятҳо, бо фурўши зиреҳ ва бурди ямонии худ), ҳудуди чорсаду ҳафтод дирҳам ё андаке бештар ва камтар, фароҳам намуд ва он маблағро ба Паёмбар (с) супурд. Паёмбари Худо (с) бо он пул васоили бисёр соддаи як зиндагии муштарак ва ҳадди ақалли лавозимро таҳия намуд. Хушбахтона сиёҳаи бахше аз ин васоил ва баҳои онҳо мавҷуд[2] аст ва нишон аз соддагӣ ва арзонии ин ҷаҳизия дорад. Бинобар ин ҳам, бояд гуфт, ки маҳр-ус-суннат, маблағи на чандон зиёд аст, ки бо он фақат метавон асосияи зарурӣ, содда ва аввалияи як хонаи кўчакро танҳия намуд.

Ҳадяи издивоҷ

Андак будани маҳр-ус-суннат ва таъкиди пешвоёни дин бар осонгирӣ дар таъйини маҳрия, умдатан ба хотири рафъи монеъҳои издивоҷ ва тарғиб ба эҷоди робитаи заношўӣ миёни ҷавонони уммати исломӣ аст, аммо ин ба ҳеҷ рўй, ба маънои нописанд будани табодули ҳадя миёни ду ҳамсар ё хонаводаҳои онҳо нест. Ҳар як аз ду сўи робита ё хешовандони онҳо метавонанд барои бештар маҳкамтар шудани издивоҷ, ҳадяҳои арзон ё гаронбаҳое, ба тарафи дигар бидиҳанд.

Пешвоёни динии мо, дар канори амал ба суннати набавӣ дар маҳр ва таъкид бар фаротар нарафтан аз он, гоҳе ҳадяҳои пурарзишеро ба ҳамсарони худ бахшидаанд ва номи онро на маҳр, балки «неҳла» (ҳадя) ниҳодаанд.[3] Онон гоҳе ҳадяҳое ба сурати киштзор, боғ ва ғайраро ба оилаҳои наврўзғор мебахшиданд ва қасдашон бениёз кардани онон аз такя бар дигарон буд.[4] Албатта аз ин намунаҳо дар гузориши таърих зиёд нест, ба гунае ки метавон ҳар якро махсуси ҳолати хос ва баромада аз фазо ва мавқеияти хосси он издивоҷ донист ва ҷолиби таваҷҷўҳ он ки дар ҳеҷ як аз ин гузоришҳо, сухане аз дархости қаблии духтар ё хонаводаи ў ба миён наёмадааст ва иртиботе бо маҳр (садоқ) надорад.

Ба таври куллӣ, ривоятҳои фаровон дар сар то сари китобҳои ҳадисӣ ва фиқҳӣ, шакке бар ҷой намениҳад, ки маҳри андак ва сабук, писандида ва мавриди суфориши Ислом аст, вале ин монеъ аз он нест, ки мусулмонон барои устувор кардани пайванди издивоҷ, ҳадяҳоеро ба ҳамсарони худ ё ба дигар наздиконе, ки нав издивоҷ кардаанд, нисор кунанд.

Ба сухани дигар, маҳр ва таъйини миқдори он, пеш аз издивоҷ аст ва бинобар ин, бояд онро андак ва осон гирифт, то издивоҷ равнақ гирад ва неҳла (бахшиш ё ҳадя), марбут ба пас аз ақди издивоҷ ё пеш аз барқарории зиндагии муштарак аст, то дили ҳамсарон ба ҳам наздиктар гардад ва пайванди навраста, қувват ёбад.

[1] Ба таври дақиқтар, вазни ҳар дирҳам, баробар бо 2/985 грамм аст.

[2] Паёмбар (с) фармон дод, ки бо он пул, либос ва асбоби хона бихаранд ва аз ҷумлаи харидҳо, пероҳан, рўсарӣ (ирепча), ҳавла (сачоқ), тушак (кўрпа), ҳасир (шол), осиёби дастӣ ва чизҳое аз ин қабил буд.

[3] Дар ривояти издивоҷи Имом Ҷавод (а) бо духтари Маъмун омадааст, ки эшон маҳрро ҳамон маҳр-ус-суннат қарор дод ва садҳазор дирҳам низ ба унвони неҳла ба ҳамсараш бахшид. (Ал-фақеҳ, ҷ. 3, саҳ. 398).

[4] Имом Ҳусайн (а) пас аз радди хостгории Язид аз Умми Кулсум, духтари Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар, ўро ба ақди никоҳи писари амакаш, Қосим ибни Муҳаммад ибни Ҷаъфар даровард ва барои муқобила бо пешниҳоди эътои кўмаки молии Язид ба ин оила, Имом Ҳусайн (а) киштзори ҳосилхези худро, ки дар водии Ақиқ буд, ба он ду бахшид. (Таърихи Димишқ, ҷ. 57, саҳ. 245).

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.