Thursday 21st September 2017
  • #
  • #
  • #
  • #

Чанд нукта дар ҳамсар дории муваффақ

MediaHandler.ashxЗанон, санги сабурҳои хубе барои мардон ҳастанд ва ба хубӣ ва бо алоқа достони зиндагии мардро гӯш мекунанд ва комилан мардро дарк менамояд.
Дар як намоишнома англисӣ гуфта мешавад «то метавони аз бадбахтӣҳои даврони кӯдакият барои ҳамсарт таъриф кун инкор таъсири амиқе рӯй онҳо мегузорд».
Барои доштани зиндагии муваффақ, зану мард бояд ниёзҳои якдигарро шинохта ва дар ҷиҳати бар тараф намудани он бикушанд дар зайл ба баъзе аз онҳо ишора мешавад:
1- Зан ба таваҷҷӯҳ ва мард ба эътимод ниёз дорад.
Вақте мард ба ҳамсараш таваҷҷӯҳ нишон дода ва самимона дар роҳи хушбахтии ӯ мекӯшад, зан эҳсос мекунад касе ӯро дӯст дорад ва барояш аҳамият қоил аст ва ҳангоме, ки рафтори зан бо мард содиқона ва бо пазириш бошад мард эҳсоси итминон ва эътимод мекунад.
2- Зан ба дарк ва мард ба пазириш эҳтиёҷ дорад.
Вақте мард бо ҳавсала ва ҳамдили ба сӯҳбатҳои ҳамсараш гӯш мекунад, зан эҳсос мекунад, ки ҳамсараш ӯро дарк кардааст. Вақте зане бо меҳрубони мардеро бипазиред ва рафтори ӯро тағйир диҳад мард эҳсоси пазириш ва тавонои мекунад ва эҳсос мекунад мавриди таъйид аст.
3- Зан ба эҳтиром ва мард ба қадрдони ниёз дорад.
Вақте рафтори марде бо ҳамсараш тавре аст, ки ҳуқуқ ва хостаҳои ӯ дар назар гирифта мешавад, ва тасдиқ мешавад, зан эҳсоси эҳтиром ва шахсият мекунад. Вақте зан кӯшиш ва талоши мардро тасдиқ кард, мард эҳсос мекунад, ки мавриди қадрдони қарор гирифта ва ангезааш барои эҳтиром ба зан бештар мешавад.
4- Зан ба самимият ва мард ба таҳсин ниёз дорад.
Вақте марде ба хостаҳои ҳамсараш аҳамият дод, худро мутааҳҳид месозад, ки бо самимият онро бароварда созад ва бад-ин тартиб чаҳорумин ниёзи занро бар тараф мекунад. Мард низ замоне, ки эҳсос кард мавриди таҳсин ва қадрдонии зан қарор гирифта ва ҳамсараш содиқона аз истеъдодҳо, ахлоқу рафтор, қудрат ва садоқат вай таъриф мекунад изҳори ризоят менамояд.
  5- Зан ба эътибор ва мард ба таъйид ниёз дорад.
Вақте марде бо эҳсосот ва хостаҳои ҳамсараш мухолифат накарда ва онро таъйид намуд, зан эҳсос мекунад, мӯътабар аст.
Вақте зане, мардеро таъйид мекунад, нишон медиҳад, ки ба қобилиятҳо ва тавоноиҳои ӯ итминон дорад. Бинобарин ниёзи мард ба таъйидро бартараф мекунад.
6- Зан ба итминони хотир ва мард ба ташвиқ ниёз дорад.
Вақте марде чанд маротиба нишон медиҳад, ки ба ҳамсараш алоқаманд аст ва ӯро дӯст дорад ва барои вай фидокорӣ мекунад ва ӯро содиқона мепазирад ва зан итминони хотир пайдо мекунад, назари ташвиқомези зан ва ибрози эътимод ба ҳамсараш низ ба вай тавоноӣ ва умед медиҳад. Қадршиносӣ ва ташвиқи зан сабаб мешавад, ки мард ниёзҳои ҳамсаршро беҳтар бароварда кунад.

Share



Назари худро бинависед