Хуроки падару модар

108

Таъсири таоми зоу (зане ки тоза тавалуд карда) дар навзод

Имом Алӣ (а): Паёмбари Худо (с) фармуд: «Рутаб бояд нахустин чизе бошад, ки зоу мехӯрад, зеро Худованди Мутаол ба Марям (а) пас аз таваллуди Масеҳ (а) фармуд: “Ва танаи дарахти хурморо ба сӯи худ такон деҳ, бар ту хурмои тоза фурӯ мерезад”».[1]

Гуфта шуд: Эй Паёмбари Худо! Агар вақти рутаб набошад чӣ?

Фармуд: «Ҳафт хурмо аз хурмои Мадина. Агар набуд, ҳафт хурмо аз хурмои шаҳрҳоятон, зеро Худованди азза ва ҷалла мефармояд: “Ба иззату ҷалол ва азамату вилои ҷойгоҳам қасам, зоу рўзи зоймон рутаб намехўрад, магар ин ки фарзанди ў хоҳ писар бошад хоҳ духтар, бурдбор хоҳад шуд”».

Имом Алӣ (а): Беҳтарин хурмои шумо барнӣ[2] аст. Аз он ба занон дар даврони нифосашон бидиҳед, то фарзандонатон ҳаким шаванд.

Имом Содиқ (а): Ба занонатон дар даврони нифосашон барнӣ диҳед, то фарзандонатон бурдбор гарданд.

[1] Марям/25.

[2] Муарраби «барник», навъе аз беҳтарин анвои хурмо.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.