Ширкат аз назари Ислом

233

Ширкат аз назари Ислом

Ширкат[1], ҳамкории ҷомеа дар як кори иқтисодӣ ё бо қарордод ва эътибор байни ду ё чанд нафар аст ва ё аз рӯи таквин ва ғайри ихтиёрӣ (зиндагӣ дар иҷтимоъ лозимааш широкат дар баъзе аз чизҳо байни инсонҳост, мисли нафас кашидан аз ҳаво, инстифода аз обҳо, чоҳҳо ва…).

Бар ин асос, аввалиро ширкати ақдӣ ва дуюмро қаҳрӣ (табиӣ-беихтиёр) номидаанд.

Ширкати ақдӣ ва тақсимоти он:

Ширкати Инон[2], ширкати Абдон[3], ширкати Вуҷуҳ[4], ширкати Муфоваза[5], ки албатта дар назари фақиҳон ва олимони шариат, широкат дар ҳамаи мавридҳо ботил ва носаҳеҳ аст, магар дар қисми аввал, яъне ширкати Инон.

Фалсафа ва далели ин ки фақат қисми аввал саҳеҳ аст, ин аст, ки дар қисми аввал навъе афзоиши сармоя дар асари ҳамкорӣ аст. Бо зиёд шудани сармояи корӣ, тавоноиҳои кории он гуруҳ зиёд мешавад. Коре, ки аз сарвати мутамаркиз ва собит пайдо мешавад, аз сармояи кам ва як як ҳосил намегардад, балки бо сармояи зиёде, ки дар ин гуна ширкат ҷамъ мешавад, метавон корро зиёд ва чандин баробар кард.

Аммо қисмҳои дигар, навъе аз қиморанд, ки дар шариат ботил ва ҳаром аст. Агар дар инҷо гуфта шавад, ки ин навъ ширкатҳо навъе бима аст, навъе эътимод ва итминон, ки аз назари ақлӣ  ҳам собит аст. Посух ин аст, ки Бима[6] барои ҳифзу нигоҳдории айни ҷинс аст ва дар фаолият таъсире надорад, аммо ширкат дар Абдон аз фаолият пешгирӣ мекунад. Ҳар миқдоре, ки даромади инсон ба худаш бирасад, сабаби фаолияти зиёдтари ӯ мегардад. Ба ҳамин сабаб мегӯянд робитаи кор ва сарват бояд ҳифз шавад. Мегӯем ширакати Абдон ва Вуҷуҳ ва Муфоваза ин робита-ҳоро аз байн мебарад. Айби дигари ин сухан дар ин аст, ки руҳи инсонро муттакӣ ва вобаста мегар-донад. Аммо бимаи айн, ҳеҷ як аз ин ду айбро надорад, инсонро иттиколӣ намекунад ва робитаи кор бо сарватро ҳам аз байн намебарад. Ин дуруст аст, ки сарват ва баҳое, ки моҳона дода аст ва дар баробари он аз Бима маҳсул ва хадомотеро мегирад (шахсе, ки бима аст? вақте беморӣ, тасодуф ва ҳатто бо марг рӯбарӯ гардад? аз ширкати Бима ҳаққе дарёфт мекунад), ин дастранҷи кори худаш нест, аммо чун моҳона пуле додааст? ин маблағро дарёфт мекунад ва мисли ҳамон коре аст, ки дар баробари молаш мегирад. Агар бимаро ақлонӣ донистем, бо ин  масъала фарқияти зиёд дорад. Пас шариати Ислом ширкат дар амалро ҷоиз намедонад.

Миллӣ ва умумӣ шудани сармояҳо роҳро барои касоне, ки мехоҳанд истифодаи шахсӣ кунанд мебандад ва намегузорад даромадҳои ғайри шаръӣ дошта бошанд.  Назарияи Кор ба қадри истеъдоду тавоноӣ, харҷ дар ҳадди ниёз ва ба дигар иборат Иштирок дар кор роҳи даромад ва кори ҳалолро мебандад ва монеа эҷод мекунад.

Ҳар чизе, ки сабаб шавад омили мавриди истифода, ҳамчун замин рокид ва бекор шавад ё худи омили истифода кунанда (инсон) бекора гардад, қабул нест ва широкат дар кор, натиҷааш ин гунааст.

[1] Ҳамкорӣ аз назари молӣ, корӣ, фоида ва… .

[2] Ширкати Инон; дар арабӣ бо Ъ аввал, рӯи  ҳам мондани пулҳои чанд нафар ва анҷоми коре бо қарордод ва тавоффуқ (тиҷорати дастаҷамъӣ).

[3] Ширкати Абдон; қарордоди чанд нафар барои шарик шудан рӯи касбе, ки ҳар кадом ба даст меоваранд (шарик дар фоидаи ҳамдигар).

[4] Ширкати Вуҷуҳ; як ё чанд нафар бо эътиборе, ки доранд аз бозор чизеро нисияӣ мехаранд ва баъд аз фурӯши он, дар судаш шарик мешаванд (яке бо эътибораш нисияӣ харид мекунад ва дигарӣ онро мефурӯшад ва ҳардуи онҳо дар фоида шарик мешаванд).

[5] Ширкати Муфоваза; қарордоди чанд нафар, дар ин ки ҳаркас молики чизе шуд бо дигарон шарик бошад.

[6] Бима; ширкате аст, ки аз аъзои худ маблағеро дар вақтҳои муайяншуда дарёфт мекунад ва дар ҳодисаҳое, ки аъзо зарар мебинанд аз тарафи Бима бо ниёзои заруриаш таъмин мегарданд. Масалан як нафар агар хона, мошин, корхона ва ҳатто бадани худро Бима кунад, агар он ҷисм аз байн биравад, ширкати Бима маблағи муайянеро ба соҳибаш медиҳад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.